Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627; с. 2018, №1, мод. 19; с. 2019, №1, мод. 20) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои ҳафтум, бисту шашум ва бисту ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- суғуртаи ҳатмӣ – суғуртае, ки тибқи қонун ба зиммаи шахси дар он зикргардида уҳдадории ба сифати суғурташаванда суғурта кардани ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахси дигар, ё ҷавобгарии мадании худ дар назди шахси дигар аз ҳисоби худ ё аз ҳисоби шахси манфиатдор гузошта шуда, нисбат ба объектҳои афзалиятноки суғурта, ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷорӣ гардида, тибқи он ҳодисаи суғуртавӣ, маблағи суғуртавӣ, мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ), пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) ҳамчун меъёри ҳатмӣ бо қонун муайян карда мешаванд;
- меъёрҳои мақбули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) – меъёрҳои иқтисодие, ки мақоми назорати суғуртавӣ бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқаррар намудааст ва риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад;
- филиали ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ – воҳиди сохтории алоҳидае, ки аз ҷониби ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ, аз ҷумла вазифаи намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст;»;
- дар сархатҳои ҳафтум, понздаҳум, шонздаҳум, бисту шашум ва чилу нуҳум калимаи «гражданию» ба калимаи «маданию» иваз карда шавад;
- ба сархати сию панҷум пас аз калимаи «худро» калимаҳои «тибқи қонунгузории соҳавӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати панҷоҳу ҳаштум калимаи «шартномае» ба калимаҳои «шартнома дар шакли коғазӣ ва электронӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати шасту якум калимаи «ҳуҷҷате» ба калимаҳои «ҳуҷҷат дар шакли коғазӣ ва электронӣ» иваз карда шавад;
- дар сархати шасту панҷум пас аз калимаи «ҳуҷҷати» калимаҳои «дар шакли коғазӣ ва электронӣ» илова карда шуда, аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархатҳои шасту шашум ва шасту ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- кормандони роҳбарикунанда – роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчиёни касбии дигари бозори суғурта, сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), инчунин роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), аз ҷумла филиали ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод – шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва ё коррупсионидошта маҳкум нагардидааст; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки дар давраи ба ҳайси роҳбар ё сармуҳосиби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчии дахлдори касбии дигари бозори суғурта фаъолият карданаш иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва иштирокчиёни касбии дигари бозори суғурта бо гуноҳи онҳо бинобар татбиқ гардидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ӯ бозхонд нашудааст; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки нисбат ба ӯ санади судии амалкунанда дар хусуси маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян дар соҳаҳои иқтисод ва молия мавҷуд нест; шахси воқеӣ-резидент ё ғайрирезидент, ки бинобар татбиқ гардидани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ аз вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва субъектҳои дигари фаъолияти суғуртавӣ озод нашудааст.».
2. Дар моддаи 3:
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ иштирокчиёни касбии бозори суғурта ва субъектҳои дигаре мебошанд, ки мутобиқи қонунгузорӣ фаъолияти суғуртавӣ ва фаъолияти дигари бо ҳамин Қонун пешбинишударо анҷом медиҳанд.»;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Суғуртакунии объектҳои суғуртае, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва маблағҳои ба манфиати давлат ҷалбшуда амалӣ мегардад, танҳо аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ анҷом дода мешавад.».
3. Дар моддаи 4:
- дар қисмҳои 4, 9 ва 14 калимаҳои «граждании» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «мадании» ва «маданию» иваз карда шаванд;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Суғуртаи ҳатмии давлатии ҳаёт ва саломатии шахсони мансабдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз ҷониби ташкилотҳои давлатии суғуртавӣ амалӣ карда мешавад. Ҳаққи суғуртавӣ дар чунин ҳолат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохт карда мешавад.»;
- дар қисмҳои 8 ва 9 калимаи «шаклҳои» ба калимаи «шакли» иваз карда шавад;
- ҷумлаи дуюми қисми 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад фаъолият оид ба бастани шартномаи суғуртаро дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда танҳо баъди гирифтани иҷозатнома ва бо тартиби муқарраргардида бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа намудани қоидаҳои намудҳои мушаххаси суғурта, ки дар доираи гурӯҳҳо ва соҳаҳои суғурта таҳия мегарданд, амалӣ намояд.».
4. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 6. Асосҳои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ
1. Иҷозатномадиҳӣ барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сурат мегирад.
2. Дар асоси иҷозатномаи барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ гирифташуда ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолияти суғуртавиро бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз рӯйи қоидаҳои намудҳои мушаххаси суғурта, ки дар доираи шаклҳо, гурӯҳҳо ва соҳаҳои суғурта таҳия ва тасдиқ шуда, бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа карда шудаанд, амалӣ менамояд. Барои ҳар як шакл ва намуди суғурта иҷозатномаи алоҳида пешбинӣ карда намешавад.».
5. Дар моддаи 7:
- дар қисми 3 калимаҳои «дар бораи қабули қарор оид ба боздошт, барқароркунии амали иҷозатнома ё бозхонди иҷозатнома,» ба калимаҳои «дар бораи қарори мақоми назорати суғуртавӣ оид ба додани иҷозатнома, азнавбарасмиятдарории иҷозатнома, асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, асос ва санаи бекор кардани иҷозатнома ва қатъ гардидани амали он,» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 5 ва 6 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«5. Маълумоти дар феҳристи мазкур мавҷудбуда барои шинос намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас мебошад ва маълумот дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода мешавад.
6. Маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта (дар шакли коғазӣ ва электронӣ), инчунин ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо иҷозатнома дода шудааст, дар парвандаҳои мақоми назорати суғуртавӣ муддати панҷ сол нигоҳ дошта шуда, сипас бо тартиби муқарраргардида ба бойгонӣ супорида мешаванд.».
- қисмҳои 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 7 ва 8 ҳисобида шаванд;
- қисмҳои 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«9. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бо мақсади таҳлили мутобиқати худ ва омодагии лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои таъсиси филиали худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми назорати суғуртавӣ ариза, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дахлдор пешниҳод намуда, хулосаи пешакии мақоми назорати суғуртавиро мегирад. Ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ бояд хулосаи мусбии мақоми дахлдори давлатеро, ки дар он ҷойгир аст, пешниҳод намояд.
10. Калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)», «брокери суғуртавӣ», «ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила» ё калимаҳои аз онҳо сохташуда дар ҳар шакле, ки бошанд, наметавонанд нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шудаанд ва ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода гардидаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти суғуртавиро дар назар надорад.».
6. Дар моддаи 8:
- дар сархати сеюми қисми 4 калимаҳои «сармоягузорони хориҷӣ» ба калимаҳои «сармоягузорони ватанию хориҷӣ» иваз карда шаванд;
- қисмҳои 7, 8, 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ пеш аз оғози фаъолияти филиал ва намояндагии худ бояд мақоми назорати суғуртавиро огоҳ намоянд. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) ватанӣ бо ин мақсад ба мақоми назорати суғуртавӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
- нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тасдиқгардидаи низомномаи филиал ва намояндагии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо зикри номгӯйи намудҳои фаъолияти суғуртавии ба филиал ё намояндагӣ иҷозатдодашуда;
- маълумоти зарурӣ дар бораи кормандони роҳбарикунандаи филиал ва намояндагии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
8. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) фаъолияти филиал ва намояндагиҳоро дар ҳолати риоя гардидани талаботи зерин оғоз менамояд:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ будани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал ё намояндагӣ;
- аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя гардидани қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми назорати суғуртавӣ ва меъёрҳои мақбули барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқарраргардида.
9. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд дар хусуси қатъ намудани фаъолияти филиал ва намояндагиҳои худ мақоми назорати суғуртавиро хабардор намоянд.
10. Намояндагии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» ё калимаҳои «брокери суғуртавӣ»-ро дар номи худ истифода набарад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои «ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)» ё калимаҳои «брокери суғуртавӣ» қисми ҷудонопазири номи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ё ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷиеро ифода кунанд, ки онҳо ба он тааллуқ доранд, ба шарте ки дар чунин ҳолатҳо калимаи «намояндагӣ» илова карда шавад.».
