Дар бунёд ва ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат саҳми соҳибкорони кишвар назаррас аст. Дар ин бора муовини аввали раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” ибрози назар кард.
Номбурда гуфт, ки дар Паёми нави Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ ба рушди соҳаи саноат ва дастгирии соҳибкорон таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд: “Рушди саноат ва инноватсия яке аз омилҳои муҳимтарини баландбардории сатҳи некуаҳволии мардум ба ҳисоб рафта, бояд таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ намудани маҳсулот бештар ҷалб карда шавад».
Бо ҳидоятҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони ватанӣ дар миқёси ВМКБ ҳам корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳтар гардидани рушди устувори иқтисодиёти вилоят ва таъмини мардум бо ҷойи кори доимӣ нигаронда шудаанд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ду соли охир 101 корхонаи хурду калон ба истифода дода шуд, ки аз ин шумора 24-тоаш корхонаи саноатӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, соли сипаришуда соҳаи саноати вилоят ба як қатор дастовардҳо ноил гардид, ки назар ба эътирофи аҳли ҷомеа дар таърихи вилоят бесобиқа арзёбӣ мешавад. Тавре аз лоиҳаву нақшаҳои соли равон бармало мушоҳида мегардад, ин иқдоми нек имсол ҳам идома ёфта, боз 40 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 700 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода мешавад, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорон бориз аст. Ҳамчунин, тибқи нақшаи пешбинишуда, давоми солҳои 2022-2026 боз 92 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ бо таъмини 1378 ҷойи корӣ бунёд мегардад.
Муовини аввали раиси вилоят ба соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти кишвар, изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки дар ин самт корро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар оянда барои таъсис додани корхонаҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар нуқтаҳои дурдасттарини кишвар ҳам чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, бунёди Неругоҳи барқи обии “Себзор”, сохтмони НБО “Чарсем” ва неругоҳҳои барқи бодиву офтобӣ, ки тезондани сохтмону мавриди истифода қарор додани онҳоро Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатӣ ва маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати кишвар дастур доданд, ҷиҳати вусъатбахшии раванди сохтмони корхонаҳои саноатии вилоят мусоидат мекунад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”