Дар таърихи ҳазорсолаи адабиёти миллии мо ба нудрат адибоне арзи ҳастиву эҷод кардаанд, ки якбора дар чанд навъ ва жанрҳои адабӣ муваффақ ва шуҳратёр гашта бошанд. Барҳақ, аҳли илму адаб ба ин хулоса омадаанд, ки табиат дарку истеъдодро дар ин маврид на ба ҳар кас ва ҳам на ҳамаро ба як нафар мебахшад. Ба устод Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, табиат саховатмандона бахшиши зиёд кардааст. Вақте кас шеърҳои барои кӯдакон эҷоднамудаи ӯро мутолаа мекунад, дар ин ақида устувор мемонад, ки ӯ аз беҳтарин шоир дар ин соҳа аст. Дунёи зебои кӯдаконро хуб медонад, ба онҳо эҳтироми махсус қоил мешавад. Забони шеърҳояш равон, фаҳмо ва дилрасанд. Андешаву тасвирҳояш офаридаҳояшро чунон зебову таҳрикдиҳанда мегардонанд, ки бо як хондан на танҳо писанд меафтанд, балки зуд аз ёд мешаванд.
Дар эҷоди шеър барои калонсолон низ аз шоирони муваффақ аст. Шеърҳояш хоси худаш ва дунёи поку зебояш мебошанд. Андешаву тахаюлоту эҳсос баробар зуҳур мекунанд. Дар ин сурат ҳеҷ касе наметавонад онҳоро ба хушнудӣ напазираду ба эҷоди асарҳои дигараш ба хотири мутолаа рағбат пайдо накунад. Диду дарёфти мавзуъҳои шеърҳояш аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад, албатта, тарзи баёни андешаву дардҳои шоиронааш низ. Маҳдуд нест ва худро ҳам такрор намекунад. Шумораи шеърҳояш низ зиёд аст. Бо мутолааи ашъори зебову пурмазмуну пурдард, кас тааҷҷуб мекунад, ки ӯ чи гуна тавониста ин ҳамаро бинаду эҳсос намояду ба хонанда дар шакли шеъри волову мондагор пешкаш созад. Бо дарки дардҳои шоиронааш ҳатман ба ин пурсиш посух мехоҳад биёбад: дар зери бори ин ҳама дардҳо, аламҳо чӣ гуна тавониста, ки зиндагӣ бикунад?
Дарку фаҳми дурусти олами ҳастӣ низ, фикр мекунам, як бахшиши бузурги табиат аст, ки на ҳама касро насиб мегардад. Ӯ бо дарёфти ин ҳақиқати зебо дар пайи ному шуҳрат набуд ва нест. Он чиро гуфту мегӯяд, ки дил амр медиҳад, ақлу заковат онро қабул медорад ва дар тарбияи маънавии инсонҳо таъсири нек мегузорад.
Аз баҳри тахти шуҳрати дурӯза чун нигин
Худро ба доми маҳбаси хотам намезанам.
Ва ё:
Кӯҳам, зи бори ҳодиса ҳам хам намезанам,
Бошад зи санг пайкари ман, нам намезанам.
Дар жанрҳои гуногуни адабӣ, тавре пештар ҳам зикр шуд, муваффақ аст. Аз ҷумла, дар рубоӣ, ки он дар баробари истеъдод аз гӯяндааш диду дарку андешаи наву тозаву амиқро талабгор аст. Дар ин жанр на ҳар кас муваффақ шуда метавонад. Бо силсила ва миқдори зиёди рубоиҳояш тавонист дар миёни хонандагону донандагони адабиёти асил маҳбубияти хос пайдо кунад. Нигоҳи ӯ дар рубоӣ низ аз дигар рубоисароён тафовут дорад, тарзи гуфтораш низ. Хонандаро бар сари мавзуъҳое мекашад, ки барои пешрафташ дар зиндагӣ бисёр муҳиманд.
Олудаи ғам хотири болидаи мост,
Аз хоркани асар гули чидаи мост,
Бар даҳр нигоҳи дигаре медӯзем,
Ҳар нуқта нишони мардуми дидаи мост.
Дар эҷоди ғазал ҳам дастболост. Ғазалҳояш равону дилнишинанду зебо. Бо назокати хос онҳоро мегӯяд: аз санъатҳои лафзиву бадеӣ устодона истифода мекунад. Ӯ ғазалро дар адабиёти навин ҷилои тозаву рангин дод. Дар вазнҳои гуногун онҳоро гуфт. Яъне, маҳдудиятро хонанда эҳсос намекунад:
Нигоҳи ҳайратам акнун, зи хоб метарсам,
Зи маргсурати пуризтироб метарсам.
Ва ё:
Шикваи пур аз ҳуҷуми дарди дил
Лолро ҳам бар сари минбар барад.
Бо таълифи силсилаи сурудҳо низ исбот гардид, ки дар ин маврид низ ба мақоми устодӣ расидааст. Аз онҳо ба хубиву осонӣ метавон дарк кард, ки ӯ донандаи мусиқӣ ва хусусиятҳои созҳо мебошад. Бузургтарин оҳангсозону овозхонҳо бе душворӣ ба онҳо оҳанг бастаанд. Овозхонҳои маъруф онҳоро сароидаанд.
Ашъори ватандӯстонаи Муҳаммад Ғоиб на танҳо зиёданд, балки дилнишину тарбияткунандаанд. Бо мазмунҳои бикру тарзи олии баён, тасвирҳову муқоисаҳои зебову дуруст тасхиркунандаи дилу ҷонанд.
Дар навиштани ҳикоя, қисса, роман ва очеркҳои бадеӣ низ дастовардҳои зиёду назаррас дорад. Дар ин маврид бештар ба мавзуъҳои ахлоқӣ рӯ овардааст. Албатта, адиб ба хубӣ эҳсос кардаву медонад, ки ахлоқи неку барои ҳар миллат, хосса миллати мутамаддин зарур аст ва он чун як шиноснома арзиш дораду қабул мешавад.
Филмномаҳову драмаҳои манзуму мансураш низ аз ҷониби мутахассисон эътироф гардидаанд. Аз рӯи онҳо намоиш омода сохтаанду филм гирифтаанд. Дар ин навъи адабӣ эҷод кардан агарчи бас душвор мебошад, аммо ӯро ба осонӣ даст медиҳад.
Ӯ дар сарварӣ низ собит сохт, ки ободгар асту истеъдоди хос дорад. Чун инсони неку хушахлоқ, дилсӯзу дар навбати худ пуштибони адолату ҳақиқат маҳбубияти зиёдро касб кардааст.
Одамиятро ӯ аз ҳама чиз боло медонад ва мехоҳад ин ҳақиқати зеборо ҳама на танҳо бишиносанд, балки соҳиби он бошад.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»