Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастуру роҳнамоӣ ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат корҳои шоиста анҷом ёфта истодаанд.
Аз ҷумла, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар партави дастури Пешвои миллат дар бораи нашри «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оила тақдим намудани он, ки аз ҷумлаи ибтикороти ватандӯстона ба хотири тақвияти худшиносии миллат мебошад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мақсад дорад гулгашт ва муҷассамаи Абулқосим Фирдавсиро, ки дар даромадгоҳи шарқии шаҳр ҷойгир аст, навсозӣ намояд. Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, сохтмони боғи Абулқосим Фирдавсӣ дар буриши хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳр дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бо тарҳи нав пешбинӣ шуда, ба назар чун асбоби мусиқии тор менамояд. Дар ин бора ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.
Боғ аз майдони пазироӣ оғоз меёбад, меҳмонону истироҳатгарон ба он тавассути дарвозаи муҳташам бо баландии 8 ва дарозии 14 метр, ки бо услуби меъмории миллӣ ва сутунпояҳои бузурги мармарин, нақшу ороиши миллӣ, намои муҷассамаҳои паҳлавонони достонҳои безаволи «Шоҳнома» оро дода мешавад, ворид мегарданд.
Дар болои дарвоза матни “Боғи Абулқосим Фирдавсӣ” бо ҳуруфи тоҷикӣ-кириллӣ ва арабиасоси форсӣ ҳаккокӣ гашта, роҳрави асосии боғ, аз даромадгоҳ то майдон, бо паҳноии 8 метр ба дарозии 75 метр бо сангҳои ороишии ватанӣ гулчинӣ мешавад.
Бунёди майдони даврашакл бо ҳудуди 30 метр ва сутунҳои гаронҳаҷми болордор бо рӯпӯш аз сангҳои мармарин дар назар аст. Муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо баландии 5,5 метр қомат меафрозад. Зерпояи муҷассама 6,2 метр мебошад.
Дар паси муҷассама деворнигораҳо бо баландии аз 2,5 то 3,5 метр бо дарозии 34 метр тул мекашанд ва онҳоро барелеф-нигораҳо аз саҳнаҳои достони «Шоҳнома» ва ашъори шоир зеб медиҳанд. Муҷассамае аз разми Рустам бо Суҳроб, ҳайкали Рахш – аспи Рустам ва чанд аспи ҷангӣ низ гузошта мешаванд.
Атрофи муҷассамаро фаввораҳо бо нишастгоҳҳои чӯбину мармарин ва суҳбаткадаи бузурги мармарин зеб медиҳанд. Дар ин ҷо шоҳномахонӣ сурат мегирад.
Дар лоиҳаи боғ, ҳамчунин, насби чароғпояҳои хурду бузург, сабзкорӣ, шинондани дарахтони ороишии ҳамешасабз, гулҳои мавсимӣ, дар роҳравҳо гузоштани курсиҳои нишаст, қуттиҳои партов, гулдонҳо, сохтани фаввораҳои хурди обнӯшӣ, обпошҳои худкор ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»