Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад, ки дар асоси низомномаҳои Кумита ва Ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва раёсати Кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 роҳ дода шаванд:
БАХШИ АДАБИЁТ
Рустам Ваҳҳобзода. “Қаламрави меҳр” (маҷмуаи шеърҳо). Душанбе, нашриёти “Адиб”, 2022.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ ТЕАТР ВА СИНАМО
Гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии «Роҳ»: коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров ва офарандагони нақшҳои асосӣ - Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машраб.
Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ МУСИҚӢ ВА ҲУНАРНАМОӢ
Ҷӯрахон Обидпур. «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ», нашриёти “Истеъдод”, 2021.
Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА МЕЪМОРӢ
Самӣ Азизиён. Асари меъмории “Тахти тоҷикон” дар маҷмааи “Майдони Истиқлол”, 2021.
Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ ЭҶОДИЁТИ БАДЕӢ БАРОИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН
Равшан Махсумзод. «Кафшергар» (маҷмуаи қисса ва ҳикояҳо), нашриёти «Истеъдод», 2023.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ ПУБЛИТСИСТИКА
Абдураҳмон Абдуманнон. “Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик” (маҷмуаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистӣ), нашриёти “Адиб”, 2022.
Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
БАХШИ ТАРҶУМА, ПАЖӮҲИШ ВА ТАРҒИБИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ
Иосиф Брагинский – барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриётҳои Россия, Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ аз мутахассисон ва ҳамаи ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш мекунад, ки дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои ахбори омма дар моҳҳои март-май фаъолона иштирок намоянд.