Вақтҳои охир дар ҳар маҷлиси фаъолони вилояти Суғд чун сухан аз ҷараёни кори манфии корхонаҳои азими дорои аҳамияти муҳими иқтисодидошта меравад, дар қатори онҳо аз вазъияти ногувори ҶСК “Ангишт”-и шаҳраки Шӯроб ҳам ёдовар мешаванд. Ин беваҷҳ нест, зеро ин кони машҳур чанде пеш босамар фаъолият намуда, корхонаю муассиса ва аҳолии кишвар, хосатан вилояти Суғдро, бо ангишти сифатан аълову нархи дастрас таъмин мекард.
Аммо дар ин ҷо дар ду-се соли охир аз вазъи ногувори истеҳсолӣ ҳарф мезананд, ки мувофиқи мақсад нест. Бо пеш овардани ҳар гуна баҳона аз тарафи роҳбарияти корхона, мисли таҷҳизот куҳнаву фарсуда шудааст, технологияи нав даркор ва ғайра, корхона сол ба сол мавқеи устувори худро аз лиҳози истихроҷи ангишт дар соҳаи саноат аз даст дода, имрӯз, воқеан ҳам, дар як ҳолати ногувор қарор дорад.
Мутахассисони варзида тарки кор карда, барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд. Иваз кардани роҳбарияти корхона ҳам дар кон як таконе намебахшад. Тадбирҳои роҳандозишуда муассир нестанд. Ҳамин аст, ки ҳоло истихроҷи ангишт аз 30-40 ҳазор тоннаи солҳои охир то ба 3-4 ҳазор тонна поин фаромадааст.
Дар ҷаласаи ҷамъбастии вилояти Суғд, ки моҳи январи соли ҷорӣ бо иштироки Сулаймон Зиёзода, муовини Сарвазири мамлакат, баргузор шуд, вазъи ногувори имрӯзаи ин корхонаи маъруф низ баррасӣ гардид. Ҳарчанд сарвари корхона дар бораи роҳҳои ислоҳи камбудиҳо фикру мулоҳиза ва таклифҳои худро баён карда бошад ҳам, вале ба роҳбарияти вилоят ва ҷумҳурӣ эътимод бахшида натавонист.
Чуноне ки гуфтаанд: “Шунидан кай бувад монанди дидан”. Бинобар ин, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо фаъолияти ин корхона мо роҳ гирифтем ба самти шаҳраки Шӯроб. Воқеан ҳам, ҳангоми ворид шудан ба корхона он ҷӯшу хурӯши корро, ки чанд сол қабл ин ҷо мушоҳида карда будам, ба назар намерасид. Дар роҳҳое, ки ба самти корхона мебаранд, ягон мошини пур аз ангиштро дучор наомадем. Панҷ-даҳ сол қабл дар ҳар 2-3 дақиқа қатори мошинҳои пур аз ангишт ба самти шаҳру навоҳии вилоят ҳаракат мекарданд. Ҳамин коҳишёбии истихроҷи ангишт аст, ки иқтисодиёти корхона заиф гашта, дар шаҳраки як замон зебову дилпазир он иқдомҳои ободкориву созандагии қаблӣ нест ва ё кам ба назар мерасанд.
Ҳамидулло Зокиров, сармуҳандиси корхона, бо эътирофи он, ки солҳои охир истихроҷи ангишт хеле коҳиш ёфтааст, иброз медорад, ки бо таъмири ҷории корхонаву дастгоҳҳо, албатта, марҳала ба марҳала истеҳсоли ангишт ин ҷо боз меафзояд. Баъд аз бозистии муваққатӣ, ҳоло корхона рӯз ба рӯз бештар маҳсулот тавлид мекунад ва натиҷаи моҳи аввали соли равон умед мебахшад, ки имсол кор муваффақона хоҳад буд. Ҳамзамон, мавсуф меафзояд, ки фарсудашавии таҷҳизот, куҳнашавии конҳо, албатта, ба истеҳсолот таъсири манфӣ мерасонад, аммо роҳбарияти ҶСК “Ангишт” талош дорад, ки бо ҷалби сармоягузорон ба ворид кардани хатҳои нави технологӣ муваффақ шавад ва дар ин замина бо яке аз ширкатҳои машҳури кишвари Чин гуфтушунид дорад. Вазъи корхона дар мадди назари Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, интизор меравад, ки ҷиҳати фаъол кардани он мутобиқ ба талаботу дастуру супоришҳои Сардори давлат тадбирҳои муассир роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Талаботи бозор тақозо мекунад, ки ҶСК “Ангишт” бояд бо иқтидори қаблии лоиҳавӣ фаъолият дошта, ҳарчи бештар ангишт истихроҷ кунад.
Бино ба маълумоти геологии даврони шуравӣ, захираи ангишт дар ин ҷо беш аз 300 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
– Роҳи ягона ва дурусти эҳёи пурраи кони ангишт, албатта, ҷалби сармояи хориҷист. Ҳамзамон, бояд фурӯши маҳаллии ангиштро дар ҳамаи манотиқи вилояту ҷумҳурӣ беҳтар кард. Сифати ангишти Шӯроб баланд буда, хусусан, корхонаҳои саноатӣ ба он ниёзи зиёд доранд, – гуфт Азимбой Азизов, собиқ директори корхона.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат оид ба пешгирӣ кардани раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои азими саноатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки ин ба ҶСК “Ангишт” низ тааллуқ дорад. Аз ин рӯ, роҳбарияти ҶСК “Ангишт” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро зарур аст, ки барои фаъолияти муътадили ин корхона тадбирҳои мушаххасу муассир андешанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”