28-уми феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум, баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» хабар додааст, ки тибқи рӯзнома, дар ҷаласаи Шуро 15 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аъзои Шуро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Вазири адлия ва ёвари Дабири кулли СММ густариши ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Зимни вохӯрии вазири адлия Музаффар Ашуриён бо ёвари Дабири кулли СММ, директори бюрои минтақавии Барномаи рушди Созмон барои Аврупо ва кишварҳои аъзои ИДМ Ивана Живкович масъалаи густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ гашт.
Тавре дар Вазорат ба мо тавзеҳ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни ҷумҳурии мо ва намояндагиҳои СММ дар Тоҷикистон, алалхусус Барномаи рушди СММ, Хазинаи кӯдакон, раёсати Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон ва ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.
Имзои созишнома ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500»
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаҳои қарзӣ, грантӣ ва лоиҳавӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Таҷдиди зеристгоҳи Суғд-500» ба имзо расиданд, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишномаҳо аз ҷониби вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ҳолгер Вифел ба имзо расонда шуданд. Ҳадафи лоиҳа таҷдиди системаи интиқоли неруи барқ, таъмини устувории хатҳои интиқоли он, паст кардани талафоти неру ва такмили таъминоти он дар минтақаҳои шимоли ҷумҳурӣ мебошад. Маблағи созишномаҳои мазкур 35 миллиону 400 ҳазор евроро ташкил намуда, аз он 23 миллион евро қарз, 10 миллион евро грант ва 2 миллиону 400 ҳазор евро кумаки техникӣ мебошад.
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси вазирони давлатҳои аъзои СҶС
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар маросими ифтитоҳи Конфронси вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд.
Хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ додааст, ки Завқӣ Завқизода вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи узвият дар Созмон, мавқеи ҷумҳурӣ оид ба вазъи тиҷорати глобалӣ, бахусус ислоҳот дар СҶС ва такмили низоми савдои бисёрҷониба ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки дар давраи узвият дар СҶС Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, рушди миёнасолонаи иқтисодиро дар сатҳи 7,2 дарсад таъмин намуд.