Агар кӯшиши вазъи бисёр ҳам ташвишовари театр ва драматургияи миллиро тағйир доданӣ шавем, бояд аз ду роҳи муҳим кор бигирем: яке маърифат ва масъулияти кормандони театрро боло барем, дигар нақди театрӣ ва ҳамвора драматургияро дубора эҳё намоем. Ҳайати эҷодӣ ва техникии театрро танҳо дар донишкадаи алоҳида ва махсусгардондашуда метавон тарбият намуд. Вобаста ба масъалаи эҳёи нақд бояд зарурати онро низ сарфи назар насозем. Аз лиҳози назариявӣ, албатта, зарур аст, аммо дар амал мо эҳтиёҷеро ба мунаққидони соҳа намебинем. Тули зиёда аз сӣ соли истиқлоли давлатӣ кӯшише ҳам ҷиҳати тарбияи чунин мутахассисон нашуд. Дар ин муддат масъалаҳои зиёди эҷодӣ ва ташкилие ҷамъ шудаанд, ки таҳлил, таҳқиқ ва хулосабарориву пешниҳоди мушаххасро баҳри рафъи вазъи баамаломада интизоранд.
Дар тамоми дунё гирди як эҷодкор чандин муҳаққиқ кор мебаранд ва эҷоди ӯро аз паҳлуҳои мухталиф мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Дар мо як ё ду нафар дар бораи даҳҳо нафар, он ҳам дар шакли сарсухан ба маҷмуи асарҳои саҳнавии алоҳидаву дастаҷамъона, мақолаҳои таърифӣ дар шакли портретҳои эҷодӣ бахшида ба ҷашни драматургону хулосаи озмуну ҷашнвораҳои ҳунарӣ.
Чуноне ки драматургия шакли алоҳидаи тафаккури бадеӣ аст, нақд низ фаъолияти махсуси илмӣ ва эҷодист. Барои рушди он истеъдодҳои воқеиро дарёфту тарбият намудан ва барои фаъолияти эҷодиашон замина фароҳам овардан лозим аст. Мутаассифона, мо нақдро ба пуле миёни муаллифу театр ва саҳнаву тамошогар табдил дода натавонистем. Пас, муҳимтарин мушкилоти драматургия ва театри мо ҳамин набудани нақди солим ва созанда мебошад.
Яке аз масъалаҳои дигар ин аст, ки мо драматургияро ба як муҳити маҳдуди адабӣ табдил додаем. Тақрибан дар 20 соли охир ба он адиби наве кӯшиши ворид шудан ҳам накардааст. Вале, онҳое низ, ки вориди ин майдон ҳастанд, худро дар адабиёт ва ҳунар шахси нодаркор меҳисобанд. Чаро ин тавр шуд? Чунки, дар маҷмуъ, худи театр мавқеашро дар ҷомеаи имрӯза аз даст дод. Албатта, он роҳҳои баромадан аз вазъи кунуниро ҷустуҷӯ дорад, вале воқеият ин аст, ки то ба ҳол рисолати дар наздаш гузоштаро дуруст иҷро карда наметавонад. Механизме, ки дар давраи шуравӣ кор мекард, аз байн рафт. Арзишҳои маънавӣ дигар шуданду вазифаҳои драматургия ва театр низ тағйир хӯрданд. Бояд ин нуктаро низ ба инобат бигирем, ки сохтори театри барномавӣ ба деформатсияи шадид гирифтор шудааст. Асоси театри моро сегонаи муаллиф, коргардон ва бозигар ташкил медод, мо онро аз байн бурдем. Мутаассифона, коргардонҳои мо эгосентрист шудаанд, онҳо фикр мекунанд, ки дар театр шахси асосӣ онҳоянд. Драматург, давраи таҳти таҳқиқи бадеӣ қарордодаи ӯ, андешаҳояш ва, билохира, дардаш ҳам барои коргардонҳо муҳим нест. Коргардони тоҷик аз булдозеристе, ки бераҳмона бинои муҳташамеро ба хок яксон менамояд, фарқе надорад. Онҳо кохи бо меҳр сохтаи драматургро дар як он ба ғарами партоб табдил медиҳанд. Дар ин ҳол на нишоне аз услуби фардии муаллиф мемонаду на мақсади барои он офарида шуданаш. Шаклгароӣ барои коргардонҳои мо муҳимтар аз мавзуъ ва муҳтаво гардидааст.
