Ба дурустӣ, ки дуои зан-модар назди Худои муттаол иҷобатшаванда аст, мегӯянд. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, шафқати беканор, нури ҳар як хонадон аст.
Пайваста ба хотири модар сухан мегӯему аз бузургиаш ҳарф мезанем, ӯро маънии зиндагиву сафобахши рӯи олам мешуморем. Чун дар воқеъ, бузург аст модар. Бузургии ӯро дар тамоми сайёра бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ кунанд ҳам, ба якшаба ранҷи кашидааш баробар нахоҳад шуд. Ин дарак аз матонату бузургии модар аст, чун ҳазорсолаҳо шоирону нависандагон аз бузургии модар ҳарф мезананду сухан мегӯянд, вале то ба ҳол нуқтаи охири ин мавзуъро наёфтаанд.
Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.с) биҳиштро зери қудуми модар донистааст, ки ин ҳама шаҳодат аз он гуфтаҳост.
Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ, модар,
Хуршеди баланди осмонӣ, модар.
Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ, модар.
Бешак, оғӯши пурмеҳри модар ҳамон биҳишти ҷовидонист. Модар, нахуст қаҳрамони зиндагист.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси эҳтирому садоқат нисбат ба бузургии модару ба қадри ин олиҳаи зиндагӣ расидан ва ӯро қадру манзалат кардан, мунтазам таъкид мекунанд. Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ, низ чунин иброз доштанд: «Ҳар яки мову шуморо модар ба дунё ҳаст кардааст. Гуфтам, боз мегӯям, такрор ба такрор мегӯям, то вақте ки ҷон дорем, то вақте ки нафас боқист, ғамхорӣ кунед, меҳрубон шавед. Касе, ки беҳурматӣ мекунад, дуои неки падару модарро намегирад, умри бобаракат намебинад...». Ин суханонро як ҳарфи одиву сабук напиндоред. Чун самари дуои модар ин марди накуро ба ин мартабаҳо расондааст.
Ҳар гоҳ суханони пурҳикмати бузургонро мешунидам, ки мегуфтанд «зиндагӣ аз модар оғоз меёбад», бароям як сухани муқаррарӣ буд. То вақте шоҳиди ин манзара нашудам, ба умқи ин гуфтаҳо сарфаҳм нарафтам. Саҳнае, ки бароям бузургии ӯро исбот намуд ва водорам сохт, ки бузургии модарро аз суханони гузаштагон нею бо чашми худ бубинам.
Мепарастам ман туро, то зиндаам,
Аз ту мепурсам дуои зиндагӣ.
Модарам, бодо нигаҳбонат Худо,
Зинда бошӣ аз барои зиндагӣ!
Занеро дар таваллудхона дидам, ки солиёни дароз дар орзуи фарзанд буду ба ҳар як тифл бо чашми умед менигарист. Ниҳоят, ин косаи шаҳд ба ӯ низ насиб гардид. Рӯзи ба дунё омадани тифл, модар бо илтиҷою илтимос аз пизишкон хоҳиш менамуд: «Ба ман ҳарчи мешавад, ҳеҷ гап не, вале тифламро наҷот диҳед. Барои идомаи зиндагӣ ӯро имкон диҳед». Духтурон ӯро тассало дода, бо дилпурӣ бо ҳам будани онҳо ва зиндагии хуш кафолат медоданд, вале модар танҳо фикри тифли ба дунё наомадаашро мекард. Чун оғози зиндагии як одами нав фаро мерасид ва модар дар ҳаёт бахшидан ба ӯ таёр буд худро қурбон кунад. Пас, чӣ гуна назди бузургии ин олиҳа сари таъзим фуруд наорему ӯро фариштаи наҷот нахонем?
Сарвари кишвар гуфтаанд: «Нагӯед, ки модар надорем. Ҳамин модари тоҷик барои ҳамаи мову шумо модаранд». Ин суханон бори дигар ҳар яки моро водор сохт, ки дар симои ҳар модар, модари худро бубинему эҳтиромро нисбат ба ин ганҷи бебаҳо бештар намоем. Дар ин радиф, чӣ хуш гуфтааст, шоири ширинсухан Мирзо Турсунзода:
Ҳар куҷое модаре бинам агар,
Хоки пояшро кунам болои сар.
Ҳаст дар ҳар модари бечорае,
Як нишоне аз нишони модарам.
Табиати инсон аҷиб аст. Гоҳ чизҳоеро, ки дар даст дорем ба қадрашон намерасему ганҷи нодирро нодида мегирем. Модар, гаронмоятарин мавҷуди рӯи олам аст, ки касе ба ӯ баробар буда наметавонад. Пас, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем. Агарчи ӯ дар қайди ҳаёт ҳаст ва ё не аёдаташ ҳам қарз асту ҳам фарз.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»