Адиб ва публитсисти шинохта Умари Шерхон аз ҳуҷраи кории корманди рӯзномаи “Ҷумҳурият” Абдулқодири Раҳим занг зада, гуфт, ки “нишастаю ёдат дорем. Хуб мешавад, ки қадам ранҷа фармоӣ. Абдулқодир шаб туро хоб дидааст”. “Аз дӯст ишора, аз мо ба сар давидан”, – гуфта, дарҳол ба пеши ёрон шитофтам.
– Дар чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ оҳангсози машҳуре ба шеъри ту оҳанг баста, оркестри муҳташаме онро иҷро мекард. Чунон мутаассиру диққатҷалбкунанда баромада, ки аҳли толорро ба ваҷд меоварду камина ҳам аз он лаззати маънавӣ мебурдам. Ҳисси ногуфтании ифтихори миллиям фаро гирифт, ки шеъри як шоири тоҷик ба минбарҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтааст! – хобашро қисса кард Абдулқодир.
Гуфтам, хобаш ба нияти ман рост омадааст ва аз тариқи телефони мобилӣ навореро аз шаби эҷодии бахшида ба 70-солагии оҳангсози маъруфи тоҷик, Артисти халқии Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Толиб Шаҳидӣ барояшон намоиш додам. Ҷолибияти навор андешаи ровии барнома журналисти маъруфи рус Владимир Соловёв, дӯсти холиси миллати тоҷик буд, ки мегӯяд:
“Шоматон ба хайр! Имрӯз на танҳо як шоми ғайриодӣ, балки пур аз ҳаяҷонест. Пурҳаяҷон ба он хотир ки, шумо мусиқиеро бо садои Шостакович ва Қара Қараев, бо оҳанги ниҳоят нозуку наҳифи най гӯш хоҳед кард ва беихтиёр устоди ин шогирди маҳбубро, ки ҳамаи моро дар толори зебою муҳташам баҳам овардааст, ба ёд меоред. Шумо дар паҳлуи худ одамонеро мебинед, ки на танҳо аз муҳаббаташон ба ин оҳангсози мумтоз, балки эҳтироми хосаашон ба мероси хеле пурарзишу қадима ба ин ҷо омадаанд. Мероси фарҳангие, ки фақат тоҷики асил ба вуҷуд оварда метавонад”.
Ҳамин ду омили асосӣ, яъне ҳам хоби Абдулқодири Раҳим ва ҳам навори бо чашми сар дидаам, сабаб шуду хостам дафтари хотираҳоямро дар бораи шахсияти бузурги миллӣ Толиб Шаҳидӣ дигарбора варақгардон намоям. Мақсуд аз таълифи мақола, аслан, на муаррифии оҳангсози кайҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, балки бо ибрат аз ӯ дар зеҳнҳо тақвият додани арзишҳои миллатсозе ба монанди худшиносии миллӣ, хизмати содиқона ба миллат, арҷ гузоштан ба ниёгони бузурги хеш, эҳсоси бештару беҳтари ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва амсоли инҳост. Магар ҷои афсӯсу надомат нест, ки тамоили дур шудан аз худшиносии миллӣ ва рӯ овардан ба бегонапарастӣ дар баъзе аз ҷавонони мо ба ҳукми одат даромадааст? Зумрае то ҳадди ифрот ба бегонапарастӣ дода шуда, аз бузургону шахсиятҳои фарзонаи миллати худ фаромӯш кардаанд.
Толиб Шаҳидӣ, фарзанди оҳангсози мумтоз, яке аз асосгузорони мусиқии муосири классикии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ, дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Айнан, мисле ки дар ҷавонияш ҳунарманди машҳури рус Юрий Никулин ба донишгоҳи санъат дохил шуда натавонист, вале, баъдан, ситораи кинои советӣ гардид, дар мактаби махсуси мусиқии пойтахт, ки баъдан номи қиблагоҳаш Зиёдулло Шаҳидиро ба худ гирифт, ҳуҷҷатҳои Толиби ҳаштсоларо қабул накарданд, агарчи падараш он замон раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон буд. Зиёдулло Шаҳидӣ восита шуданро барои дохилшавии писараш қабул надошт. Баръакс, ӯ фарзандашро аз раъйяш гардонданӣ мешуд, ки оҳангсозӣ касби саҳлу сода нест. Бо вуҷуди ин, Толиби ҳанӯз хурдсол ба худ қатъӣ қавл дод, ки чун падар бастакор мешавад.
