Дер боз мехостам, ки лаҳзае камоли ҳамнишинӣ бо занҳои тозакори пойтахти азизамон насибам гардад. Ниҳоят дар арафаи Рӯзи Модар нафаре аз онҳо барои як суҳбати сарироҳӣ розигӣ дод. Ин нафар Сокина Каримова аст. Зани арсаи меҳнат, бонуе, ки дар қатори садҳо нафар ҳампешааш дар тозагии кӯчаҳои Душанбеи азиз дасти саҳм дорад, бо чанд ҷумла аз рӯзгори худаш қисса кард, ки шуниданист:
– Дар раёсати идоракунии роҳҳои ноҳияи Сино фаъолият дорам. Субҳ аз соати ҳашт то дувоздаҳи нисфирӯзӣ машғули рӯбучин мешавем. Баъд ба хона баҳри пухтани хӯрок барои фарзандон мераваму корҳои хонаро то бегоҳ ба анҷом мерасонам. Кори шабонаи мо аз соати дувоздаҳ то дуи шаб давом мекунад. Бинобар сабабе ки бо занҳо якҷоя шуда, дастҷамъона кор мекунем, вазнинии корро намефаҳмем. Ба кори худ дил бастаем. Кор мекунам ва мекӯшам зиндагиамро беҳбуд бахшам. Орзу дорам, писарам ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Комёб гардаду дастёри модари пираш бошад.
1000 сомонӣ маош дорам, инчунин, дар ҷашну идҳо мукофотпулӣ мегирем. Мешавад ҳолатҳое, ки туҳфа медиҳанд ва мо барои ин ҳама ғамхориҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино миннатдорӣ баён мекунем.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”