7. Дар моддаи 12 калимаҳои «бо назардошти хулосаи мақоми назорати суғуртавӣ, ки барои бақайдгирии давлатии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дода шудааст,» хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- аз қисми 1 калимаҳои «нисбат ба шахсони суғурташуда» хориҷ карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «ишғол менамоянд» калимаҳои «ва кормандони штатии онҳо» илова карда шаванд.
9. Дар қисми 1 моддаи 18 калимаи «гражданию» ба калимаи «маданию» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 19:
- ба қисми 2 пас аз калимаи «экспертӣ» калимаҳои «ё бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои бо қоидаҳои суғурта пешбинишуда» илова карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Санади ҳодисаи суғуртавиро ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тартиб медиҳад. Ҳангоми зарурат ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳуқуқ дорад вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ аз мақомоти дахлдор ва корхонаю муассисаҳои дигар, ки оид ба ҳодисаи суғуртавӣ иттилоот доранд, маълумоти заруриро гирад, инчунин сабабу ҳолатҳои ҳодисаи суғуртавиро мустақилона муайян намояд. Мақомот ва корхонаю муассисаҳои дахлдор, сарфи назар аз шакли моликияташон, уҳдадоранд ба ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мувофиқи дархости онҳо вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ маълумот диҳанд.».
11. Дар моддаи 20:
- аз қисми 2 калимаҳои «додани маблағи суғуртавӣ,» хориҷ карда шаванд;
- қисми 10 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 11, 12, 13, 14 ва 15 мувофиқан қисмҳои 10, 11, 12, 13 ва 14 ҳисобида шаванд.
12. Қисми 4 моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рӯйи суғуртаи ҳатмӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
13. Моддаи 251 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 251. Суғуртаи мутақобила
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд дар асоси мутақобила бо роҳи таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ва дар онҳо муттаҳид намудани маблағҳои зарурӣ намудҳои суғуртаи мутақобилаи молу мулк ва манфиатҳои дигари молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсии худро анҷом диҳанд.
2. Муқаррароти суғуртаи мутақобила, таъсисдиҳии ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила бо қонун муайян карда мешаванд.».
14. Дар моддаи 27:
- ба қисми 1 пас аз калима ва аломати «(азнавсуғуртакунӣ)» калимаҳои «ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақоми назорати суғуртавӣ» иваз карда шаванд.».
15. Моддаҳои 271 ва 272 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 271. Полиси суғуртавӣ ва талабот нисбат ба он
1. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта аз рӯйи намудҳои суғурта, суғуртакунанда баъди аз тарафи суғурташаванда пардохт гардидани мукофоти суғуртавии (ҳаққи суғуртавии) муқарраргардида ба суғурташаванда полиси суғуртавӣ медиҳад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалишавии намуди мушаххаси суғурта мебошад.
2. Номгӯйи маълумотеро, ки бояд дар полиси суғуртавӣ нишон дода шаванд, мақоми назорати суғуртавӣ дар шакли тавсиявӣ тасдиқ менамояд.
Моддаи 272. Меъёрҳои мақбули ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) меъёрҳои мақбули ҳатмии зерин муқаррар карда мешаванд:
- андозаи ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ;
- ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- таносуби меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ).
2. Меъёрҳои мақбул, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми назорати суғуртавӣ танзим карда мешаванд.».
16. Моддаи 29 хориҷ карда шавад.
17. Боби 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 41. БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 291. Соли молиявӣ
Соли молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва субъектҳои дигари фаъолияти суғуртавӣ аз 1 январи соли тақвимӣ оғоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад. Барои филиалҳои ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад.
Моддаи 292. Асосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ
1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоида ва зарар, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ, ҳисобот оид ба тағйирёбӣ дар маблағҳои худӣ (сармоя) ва замимаҳо ба ҳисоботҳои муҳосибӣ иборат мебошад, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ омода мекунанд.
2. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила, мақоми назорати суғуртавӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ феҳристи ҳисобот, шаклҳо, тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявиро муқаррар менамояд.
Моддаи 293. Пешниҳоди ҳисобот
1. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва ҷамъиятҳои суғуртаи мутақобила уҳдадоранд ҳисоботи молиявии солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ то 30 апрели соли баъд аз соли ҳисоботӣ ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод намоянд.
2. Ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи муҳосибӣ ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд ба мақоми назорати суғуртавӣ вобаста ба таносуби меъёрии маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), таркиб ва андозаи захираҳои суғуртавии ташаккулёфта, таркиб ва сохтори дороиҳое, ки дар онҳо маблағҳои худии (сармояи) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд, таркиб ва сохтори дороиҳое, ки дар онҳо маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҷойгир шудаанд ва ҳисоботҳои дигар тибқи талаботи Қонуни мазкур маълумот пешниҳод намоянд.
3. Филиалҳои ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи солонаро доир ба амалиёти солонаи худ омода намуда, бевосита ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамоянд.
4. Ташкилотҳои суғуртавии (азнавсуғуртакунии) хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал доранд, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмуии солонаи худро бо хулосаи аудитори беруна дар муҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз анҷоми соли молиявии ҳисоботии он ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод мекунанд.
5. Брокерҳои суғуртавӣ, ташкилотҳои актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейерҳои суғуртавӣ ва ташкилотҳои болоии суғуртавии гурӯҳи суғуртавӣ ҳисоботҳои омориро аз рӯйи шакл ва бо тартибе, ки мақоми назорати суғуртавӣ муқаррар кардааст, таҳия намуда, онҳоро ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамоянд.
Моддаи 294. Нашри ҳисоботи молиявии солона
Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудити ҳатмӣ гузаштааст, дар муҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар сомонаи расмии худ ҷойгир ва дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби худ нашр менамояд.».
18. Дар моддаи 31:
- дар қисмҳои 3 ва 4 калимаи «назоратии» ба калимаи «нозирони» иваз карда шавад;
- аз қисми 11 калимаҳои «, аъзои ҷамъияти суғуртаи мутақобила» хориҷ карда шаванд.
19. Дар моддаи 32:
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 ҳисобида шуда, қисмҳои 7, 8, 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«7. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро паи ҳам зиёда аз се давраи ҳисоботи солона аудитор таъин намояд.
8. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ ҳамзамон ба назар гирифта мешаванд:
- дараҷаи воқеан ҷавобгӯ будани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
- усуле, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиётҳое, ки барои мониторинг ва аудити дохилию берунӣ заруранд, истифода менамояд;
- камбудиҳои ҷойдошта ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани камбудиҳои солҳои гузашта.
9. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ нусхаи онро ба мақоми назорати суғуртавӣ пешниҳод менамояд.
10. Мақоми назорати суғуртавӣ метавонад аз ташкилоти аудиторӣ тавзеҳоти иловагиро вобаста ба хулосаи он дархост намояд.».
20. Дар моддаи 34:
1) дар номи модда калимаҳои «фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта» ба калимаҳои «субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ» иваз карда шаванд;
2) дар қисми 1 калимаҳои «иштирокчиёни касбии бозори суғурта» ба калимаҳои «субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ» иваз карда шаванд;
3) дар қисми 5:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи суғурта бо роҳи гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ;»;
- сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- тибқи талаботи Қонуни мазкур пурра ва боэътимод будани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, инчунин ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ будани онҳо;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон (саҳмдорон), ки пардохти сармояи оинномавии (фонди) ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) таъмин ва тасдиқ менамоянд;
- қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи (фонди) оинномавӣ воридшаванда;
- ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани молики ҳиссаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) - саҳмдорон, манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо ва кормандони роҳбарикунанда;
- ба шарту талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мутобиқ будани сохтор, ҳайати кормандон ва андозаи сармояи (фонди) оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- мутобиқати намудҳои фаъолияти дар оинномаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дарҷгардида ба талаботи қонунгузорӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон, аз ҷумла тавассути қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиби ифшо намудани маълумот оид ба хизматрасониҳои суғуртавиро муқаррар менамоянд.»;
4) дар қисми 6:
- сархати панҷум хориҷ карда шавад;
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- маълумоти мушаххасшуда оид ба муштарӣ, дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба аҳдҳо (аз ҷумла шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ)), ҳуҷҷатҳо ва сабтҳоро аз рӯйи ҳар як аҳд ба муҳлати на камтар аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ доранд.».
