ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА ЁРИПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ПУРРА ҒАЙРИНАҚДӢ АМАЛӢ МЕШАВАНД
Ҳоло маблағи нафақа ва ёрипулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути КВД БА ҶТ «Амонатбонк» пардохт мешаванд.
– Тамоюл дар самти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» нақши муассир мегузорад, – гуфт Дилмурод Давлатзода. Инчунин, илова кард, ки хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои он тавассути низоми электронии TFMIS SGB.net-и хазинадории Вазорати молия сурат гирифта, бо роҳи ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 23 июни соли 2023 ба имзо расид, иқдоми саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Инчунин, гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз миён мебарад ва сабаби сарфаи вақту пешгирии хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад.
БА ХАЗИНА БЕШ АЗ 4 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ВОРИД ШУД
Соли сипаришуда ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки 3 миллиарду 956,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, 4 миллиарду 086,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 103,3 дарсади нақша мебошад. Ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони корҷӯ 17,3 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуд. Хароҷоти ҳаққи хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба нафақагирон дар ҳаҷми 17,8 миллион сомонӣ ба КВД БА ҶТ «Амонатбонк» пардохт гардид.
ЁРИПУЛИИ СУҒУРТАВӢ АФЗУД
Ба таъкиди Дилмурод Давлатзода, хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти ёрипулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ соли рафта 289,9 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба соли пешӣ 48,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Шумораи гирандагони ёрипулиҳои иҷтимоӣ низ 8,3 дарсад афзуда, ба беш аз 223 ҳазор кас расид. Хароҷоти корхонаҳо ва ташкилот, ки ба ташкили табобати курортию солимгардонии кормандон аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ равона гардиданд, ба 26,7 миллион сомонӣ баробар гашт. Ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар истироҳатгоҳҳо 3,8 миллион сомонӣ интиқол ёфт.
НАФАҚАИ БЕШ АЗ 748 ҲАЗОР НАФАР ЗИЁД ШУД
МУШКИЛОТ ҲАМ КАМ НЕСТАНД
Бо мақсади пурра дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани низоми мазкур ва дар сатҳи бехатар ба роҳ мондани он, Агентӣ барои пайдо намудани сарчашмаи ғайрибуҷетӣ ва ҷалби шарикони рушд дар самти татбиқи вазифаҳои болозикр, мустақилона ба Созмони байналмилалии меҳнат, Бонки осиёии рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки ҷаҳонӣ ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) оид ба дастгриии молиявӣ муроҷиат кард. Дар робита ба ин, аз унвонии Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии пешниҳоди Агентӣ оид ба масъалаи ҷорӣ намудани низоми Феҳристи ягонаи нафақагирон, тибқи мактуби ҷавобии Бонки ҷаҳонӣ, аз моҳи июни соли 2023 оид ба ҷудо кардани маблағ бо сарфи 500 ҳазор доллари ИМА ёрии техникӣ пешбинӣ гардид. Маблағ барои таҳлили муфассал ва таҳияи тавсияҳо оид ба татбиқи ислоҳоти нафақа дар ҷумҳурӣ равона мешавад.
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки маблағи пешбинигардида пурра ҷорӣ намудани рақамикунонии соҳаро таъмин карда наметавонад. Барои пурра таъмин намудани масъала 55 миллион доллари ИМА зарур аст. Вобаста ба ин, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ Агентӣ ҷиҳати дарёфт намудани манбаи маблағгузории иловагӣ ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявии байналимилалӣ идома медиҳад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”