7-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни суҳбат ҷиҳати тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.
Ҳангоми вохӯрӣ мусоҳибон барои таъмини рушди устувор ҷалби сармояи иловагиро ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, таҳкими муқовимат ба оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин, ташаккули иқтисоди сабз ва идомаи рақамикунониро зарур донистанд.
Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим ва шиддат гирифтани пайомадҳои онҳо ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва фишори омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.