21. Моддаи 341 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 341. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
1. Мақоми назорати суғуртавӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни мазкур татбиқ менамояд.
2. Асосҳои татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ инҳоянд:
- риоя нагардидани талабот вобаста ба ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавии барои ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) муқарраргардида, аз ҷумла аз рӯйи таъинот истифода нашудани он;
- риоя нагардидани талабот оид ба ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва талабот оид ба ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- риоя нагардидани шарту талабот оид ба меъёри маблағҳои худӣ (сармоя) ва уҳдадориҳои қабулнамудаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
- риоя нагардидани талабот оид ба тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои даврӣ дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ ва пешниҳод накардани ҳисобот ё пешниҳод кардани ҳисоботи носаҳеҳ;
- пешниҳод нагардидани маълумоти дархостнамудаи мақоми назорати суғуртавӣ аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори суғурта;
- бе мувофиқаи қоидаҳои суғурта бо мақоми назорати суғуртавӣ анҷомдиҳии фаъолияти суғуртавӣ ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори суғурта дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пешниҳод нагардидани маълумот оид ба ҳар гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид шудаанд;
- мамониат нишон додани субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ба гузаронидани санҷиш, ки дар муҳлати муқарраргардида имконияти гузаронидани онро намедиҳад;
- ислоҳ нагардидани камбудиҳое, ки дар ҳисоботи аудити ҳатмӣ дарҷ гардидаанд ва ба устувории молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таъсири манфӣ мерасонанд;
- пешниҳод гардидани хулосаи нодурусти комиссияи тафтишотии ҷамъияти суғуртаи мутақобила;
- риоя нагардидани баҳисобгирии полисҳои суғуртавӣ;
- бар хилофи қонунгузорӣ пардохт кардан ё накардани ҷуброни суғуртавӣ (пардохти суғуртавӣ);
- сарф намудани маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ барои пӯшонидани хароҷот вобаста ба фаъолияти оинномавии ҷамъияти суғуртаи мутақобила;
- аз ҷониби маҷлиси умумии аъзои ҷамъият бе хулосаи комиссияи тафтишотии ҷамъияти суғуртаи мутақобила тасдиқ намудани ҳисоботи солонаи муҳосибавии он;
- риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- иҷро накардани талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарору амрномаҳои мақоми назорати суғуртавӣ, ки дар натиҷаи он манфиатҳои суғурташавандагон, шахсони суғурташуда ва фоидагирандагон зери хатари ҷиддӣ гузошта мешаванд;
- иштирок намудани ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар содир намудани ҷинояти қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, мақоми назорати суғуртавӣ метавонад нисбат ба субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
1) тавассути амрнома:
- таҳия ва пешниҳод намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо, дар муҳлати муқарраргардида ислоҳи вазъи баамаломада, инчунин пешниҳоди маълумот оид ба чораҳои андешидашударо муқаррар намояд;
- муваққатан кушодани филиал ва намояндагиҳоро то бартараф кардани камбудиҳо боздорад;
- дар сурати дар муҳлатҳои муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳои ошкоршуда, боздоштани фаъолияти филиал ва намояндагӣ ё бастани онҳоро муқаррар намояд;
- муваққатан боздоштани анҷомдиҳии намудҳои алоҳидаи суғуртаро муқаррар намояд;
- тақсим ё пардохти ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро байни иштирокчиён манъ намояд;
- аз мақоми идоракунии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки намояндагони мақоми назорати суғуртавиро муқаррар намояд;
- дар муҳлати муайянгардида пурра намудани ҳадди ақалли сармояи (фонди) оинномавиро муқаррар намояд;
- маҳдудияти муваққатии қабул ва интиқоли дороиҳоро муқаррар намояд;
2) бо қарор дар асоси талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаи субъекти фаъолияти суғуртавӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
4. Боздоштани амали иҷозатнома якҷо бо чораҳои дигари фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар банди 1) қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда метавонад татбиқ гардад, агар идомаи фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори суғурта то иҷро намудани чораҳои дигари фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии татбиқшуда имконнопазир бошад ё татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонӣ бе боздоштани амали иҷозатнома бенатиҷа арзёбӣ гардад.