Театр осорхона нест, театр озмоишгоҳест, ки дар он руҳи инсон ва набзи замон таҳқиқ мешавад. Драматургияи мо бошад, дастовардҳои замони шуравиашро аз даст дода, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шуда натавонист. Баъзе насимҳои драматургияи муосир то ба мо ҳам расиданд, вале фикр мекунам, ки муваққатӣ хоҳанд буд. Онҳо дар маҷмуъ, натавонистанд театри моро тағйир бидиҳанд.
Дар бораи муосиронамон асари саҳнавӣ қариб ки нест. Офаридани асар дар бораи муосирон на мушкилоти иҷтимоиро рӯйи саҳна баровардан, балки омезиши воқеият ва бадеиятро тақозо менамояд. Барои инро амалӣ кардан, пеш аз ҳама, истеъдод лозим аст. Мо, дар алоҳидагӣ, истеъдодҳои хуб дорем, вале дар сайқал додани малакаву маҳорати эҷодии онҳо ва ҷалби ин неруи қавӣ барои иҷрои корҳои арзишманд механизми дурустеро ба кор надаровардем. Нашрияҳои Иттифоқи нависандагон асарҳои саҳнавиро ё, умуман, нашр наменамоянд, ё аҳён-аҳён. Нақди драматургия аз куҷо пайдо шавад. Дар натиҷа хонанда дар бораи равандҳое, ки дар ин ҷинси адабӣ ба амал меоянд, маълумоти пурра надорад. Пас, ҷойи тааҷҷуб ҳам нест, ки ҳар кас бо табъи худ ва барои худ асар меофарад. Мо дар бораи офаридаҳои драматургоне, ки дар музофот барои театрҳои маҳаллии худ чун драматургони марказӣ асарҳои фармоишӣ меофаранд, қариб ки чизе намедонем. Кинодраматургия ва либреттои барои операву балетҳо офаридашуда, умуман, мавриди таҳқиқ қарор нагирифтаанд.
Ба драматургон ва мунаққидони соҳа озодӣ расад ҳам, ҷуръат ва ҳисси масъулият намерасад. Яке аз вазифаи асосии мо дар ин давра нигоҳ доштани дастовардҳои драматургияи замони пеш мебошад. Намояндагони воқеии он хеле кам мондаанд. Набояд фаромӯш сохт, ки маънии аслии драматургия, ки инсонсозӣ аст, оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Пеши роҳи ин раванди номатлубро гирифтан маҳз вазифаи нақд аст. Жанру услубҳо метавонанд мухталиф бошанд, вале муҳим он ки дар асари саҳнавӣ мо бо инсони воқеӣ рӯ ба рӯ шавем. Суолҳои ҳамзамони мо кист ва он чӣ мехоҳаду дар раванди тағйир додани худу ҷомеа чӣ коре карда метавонад, бояд дар маркази асарҳои драмавӣ қарор бигиранд. Дар ин ҷода роҳнамои ягона ва муътамади онҳо маҳз мунаққидони кордон хоҳанд буд.
Ба ҳама маълум аст, ки асоси драмаро амал ташкил медиҳад, таҳрикдиҳандаи амал бошад, низоъ аст. Дар раванди умумитеатрии мо, ки драматургия низ, ҷузъи он аст, ягона неруе, ки метавонад ҷонибҳоро ба муколама даъват намояду барои пеш рафтани он шароит фароҳам орад, ҳамин нақд аст.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»