(Дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат»)
Замоне Бобоҷон Ғафуров ба рӯзноманигорӣ машғул шуд, ки муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва талаби вақт ниёз ба ин касб дошт. Сохтори нав ва Ҳукумати Шуравии вақт барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ ба ҷавонони навпардоз ва бедори тоҷикон эҳтиёҷ дошт. Ҳамин эҳтиёҷ ва дар ҳамин замина рӯ овардан ба хиради зиёиёни ҷавони бедори охири солҳои бистум ва аввали солҳои сиюми асри ХХ тақозои замон буд ва давлати навташкили шуравӣ ба ин васила ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии худро амалӣ менамуд. Аллакай ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии халқи тоҷик дар симои зиёиёни он дар ин марҳилаи таърихӣ хеле боло рафта буд.
Тақсими беадолатонаи ҳудуди марзии Осиёи Миёна ба мағзу афкори мардуми тоҷики бедоргашта, хусусан зиёиёни он кора кардаву талошҳо барои барқарории ҳақ ба ҳақдор идома меёфт. Ана дар ҳамин аснои талошҳо Бобоҷон Ғафурови ҷавон, писари шоири номвар Розия Озод дар инъикос кардани воқеаҳо ва ҳаводиси зиндагии нав рӯ ба рӯзноманигорӣ ниҳод ва дар ин замина ба сиёсати давр ворид гардид. Рӯзномаҳое, ки ба Хуҷанд бо ҳар роҳ интиқол меёфтанд, Бобоҷони ҷавон онҳоро пайдо ва мутолиа мекард. Ба касби журналистӣ дилбастагӣ дошт. Хабару мақолаҳои ӯ бо имзоҳои мус-таор дар рӯзномаҳои сатҳи гуногун ба чоп расида, варо ба ҷомеа шиносонд. Ба корҳои ҷамъиятӣ чун комсомоли пешқадам фаъолона ширкат варзида, сиёсати Ҳукумати Шуравиро дастгирӣ ва барои ғалабаи он ҷон мебозид. Дар ҳамин айёми ҷавонӣ борҳо ба ҷони ӯ суиқасдҳо ташкил карданд, вале душманони сохти нав ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Ҳаёти ӯ доимо дар хатар буд, аз ин рӯ, бо қарори кумитаи ноҳиявии ҳизб аз бинои роҳи оҳан ҳуҷраи корӣ ҷудо шуда, ҳифзи ӯро милитсия назорат мекард. Ӯ ҳамчун мухбири коргару деҳқон соли 1928 бо роҳхати кумитаи комсомолии ноҳия ба курси яксолаи олии ҳуқуқшиносии шаҳри Самарқанд рафт. Вале курси олии ҳуқуқшиносӣ диққати Бобоҷон Ғафуровро ҷалб накард. Ӯ шефтаи журналистика ва сиёсат буд. Ба бахти Бобоҷон Ғафуров дар ҳамин вақт муҳарририи рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро журналист, ходими сиёсию давлатӣ, публитсисти шинохта Муҳаммадҷон Ҳасании Хуҷандӣ ба зимма дошт. Онҳо ҳамдигарро хуб мешинохтанд. Дар идораи рӯзнома беҳтарин зиёиён, публитсистон, шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, ходимони сиёсию давлатӣ ва ҳизбии ҳамон давраи тоҷик аз Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Хӯқанд, Тошкент гирд омада буданд. Сарварии рӯзномаро устод Айнӣ ва Саидризо Ализода бар дӯш доштанд. Маҳз ба воситаи ҳамкорӣ бо рӯзномаи «Овози тоҷик» Бобоҷон Ғафуров бо аҳли илму эҷоди шаҳри Самарқанд ошноӣ пайдо кард. Соли 1928 нахустин навиштааш дар рӯзномаи «Овози тоҷик, шумораи 251, бо номи «Ҷинояткори Исфисор» чоп мешавад ва он рӯзҳоро ба ёд оварда, ба муносибати 50-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик», соли 1974 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чунин менигорад: «Он аҳамияти