Бахшида ба Рӯзи Модар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии идона баргузор шуд. Дар он ректори Донишгоҳ Асрорзода Убайдулло Саттор, намояндагони раёсати Донишгоҳ, литсейҳои касбии шаҳру ноҳияҳо, донишҷӯён, устодон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Ректори Донишгоҳ бо табрикоти самимӣ ва таманниёти саодати рӯзгору фаъолияти пурсамар сухани ифтитоҳиро оғоз бахшида, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи модарон ва бонувони кишвар боварии комил доранд ва мақому манзалати занро дар идоракунии давлатӣ сол ба сол баланд мебардоранд. Воқеан, имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки занону модарони тоҷик дар арсаи меҳнат дар баробари мардон фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Нақши зан-модар дар пойдории сулҳу субот, арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Пешвои муаззами миллат бо такя ба модарон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки ман ба неруи ақлониву зеҳнии занону модарони кишвари хеш такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу оянда ба занону модарон вобаста аст.
Аз нигоҳи Роҳбари давлат, модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқу ҷавонӣ, нахустин мураббии фарзанд мебошад.
– Ин эътиқоду боварии Сарвари давлат бори дигар занону модаронро водор месозад, ки масъулияти бештару беҳтар эҳсос намуда, қабл аз ҳама, рисолати азалии худро, ки тарбияи насли солим, худшинос ва зираку соҳибмаърифат аст, иҷро намоянд, – гуфт ректори Донишгоҳ.
Дар охири чорабинӣ занону бонувони фаъоли муассиса ва чанде меҳмонон бо сипосномаву мукофотҳои ректори Донишгоҳ сарфароз гардиданд.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»