Мушкилоти экологӣ ҳанӯз соли 1972 дар аввалин Конфронси байналмилалии экологӣ – Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба проблемаҳои экологӣ баррасӣ шуда буданд. Олимону мутахассисон давлатҳоро даъват карданд, то ин ки ба масоили ҳифзи сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд: партовҳоро кам ва ифлосшавии баҳрҳоро пешгирӣ кунанд. Аз он вақт зиёда аз 50 сол сипарӣ мешавад, вале ин масъалаҳо на танҳо ҳалли худро наёфтанд, балки сол ба сол мушкилтар мешаванд ва рӯйхати захираҳои осебдида торафт меафзояд.
Тавре медонем, гармшавии глобалӣ раванди табиии баланд шудани ҳарорати Замин буда, тули яку ним садаи охир суръати он аз ҳисоби пешрафти технология ва ба таври васеъ сӯзондани сӯзишворӣ меафзояд. Дар ин бора Хадамоти мониторинги аврупоии Коперник гузориш дод, ки ҳарорати Замин бори аввал зиёда аз 2 дараҷа бештар аз давраи пеш аз саноатӣ боло рафтааст. Соли 2023 гармтарин сол дар рӯйи Замин ба ҳисоб рафта, далели ин гуфтаҳост. Тибқи охирин гузориши Созмони Милали Муттаҳид, чунин тамоюли гармшавии иқлим, агар тағйир наёбад, ҳарорат дар ин аср метавонад то 2,5-2,9 дараҷа боло равад.
Асоси гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим партови газҳои гулхонаӣ мебошанд. Гази оксиди карбон дар гармшавии Замин саҳми калон дорад, консентратсияи он дар атмосфера то соли 2020 аз сатҳи пеш аз саноатӣ тақрибан ду баробар афзудааст. Аксари чунин газҳо дар табиат мавҷуданд, аммо таъсири афзоиши аҳолӣ ва фаъолияти пурсамари одамон боиси зиёд шудани консентратсияи газҳо дар атмосфера гаштааст.
КАМШАВИИ ЗАХИРАҲОИ ТАБИӢ
Яке аз оқибатҳои гармшавии глобалӣ тадриҷан кам шудани захираҳои табиӣ ва афзоиши талабот ба оби тоза, нафт, газ, маъданҳои фоиданок мебошад. Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки истихроҷи маъдан дар 50 соли охир беш аз се баробар зиёд шудааст. Истифодаи маъданҳои фоиданок, ғайр аз металл 5 баробар, сӯзишворӣ 45 дарсад афзудааст. Имрӯз зиёда аз нисфи неруи барқи ҷаҳон аз сӯзишвории истихроҷшаванда таъмин карда мешавад. Дар ҳамаи мамлакатҳо 79 миллиард тонна навъҳои гуногуни захираҳо (об, ангишт, гази табиӣ, нафт, фосфор ва моҳӣ), ки хавфи тамомшавӣ доранд, истеҳсол шуданд.
Биёбоншавӣ ва таназзули замин низ аз ҳисоби истихроҷи маъдан, фаъолияти пурсамари кишоварзӣ ва чорводорӣ ба амал меояд. Баробари тараққӣ кардани ин соҳаҳо дарахтон ва ҷангалзорҳо бештар осеб дида истодаанд. Биёбоншавӣ ҳосилнокии биологии заминҳои лалмиро паст мекунад. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳифзи манбаъҳои табиӣ, аз ҷумла об, кишвари мо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ тамоми давлатҳоро ба ҳифзи сарватҳои табиӣ даъват намуд ва ин ташаббусҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфт.
ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои узви СММ Созишномаи Парижро имзо кард ва ба ин васила, барои ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим уҳдадориҳои худро иҷро намуда истодааст. Яке аз уҳдадориҳои кишвари мо низ коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ буда, дар робита ба ин дар ҳоли ҳозир мутахассисони варзида аз вазорату идораҳои гуногун барои ҳисоб кардани партови бе ин ҳам кам дар ҷумҳурӣ – партови газҳои гулхонаӣ дар панҷ бахш – энергетика, равандҳои саноатӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва хоҷагии ҷангал, партовҳо ҷалб шудаанд. Дигар талаботи Созишнома омода кардани Муколамаи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим мебошад. Дар доираи иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Гузориши чоруми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим омода ва пешниҳод гашт. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Барномаи рушди СММ Нақшаи миллии мутобиқшавӣ оид ба татбиқи Стратегияи мазкур дар мавзуи «Таъмини раванди самараноки Нақшаи миллии мутобиқшавӣ барои Тоҷикистон» таҳия гардид.
Бо назардошти андешидани чунин тадбирҳои мушаххас, дар ҷумҳурӣ аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил меёбад. Ҳоло дар ҳама соҳаҳо, сар карда аз соҳаи энергетика ва нақлиёт то соҳаи савдою хизматрасонӣ пурра ба фаъолият бо барқ ва дигар неруи барқароршаванда гузашта истодаанд. Аз ин ҷост, ки то соли 2032 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз», таъмин карда мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”