Муштзӯре, ки қонун лаҷомашро кашид
Кормандони мақомоти милитсия як сокини пойтахт (ҷавони 19-сола)-ро дастгир намуданд, ки ба содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда ҳанӯз шаби 28 ба 29-уми январи соли равон, дар дили шаб тариқи зӯроварӣ аз дасти ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилиаш (Айфон-11)-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳамчунин, ин ҷавон 17-уми феврал дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ (ҷавони 21-сола) дарафтода ӯро мавриди латукӯб қарор дода, бо таҳдид 5400 сомониашро гирифтааст, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Боздошти қаллобоне, ки пули 40 мошинро обу лой карданд
Ду сокини ноҳияи Варзоб, ки аз онҳо мардони 30 ва 27-сола ном бурда мешавад, барои кирдорҳои қаллобӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2023 дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовари марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 32-адад автомашинаи гуногунтамғаро ба маблағи 13 миллиону 787 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд. Ба ин монанд, моҳи октябри ҳамон сол 7 мошини гуногунтамғаи марбут ба сокини ноҳияи Варзобро ба маблағи 1 миллиону 679 ҳазор сомонӣ гирифта, пулашро то ҳол надодаанд.
Тавре сомонаи ВКД хабар дод, моҳи октябри соли 2023 дастгиршудагон бо ҳамин шева марди 40-солаи сокини пойтахтро низ ба доми фиреби худ кашида, аз ӯ воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес ЧЛС 450”-ро ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, ки аз ин пул ҳам то ҳол дарак нест.
Амак аз дасти бародарзодааш корд хӯрд
Як ноболиғи 17-сола рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе амакаш - марди 33-соларо бо зарби корд захмӣ кардааст.
Марди ҷабрдида, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ аст, зимни муроҷиат ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ арз кардааст, ки бародарзодааш ҳангоми дар хонаи истиқоматӣ қарор доштанаш бе ягон асос дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи корди дар дасташ буда, ба қисмати қафаси синааш як маротиба задааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД, айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»