Як гурӯҳ ҷавонони деҳаи Курговади Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз ҳангоми тахту ҳамвор кардан ва ободонии як маҳаллаи деҳа кӯзаи сангинро пайдо карданд.
Ҷавонони деҳаи Курговад дар пайравӣ ба амалҳои созандаву тавсияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба роҳ мондани корҳо ба хотири рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сабзазоркунӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар рафти иҷрои ин гуна корҳо онҳо дар маҳаллаи Моҳрави деҳаи Курговад асбоби хеле қадимаи аҷиберо пайдо карданд. Ба гуфтаи собиқ омӯзгор Хайрулло Абдуллоев, ҷавонони деҳа ҳангоми тахту ҳамвор кардани ҳавлии сокини маҳалла Қиматшоҳ Гадоев аз зери хоктӯда кӯзаи калони сангинеро пайдо карданд. Дар болои кӯза асбоби сангини дигаре низ тарошида шудааст. Тахмин меравад, ки дар ин кӯза бонувони замони қадим бо чархагардонӣ равғану дӯғ ба даст меоварданд. Вазни кӯзаи сангин зиёда аз 150 килограмм буда, ғунҷоиши об дар он бештар аз сад литрро ташкил медиҳад. Тайи солҳои зиёд дар ин деҳа ва, умуман, дар Дарвози бостонӣ садҳо нигораву асбобу анҷомҳои қадима, аз ҷумла кӯзаҳои гилин пайдо гаштаанд, аммо дарёфти кӯзаи сангин аз нодиртарин бозёфт маҳсуб мегардад.
Акнун ба кадом аср тааллуқ доштани ин кӯзаи сангин, ёдгории нодири ниёконро археологҳо ва бостоншиносон муайян хоҳанд кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор