Аз азал дар васфи бузургию нексириштии Модар бузургон гуфтанду то абад хоҳанд гуфт, зеро ӯ рамзи ҷовидонаи меҳру вафо ва идомабахши насли инсон аст.
Ба фарқ аз ҳама миллату давлатҳо қадру манзалат ва қимати Модар миёни миллати тоҷик бамаротиб баланд мебошад. Ҳамеша занону модарон дар ҷомеаи хирадсолору адабпарвари мо аз эҳтироми хос бархурдор буданду ҳастанд. Ин қадру манзалат дар даврони соҳибистиқлолӣ аз пеш дида беш гардидааст. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми модарону занонро дар рушду нумӯи давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, ободу зебо намудани кишвар бориз арзёбӣ намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Барои эҳтирому арҷгузорӣ ба офарандагони башарият, модарону занони ғамхору пур аз меҳр дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ҷумла, бо иқдоми роҳбари Фурудгоҳ, шахси ватандӯсту хештаншинос, созандаву бун-ёдкор Қурбони Алимардон дар саҳни Фурудгоҳ чун рамзи муҳаббати поку самимӣ нисбат ба Олиҳаи муҳаббат муҷассамаи "Дуои модар" қомат афрохт.
Бунёди муҷассамаи “Дуои модар” аз ҷониби сокинону меҳмонон ва мардуми азизи кишар бо хушнудӣ пазируфта шуд. Зеро ин пайкараи беназир дар Фурудгоҳ чун рамзи кушоиши кору оғози музаффариятҳо ва ибтидои муваффақиятҳо барои мардум мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми Модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои модарони тоҷикро таъкид намуда, дар ситоишу васфи модар фармудаанд: «Модар – офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва, аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад».
Воқеан, модари тоҷик тули таърих нобиғаҳоеро ба дунё овардааст, ки бо мардонагӣ ва шуҷоату ҷасорат ҳимоятгару сарпаноҳи миллат буданду ҳастанд. Гиромидошти зан – модари тоҷик, дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дошту дорад.
Дили Модар аз ҳама меҳрубонтару ҳассостар, нармтару фарохтар аст. Дар қалби бузурги ӯ оташи муҳаббату меҳрубонӣ асло хомӯш намешавад, дилу дидаи модар ҳамеша дар ёди фарзандон аст. Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд, ки зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармдилтарин шахс – ин Модар аст.
Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар ин росто, ҳар як фарди оқил умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи Модарро то лаҳзаҳои охирини ҳаёт қадр менамояд.
Сино ҒАФУРЗОДА,
корманди ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон