Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманд марҳала ба марҳала дар бунёди давлати миллӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон яке аз масъалаҳои меҳвариест, ки доим зери таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар ин росто тамоми тадбирҳои имконпазир андешида шуда, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки зани тоҷик дар баробари дили бузург доштан, басо мушкилнописанд ва шукргузор аст. Дар тамоми давраҳои таърихӣ занони ҷасуру матиниродаи тоҷик дар баъзе ҳолатҳо мустақиман дар ҷангҳо ва баъзан дар ақибгоҳ иштирок намуда, сарзамини аҷдодии худро ҳимоя намудаанд. Аз ҷумла, яке аз номдортарин зани низомӣ дар замони Ҳахоманишиён бону Ортамис буд, ки дар лашкаркашиҳои Хушёршоҳ ба Юнон бевосита ширкат доштааст. Падари таърих Ҳеродот аз далерию шуҷоати занони форс ёдовар шуда, аз забони Хушёршоҳ нақл мекунад, ки: «Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд».
Дар даврони Сосониён низ зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳои болотаре бархӯрдор буд. Ҷуръату ҷасорати занон онҳоро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми баланд карда буд. Дар таърихи миллӣ занонро дар симои шоҳони мамлакат ҳам вохӯрдан мумкин аст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён зане буд, ки тибқи ривоёт, дар беш аз даҳ кишвари Осиёи имрӯз подшоҳӣ кардааст.
Дар садаи ҳафтуми милодӣ ду зан ба номҳои Озармидухт ва Бӯрондухт тавонистанд ба салтанати Сосонӣ бирасанд. Дар набард бо румиён теъдоди зиёди сарбозони зан дар артиши форсҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ҳузуру нуфузи занону бонувонро дар ҳавзаҳои сиёсию ҳарбӣ ва интизомӣ тасдиқ мекунад. Ба ин тартиб, Бӯрондухт ва Озармидухт ҳамчун духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ расидаанд. Илова бар ин, Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта, гоҳе зимоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд. Зане бо номи Понтео дар замони Ҳахоманишиён фармондеҳии горди ҷовидонро бар уҳда дошт. Дар ин баробар, Истотиро духтари Дориюши сеюми ҳахоманишӣ низ фармондеҳ буд. Ҳамсари Дориюши дуюм Пари Сотис ҳам аз артишбудони он замон ба шумор мерафтааст. Шарқшиноси машҳури ғарбӣ Артур Кристенсен ҳузури Озармидухт ва Бӯрондухтро дар маснади подшоҳии Сосонӣ ба пазириши онҳо аз сӯйи руҳониёну муъбадони дини маздоӣ марбут медонад.
Зани тоҷик дар замони Иттиҳоди Шуравӣ (солҳои 1924-1991) бо кору заҳмати шабонарӯзӣ ва меҳнатталабӣ соҳибэҳтиром буд. Махсусан, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 32 ҳазор бонуи тоҷикистонӣ ширкат варзидаанд. Аз ин теъдод 350 нафар нишонзан, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар хаткашон, 3750 нафар алоқачӣ, 4195 нафар тирандоз ва теъдоди зиёдашон ҳамшираи шафқат буданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон тамоми ҷанговаронро бо маводи ғизоӣ ва яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Ҳазорон зан баробари мардҳо ба майдони ҷанг рафта, бо душмани инсоният – фашизм ҷанг кардаанд. Занони шуҷои миллат ҳам дар ақибгоҳ ва ҳам дар майдони ҷанг фаъолона мубориза бурда, ҳатто бо номаю муроҷиатномаҳои худ ҳамаро ба мардонагию қаҳрамонӣ даъват мекарданд.
Албатта, чунин занони фидокору қаҳрамон дар лаҳзаҳои барқарор кардани сохтори конститутсионӣ ва рушди босуботи фарҳанги миллии тоҷикон дар даврони соҳибистиқлолӣ кам нестанд. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар солҳои ниҳоят мушкили оғози истиқлол обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофарид устувор истоданд ва дар таҳкими рукнҳои давлат, сулҳу суботу ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Занони тоҷик дар ҳамон давраҳои вазнин вазифаҳои асосӣ ва намояндагии халқро бар уҳда доштанд. Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мӯсоева, Қимат Рустамова, Валентина Абдусамадова, Гулафзо Савриддинова ва Адолат Узоқова аз чеҳраҳои намоёни он солҳо ба шумор мерафтанд.
Модари тоҷик ҳамчун Рудоба – модари ҷаҳонпаҳлавон Рустам, ҳазорон нафар фарзанди фарзона ва бонангу номусу ҷасуру ватандӯстро ба дунё оварда, ба камол расонда, барои хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст. Бузурге фармудааст: “Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”.
Бо такя ба таҷрибаҳои таърихӣ, ҳоло занони муфаттиш, мубориз алайҳи ҷиноятҳои вазнин, зан-корманди БДА, кормандони шуъбаҳои шиносномадиҳӣ, тарбиятгарони ҳомиёни низом ва ғайраро дида, тааҷҷуб нахоҳем кард.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузашти парадҳои ҳарбӣ дар қатори мардон хизматчиёни ҳарбӣ–занону бонувони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, ротаи фахрии занони Вазорати корҳои дохилӣ, ротаи занони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ротаи занони Гвардияи миллӣ ва занону бонувон – донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии (ҳарбӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, ғурур ва ифтихори ватандории худро бори дигар собит намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан Барно Саидвализода, ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо рутбаи баланди генерал-майори милитсия сазовор дониста шуд.
Ҳамзамон, дар арафаи Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 бонуи таҷрибаандӯхта - Саодатбибӣ Сироҷзода ва Мамлакат Раҳмонзода бо рутбаи баланди низомӣ - генерал-майори адлия сарфароз гардиданд. Қабл аз ин, бо чунин рутбаи волои низомӣ занони диловар Саодат Амиршоева ва Раъно Каримова шарафёб гардида буданд.
Хулоса, дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Аз таҳлилҳои дар боло овардашуда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки саҳм ва дастовардҳои занони шуҷои тоҷик дар соҳаи хизмати ҳарбӣ низ бузургу шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст.
Шаҳноза НУСРАТОВА, корманди раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон