Агар ба муҳтавои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дастурамали низомсозест, ки ибтикороти шоиста ва барномаҳои муҳими давлатӣ нахуст дар онҳо тарҳ ёфтаву ба ҳукми иҷро медароянд ва зербинои зиндагии шоистаи моро истеҳком мебахшанд. Аз ин нуқтаи назар, татбиқи ҳар ҳарфу ҳиҷо ва дастуру нишондодҳои Паёми Пешвои миллат рисолати инсонии ҳар фарди худогоҳест, ки худро фарзанди содиқи ин сарзамин меҳисобад.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тақвият бахшидани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ё тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз мавзуъҳои муҳим ва калидӣ буд. Бар пояи таърифи илмӣ, ҳуқуқ таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ дар давлат буда, тавассути он қоидаи рафтори давлат ва мақомоти давлатӣ ҳамчун унсури сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, рафтори ҷомеа ва шахс дар чорчӯбаи муайян муқаррар карда мешавад.
Пешвои муаззами миллат бо ташреҳи аломатҳои муҳими ҳуқуқ ва нақши калидии он дар рушди ҷомеа ва давлат чунин таъкид карданд: «Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад”.
Тавре маълум аст, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз Конститутсия сарчашма гирифта, тавассути дигар қонунҳо танзим ва таъмин мегардад. Он санади олии ҳуқуқиест, ки ба андешаи Сарвари давлат, ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд. Зимнан, риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия ва тарбияи баланди худшиносиву худогоҳии ҷомеа, ки бе баланд бардоштани фарҳанги конститутсионӣ ва маърифати ҳуқуқӣ ғайриимкон аст, аз таъкид ва дастурҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба шумор мераванд. Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ бо ишора ба ин нукта чунин таъкид ба амал оварда шуд: «Тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ ҳар тасмиму иқдомоти хешро бар пояи хиради сиёсӣ ва ояндабинӣ ба амал мебароранд. Чунончи, дар бастагӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия пешниҳод карданд, ки соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад. Ин пешниҳод, дар пасманзари воқеоти ҷаҳони имрӯза, танишҳои бесобиқаи сиёсӣ ва рақобатҳои идеологӣ амри муҳимест, ки ҷомеаи кишвари моро дар сатҳи огоҳии комил аз равандҳои ҷаҳони муосир қарор медиҳад. Зеро тарбияи ҳуқуқӣ ба тавсеаи донишу ҷаҳонбинӣ ва зиракии сиёсӣ мусоидат намуда, ҷомеаро аз ҷараёнҳои хатарзо эмин нигоҳ медорад.
Таваҷҷуҳи дигарбораи Сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар ин самт корҳои судмандеро анҷом дода, чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Татбиқи ин санадҳо, дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа таъсири амиқ гузоштаанд. Айни ҳол бошад, дар мамлакат барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 чун идомаи мантиқию бомароми ташаббусҳои қаблӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ шуда истодааст.
Ҳоло дар иртибот ба ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат, бовар дорем, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги худшиносӣ муосидат намуда, омили муҳими фатҳи уфуқҳои нави рушди кишвар мегардад. Агар мо хостаҳои Президенти маҳбубамонро дар робита ба Соли маърифати ҳуқуқӣ бароварда созем, яъне дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон кори неке анҷом диҳем, пас ин ибтикори шоиста, меавонад дар ташаккули ҷаҳонбинии дорои арзишҳои нави ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун рӯзгори шоиставу ҳаёти маданӣ хизмат намояд.
Муҳаммадфикриё ЗАВҚИҶОНЗОДА, судяи суди ноҳияи Деваштич