бузургеро, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар солҳои бистум барои маърифати сиёсии омма ва мустаҳкам кардани ягонагии интернатсионалии ҳамаи меҳнаткашон дошт, дар ёд дорам. Дар он солҳо ман ба бахти мухбири фаъоли рӯзнома будан мушарраф гаштаам». Ин андеша аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Бобоҷон Ғафуров журналистикаро маром ва мақсади асосии зиндагии хеш донистааст. Ӯ ҳамчун мухбири фаъоли рӯзномаи «Овози тоҷик» дар зери навиштаҳои худ имзои мустаор мегузошт. Муҳити эҷодии шаҳри Самарқанд ӯро бо устод Айнӣ, Саидризо Ализода, Ҳоҷӣ Муъин Шукруллозода, Раҳим Ҳошим, Баҳриддин Азизӣ, Алӣ Исмоилзода ва дигарон ошно намуд. Алалхусус, шиносоӣ ва ҳамнишинӣ, ҳамкорӣ бо устод Айнӣ ва Саидризо Ализода ҷаҳонбинии ӯро хело боло бурд. Навиштаҳои онҳоро мутолиа намуда, худшиносии худро, миллатдӯстдории худро, эҳтироми таъриху фарҳанги худро аз ҳама боло мегузошт. Бобоҷон Ғафуров мақолаҳои устод Айниро, аз ҷумла «Ленин ва Шарқ»-ро хонда, андеша дорад, ки шавқу завқи ӯро ба журналистика ва сиёсат бомаром бедор кардааст. Аз ин ҷо, профессор И. Усмонов менависад: «Яъне, Бобоҷон Ғафуров ақидаи устод Айниро ҳамчун маслаки журналистӣ ва илмии худ қабул кард». Ин маслак барои Бобоҷони ҷавон маслаки худшиносӣ ва миллатшиносӣ буд. Мақолаи дигаре, ки таваҷҷуҳи Бобоҷон Ғафуровро бедор кард, матлаби Саидризо Ализода ««Овози тоҷик» ва Шарқ» буд.
Мақола бо имзои мустаори Рустоӣ чоп шуда, нуфузи рӯзномаро дар Шарқ муайян мекунад. Маводи рӯзнома ба афкори мардуми форсизабони Шарқ ва бедор кардани худшиносии онҳо таъсир ва хизмати шоистае кардааст. Фаъолияти журналистӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Бобоҷон Ғафуров рӯз ба рӯз ташаккул меёфт ва маслаки ақидавии ӯ мустаҳкам мегардид. 25 марти соли 1930 дар округи Хуҷанд рӯзномаи ҳавзавии «Роҳи колхозчӣ» таъсис меёбад ва Муҳаммадҷон Ҳасании Хуҷандӣ муҳаррир таъин мегардад, ба ҷои ӯ журналист ва публитсисти шинохта Шаҳобиддин Садрулин муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» мешавад. Марҳилаи нави инкишофи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дар ин замина тақвияти таъсиррасонии он ба афкори омма ба вуҷуд меояд. Дар ҳамин муддат Бобоҷон Ғафуров на танҳо ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳамкориашро давом медиҳад, балки ба рӯзномаи ҳавзавии «Роҳи колхозчӣ» (баъдтар «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Ҳақиқати Суғд») матолиби худро ба табъ мерасонд, ки боиси норозии қувваҳои аксулинқилобӣ, муллоҳои иртиҷоӣ, дузду қаллобҳо, ҷинояткорон мегардид. Бо вуҷуди зери маводаш гузоштани имзоҳои мустаор мардуми одӣ навиштаҳои ӯро мехонданд, ӯро мешинохтанд. Ба ҷасорат ва нотарсии ӯ қоил мешуданд. Мавзуъҳое, ки Бобоҷон Ғафуров дар он солҳои вазнин дар саҳифаҳои рӯзномаҳо бардоштааст, мавқеи андешаҳои ӯро дар бораи ҳақиқати воқеӣ нишон медиҳад ва ҳамин андешаҳои миллию ватандӯстӣ ҷавҳари фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ӯро минбаъд тақвият мебахшанд. Ҷаҳонбинии сиёсӣ ва фарҳангии ӯро ҳамин муносибатҳои хеле мураккаби охири солҳои бист ва аввали солҳои сиюми садаи ХХ ташаккул додаанд. Агар ба сархати навиштаҳои ӯ назар афканем, мебинем, ки ба мавзуъҳое рӯ овардааст, ки имрӯз низ ин мавзуъҳо дар ҷомеаи мо актуалӣ ва хеле муҳиманд. Ҷаҳони имрӯза чун ҷаҳони дирӯза проблемаҳоеро рӯёрӯйи мо – тоҷикон гузоштааст, ки ҳар яки мо чун Бобоҷон Ғафуров синасипар барои Ватану миллати хеш бошем. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз мо аз дур Ватанро, миллатро, ҳалқро таҳқир накунем ва дар дохил ба ҳушёрии сиёсӣ, худшиносӣ, ватандӯстии воқеӣ рӯ орем. Ҳамин фазилатҳоро аз навиштаҳои солҳои гуногуни Бобоҷон Ғафуров омӯзем ва ба дигарон онро фаҳмонем. Тавре дар фавқ таъкид кардем, навиштаҳои ӯ, аслан, дар солҳои аввали фаъолияти мухбириаш дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Роҳи колхозчӣ», «Тоҷикистони сурх» ва «Қизил Тоҷикистон» сурат гирифтааст. Хабару мақолаҳо, фелйетонҳои зиёди ӯ дар солҳои 1928-1930 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бо имзоҳои мустаори Б.Чӯлоқ, Б.С.Исфисорӣ, Бобоҷон Чӯлоқ нашр шудаанд. Истифода бурдани имзоҳои мустаор дар он марҳилаи таърихӣ бесабаб нест, зеро душманон доимо дар қасди ҷони мухбирони коргару деҳқон буданд. Аз ин ҷо, яке аз муҳаррирони рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» Э. Муҳсинзода навишта буд: «Вақте ки аввалин мухбири фаъол Бобоҷон Ғафуровро бо мақсади куштан ҷустуҷӯ мекарданд, вай ҳар шаб ҷои худро иваз мекард, коммунистон бошанд, ӯро муҳофизат карда, бар зидди ҷинояткорон қатъӣ мубориза мебурданд. Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров зиндаву саломат монд».
Бобоҷон Ғафуров бо журналистика буд ва журналистика дар ҳаёти ӯ нақши муҳим бозид. Албатта, муҳити адабии Самарқанд дили Бобоҷон Ғафуровро ба рӯзноманигорӣ гарм ва ба журналистика меҳр бастанро падид овард. Ҳамин буд, ки соли 1930 ӯро мудири шуъбаи рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» таъин намуданд. Ӯ муддате дар ин вазифа кор мекунад. Дар солҳои сиюм тарбияи кадрҳои журналистӣ чун обу ҳаво зарур буд. Тарбияи кадрҳо дар ду самт ҷараён дошт. Якум, ба воситаи мухбирони коргару деҳқон тавассути дар назди редаксияҳо ташкили маҳфилҳо. Дуюм, ҷалб намудани мухбирон ва омӯзондани онҳо дар мактабҳои олии журналистӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи коммунистии журналистика (ДКЖ), ки дар шаҳри Москва буд. Соли 1931 Бобоҷон Ғафуровро барои таҳсил ба ДКЖ мефиристанд. Зимни хондан дар Донишгоҳ беҳтарин устодон, ходимони сиёсӣ, ҳизбию давлатӣ, ҳиндушиносону арабшиносон Е.Ярославский, П.Н.Поспелов, И.М.Рейснер, Е.А.Беляев тавонистанд ба дилу дидаи ӯ журналистикаро ҷой диҳанд ва дар як вақт ба таҳқиқи илмӣ машғул шуданро талқин кунанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо шахсиятҳои маъруфи сиёсии дунё, роҳбарони Коминтерн низ, ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Ба андешаи профессор И.