Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи мансабдоре, ки нафс бар ӯ ғолиб шуд
Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Б. Ҳомидов, мудири анбори ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, бо ҷурми расондани зарари махсусан калон ба давлат идома дорад.
Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Б. Ҳомидов зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабӣ молу маҳсулот ва таҷҳизоти барқии арзишнокро ба маблағи умумии 1 265163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ҳамаи онро тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Оид ба ин ҳолат, нисбат ба Б. Ҳомидов бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Қазияи “Мерседес Бенс” бонуеро ба курсии ҷавобгарӣ шинонд
Як сокини шаҳри Душанбе, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ зани 29-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани кирдори қаллобӣ ба дасти милитсия афтод.
Ин зан моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовари ҷавони 21-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ воситаи нақлиёти тамағаи “Мерседес Бенс ҶЛЕ”, ки 60 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад, гирифтааст. Гумонбар ваъда додааст, ки маблағи мошинро дар муддати як моҳ пардохт мекунад, вале воситаи нақлиётро фурӯхта, маблағи онро ба манфиати худ сарф менамояд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”