5. Дар амрнома ва қарори мақоми назорати суғуртавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ гарданд:
- асосҳо ва сабабҳои қабули амрнома ва ё қарор;
- номи пурраи иштирокчии касбии бозори суғурта;
- санаи эътибор пайдо кардани амрнома ва ё қарор.
6. Мақоми назорати суғуртавӣ амрнома ва қарор дар бораи татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии қабулнамудаашро дар шакли хаттӣ дар давоми на дертар аз се рӯзи корӣ ба маълумоти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ мерасонад.
7. Маълумот оид ба санади судӣ дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома аз тарафи мақоми назорати суғуртавӣ дар давоми се рӯз аз рӯзи қабули он дар сомонаи расмӣ ва воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.».
22. Моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 36. Мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
1. Мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва қонунҳои дигар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
2. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар шакли ташкилию ҳуқуқии тибқи қонунгузорӣ иҷозатдодашуда таъсис дода шудааст, уҳдадор аст дорои сармуҳосиб, роҳбари аудити дохилӣ ва актуарийи масъул бошад, ба истиснои ҳолатҳои мавҷудияти шартномаи басташуда бо шахси дахлдор оид ба ваколатдиҳии вазифаҳои суғуртавӣ, ки бо Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ қабулгардида, пешбинӣ гардидаанд.
3. Мақоми идоракунии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) давлатӣ ва ваколатҳои онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Мақоми олии идоракунии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мустақиман ва ё тавассути таъсиси Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва таъмини назорати татбиқи он, ташкил ва нигоҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилии аз тарафи воҳиди аудити дохилӣ ва мақоми иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) амалишаванда, идоракунӣ, ҷойгиркунӣ ва хароҷоти самараноки сармояи оинномавӣ, даромад ва маблағҳои дигари ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ масъул мебошад.
5. Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) метавонад аз ҳисоби муассисон ва мутахассисон-коршиносони даъватшудае, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, таъсис дода шавад.
6. Узви Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) наметавонад:
- узви мақомоти идоракунии ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, бошад;
- корманди ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, бошад;
- дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти суғуртавии (азнавсуғуртакунии) дигар бошад;
- дар як вақт узви Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ва роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъии иҷроияи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошад;
- хизматчии давлатӣ бошад, ба истиснои узви Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ташкилоти суғуртавие (азнавсуғуртакуние), ки давлат дар он саҳмдор аст.».
23. Дар моддаи 37:
- дар номи модда калимаҳои «роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва брокери суғуртавӣ» ба калимаҳои «кормандони роҳбарикунандаи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ» иваз карда шаванд;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Роҳбари (аз ҷумла шахсе, ки вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъии иҷроияро амалӣ менамояд) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ бошад, дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқие бошад, ки бо ҳуҷҷати эътирофшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олӣ тасдиқ шудааст, қонунгузории соҳаи фаъолияти суғуртавиро донад ва дорои собиқаи кории на камтар аз дусола ба сифати роҳбари воҳиди субъекти фаъолияти суғуртавӣ ё ташкилоти молиявии дигар бошад.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «забони давлатиро донад,» ба калимаҳои «ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ бошад,» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 4 калимаи «назоратӣ» ба калимаи «нозирон» иваз карда шавад;
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бояд ба талаботи дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинишуда ҷавобгӯ бошанд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 марти соли 2024, № 2045
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 январи соли 2024, № 1205
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 28 феврали соли 2024, № 473