Усмонов: «Ин барои Бобоҷон Ғафурови журналист ва сиёсатмадор таълимгоҳи ивазнашаванда буд». Таҳсил дар Донишгоҳи коммунистии журналистика барои Бобоҷон Ғафуров дунёи илму журналистикаро боз кард. Қобилият ва малакаи илмӣ, эҷоди журналистӣ доштан ва роҳбари сиёсӣ будан дар фаъолияти ҳамарӯзаи ӯ ташаккул меёфтанд. Баъди хатми Донишгоҳ Бобоҷон Ғафуровро ба вазифаи муовини муҳаррири рӯзномаи «Қизил Тоҷикистон» тавсия медиҳанд. Чанд муддат дар ин вазифа бомуваффақият кор мекунад. Маҳорати журналистӣ, қобилияти эҷодӣ ва фаҳмиши сиёсӣ, кор дар низоми матбуоти даврӣ, ташаккулёбии фаъолияти сиёсӣ, густариши фарҳанги сиёсӣ ба Бобоҷон Ғафуров имконият додаанд, ки дар тамоми фаъолияташ аз ин фарҳанги воло истифода барад. Дар ин ҷо меарзад аз як мусоҳибаи рӯзноманигорони эронӣ Сируси Алинажод ва Ҷаводи Муҷобӣ бо академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷаллаҳои «Ҳунар ва мардум» ва «Ояндагони адабӣ» (Теҳрон, соли 1974) дар мавзуи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз дидгоҳи Ғафуров - раиси Институти ховаршиносии шуравӣ» ёдовар шавем: «Дар суҳбат кардан ба мафҳуми мусоҳиба заранг (доно) буд, вақте ки фаҳмидам пирамарди 64-сола, чанде пеш давраи рӯзноманигориро тамом карда, тааҷҷуб накардам, ки чаро аз равишҳои мусоҳиба ба шакли ҳирфаӣ истифода мекунад». Ин баҳои воқеӣ ба ҳунари рӯзноманигории бунёдии аллома Бобоҷон Ғафуров аз тарафи рӯзноманигорони эронӣ буд…
Баъди фаъолияти амалии журналистӣ ӯ бо пешниҳоди КМ ҲК(б) Тоҷикистон ба кори ҳизбӣ мегузарад. Дар КМ ҲК Тоҷикистон аввал инструктор, баъд мудири бахши матбуот, минбаъд муовини мудири шуъбаи ташвиқи КМ ва басти фарҳангу маориф фаъолият мекунад. Дар дастгоҳи марказии ҳизб кор мекарду дар як вақт муҳарририи маҷаллаҳои гуногуни ҳизбиро бар дӯш дошт. Аксари сармақолаҳои маҷаллаҳоро худаш менавишт ва дар ин мақолаҳои назариявӣ мавзуъҳои муҳими ҳизбӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиро таҳлил мекард. Дар ҳар навиштаҳои ӯ сиёсат эҳсос мешавад. Маводи ӯ дар маҷаллаҳои «Ба ёрии коркунони партиявӣ», «Блокноти агитатор», «Ҳуқуқшиноси шуравӣ», рӯзномаҳои «Тоҷикистони сурх», «Газетаи муаллимон», «Барои маорифи коммунистӣ» масъалаҳои муҳими солҳои сиюми асри ХХ дар бар мегиранд. Қисми зиёди мақолаҳои солҳои сиюм ва чилум навиштаи ӯ хусусияти ташвиқотӣ дошта, дар ҳар маврид бовар кунондани хонанда ба мазмуну мундариҷаи матлаб эҳсос мешавад. Дар солҳои 30-юм ва 40-ум аллома Бобоҷон Ғафуров на танҳо чун журналист ва сиёсатмадори номвар, балки муаррихи варзида ба камол расида, мақолаҳои зиёде дар бораи таърихи тоҷикон навишта, пойдевори асари бунёдии худ «Тоҷикон»-ро гузоштааст. Давраи аввали фаъолияти Бобоҷон Ғафуровро дар ин солҳо профессор И.Усмонов чунин арзёбӣ мекунад: «Фаъолияти журналистии Бобоҷон Ғафуров то замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ асоси сиёсӣ дошт ва далолат мекард, ки ӯ шахсияти сиёсӣ ва илмӣ мебошад» ва зиёда аз ин «Журналистикаи ӯ бошад, ҳамчун журналистикаи илмӣ намунаи таҳқиқи одилонаи дирӯз ва имрӯзи халқҳо аст».
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бори дигар нишон медиҳад, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заҳмату талошҳои Бобоҷон Ғафуров дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллии тоҷикон эҳтиром доранд.
Аъзамҷон АЗИМОВ, профессор