Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бешак, аз оғоз мо – шаҳрвандонро муваззаф месохт, ки дар баробари танзими ҷашну маросими миллӣ дар бораи беҳбудии рӯзгори худамон ва аҳли байтамон биандешем.
Албатта, бо назорати масъулон имрӯз нисбати солҳои пешин дар ин самт муваффақиятҳои зиёд ба даст овардаем.
Бештару беҳтар дарк шуд, ки рияои ин Қонун ба манфиати иқтисодӣ ва маънавии худамон мебошад. Алҳол дар суҳбатҳо ин ҳақиқатро ошкоро иброз медоранд, ки пешниён ва мо ба бисёр ҷашну маросиме, ки на фармудаи Худо буду на Расул (с), таваҷҷуҳи зиёд медоданду медодему ба худ ранҷҳоро раво медиданду медидем.
Чӣ қадар чорвоҳои хонагиро забҳ ва исрофкорӣ мекардем. Дар натиҷа ба сатҳи зиндагиямон беҳбудӣ бахшида натавонистем.
Имрӯз баъзе нофаҳмиҳо ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам масъулони соҳа эҳсос мешавад. Маълум аст, ки муҳаббати мардум барои зиёрати ҳаҷ афзудааст. Бо истифода аз ин ширкатҳо ва ё одамони ҷудогона суиистифода карда, шаҳрвандонро мефиребанд. Яъне, маблағашонро ҷамъ меоранду дертар онҳоро ба зиёрат мебаранд ва ё онро бозпас намегардонанд.
Ҷойи таассуф аст, ки мардуми мо ё худ шаҳрвандони кишварамон аз дигар мамолик ба ҳаҷ мераванд. Нахуст, маблағ аз кишварамон мебарояд, ки ин ба нафъи иқтисоди мо нест. Дувум, онҳоро чанд рӯз манъ мекунанду баъд мебаранд. Дар ин сурат онҳо маблағи иловагӣ барои будубоши чандрӯза сарф мекунанд. Гӯиё онҳо ин зоиронро нисбатан арзонтар мебаранд. Агар ҳамаи харҷҳоро ҳисоб бикунанду таҳлил бинамоянд, зарарашонро аз фоида дармеёбанд. Шояд дарёфта бошанд, аммо мебинанд, ки дигар илоҷе барои рафъи зарар пайдо карда наметавонанд.
Фикр мекунам, ки вобастаи хоҳиши зиёраткунандагони зиёд ин масъала бояд дар кишварамон ҳалли беҳтару дурусти худро биёбад.
Ба ҷуз ин, дар Қонуни мазкур, дар моддаи 12, қисми 3 омадааст: «Тартиби сафари шаҳрвандонро барои адои ҳаҷ ва умра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад». Мехоҳам, ки дар иҷрои ин қисми моддаи Қонун масъулиятро бештар ҳис бикунанду бикунем ва ба он аҳамияти махсус дода шавад. Ин ба нафъи шаҳрвандон ва кишварамон мебошад.
А. ҲАМИДЗОДА, шаҳри Душанбе