Дохилшавии Толиб ба омӯзишгоҳи мусиқӣ таърихчаи аҷиб дорад. Ба бахти ӯ, бо даъвати Зиёдулло Шаҳидӣ оҳангсози варзида Юрий Тер-Осипов, дастпарвари оҳангсози машҳур Қара Қараев, ки шогирди оҳангсози маъруфи ҷаҳон Дмитрий Шостакович мебошад, ба шаҳри Душанбе барои кор омад. Чун давраи аввал сарпаноҳе надошт, як муддат дар хонаи онҳо зист. Пойи қадами меҳмон баракат дошт, ки шинохтатарин ходимони санъат, шоирону нависандагон, навозандагону оҳангсозони машҳури ҳам дохил ва ҳам кишварҳои дигари шуравӣ зуд-зуд меҳмон мешуданд. Ана дар ҳамин муҳит Толиби 14-солаи шайдои олами мусиқӣ бе маълумоти ихтисосӣ дар омӯзишгоҳ ба омӯхтани назарияи мусиқӣ сар кард. Ба худ боварии қавӣ дошт. Шавқаш то ҳадде боло гирифт, ки Арам Хачатурян, Андрей Эшпай, Сергей Баласанян, Фирӯз Баҳор, Зарина Миршакар, Павел Турсунов ва Бенджамин Юсуповро, ки аз бастакорони шинохтаи ҷаҳонӣ Мотсарт, Бах, Бетҳовен, Шопен, Стравинский ва Шостакович баҳра бурдаанд, устодони худ меҳисобид.
Устодаш Арам Хачатурян ҳамеша таъкид менамуд, ки ҳангоми эҷод бештар ба мусиқии миллӣ такя намояд. Маҳз бо тавсияи ҳамин устодаш Толиб Шаҳидӣ соли 1972 ба Тоҷикистон баргашт.
Солҳои 1970-1980-умро Толиб Шаҳидӣ “даврони тиллоӣ”-и ҳаёти худ меҳисобад. Ба андешаи ӯ маҳз ҳамин давра дар камолоташ ба сифати як ходими фарҳанги ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидааст. Чорабиниҳои зиёди дохиливу хориҷӣ, ҳамкориҳои бисёрҷонибаи фарҳангӣ, сафарҳои ҳунарӣ, омадурафти машҳуртарин ҳунармандони сатҳи ҷаҳонӣ омили асосии офариниши шахсиятҳои мондагор маҳсуб меёфтанд, ки, мутаассифона, бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва оғози ҷанги таҳмилӣ дар Тоҷикистони азиз пайи ҳам барбод рафтанд.
Воқеан, нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, ки мебоист санъату фарҳанги тоҷик ҳамчун арзиши ҷомеасози миллӣ шакл гирифтаву рушд мекард, қурбони ҷанги таҳмилӣ гардид. Мутахассисон ба ҳар тараф пароканда шуданд. Оҳангсозони соҳибистеъдоди тоҷик Талабшо Сатторов ва Юнус Мамедов ҷаҳонро падруд гуфтанд. Касби оҳангсозӣ, ба қавле, дигар бозоргир набуд. Ҳамин шуду оҳангсози маъруфи тоҷик, сокини шаҳри Москва гашт. Аммо ҳарчанд вуҷудаш он ҷо буд, дилаш ҳамеша барои Тоҷикистон метапид. Эҷодаш тавъам бо миллату Ватан буд ва хоҳад монд.
– Ҳамаи он чӣ дар ҷаҳон рух медиҳад, одамонро бетараф гузошта наметавонад, гуфта буд Толиб Шаҳидӣ,– ноамнӣ, нопойдорӣ ҳукмфармост. Ман ҳайронам, тули таърихи худ инсоният ҳамвора ҳамон як иштибоҳро такрор мекунад, ки ба фоҷиаи бузург оварда мерасонад ва онро ҳеҷ фаҳмиданӣ нест. Барои чӣ силоҳ созад, вақте медонад, ки касе ба қатл мерасад ва ё маконе валангор мегардад? Фоҷиа аст, ки мо чизеро тағйир дода наметавонем, фоҷиа...
Мирзо РУСТАМЗОДА, рӯзноманигор