Дар вилояти Хатлон ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят дар давраи 2 моҳи соли 2024 баргузор гардид, ки дар он сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони муассисаҳои таълимии ВКД бо қароргоҳ дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоб, роҳбарияти ҷузъу томҳои Вазорат дар вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Дар он фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои муайянгардида, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ифротгароӣ, ошкорнамоии ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, мусодираи маводи мухаддир ва таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа бо назардошти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ ва натиҷагирӣ шуд.
Сардори раёсати ВКД дар вилоят генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода эълон намуд, ки фаъолияти минбаъдаи мақомоти милитсияи вилоят таҳти шиори "Тарбияи ватандӯстӣ - омили пешгирии ифротгароӣ" роҳандозӣ мегардад.
Сипас, бо мақсади ноил гардидан ба вазифаву ҳадафҳои дар назди милитсия гузошташуда як қатор дастуру супоришҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ ва боло бурдани эътимоду боварии мардум ба милитсия чун сипару такягоҳ ва ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба иттилои ҳайати шахсии милитсияи вилоят расонда шуда, кормандон уҳдадор гардиданд, ки дар муносибату муошират бо аҳолӣ аз рӯӣ принсипҳои хушахлоқӣ, хушмуомилагӣ ва гуманистӣ фаъолият намоянд.
Дар идомаи машварати оперативӣ-хизматӣ сардори мақомоти милитсияи вилоят бори дигар аз ҳайати шахсӣ даъват ба амал овард, ки баҳри таъмини пурраи волоияти қонун дар вилоят ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, таҳкими ҳамкории милитсия бо аҳолӣ, баррасии фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон як қатор чорабиниҳои мақсаднок ва пешгирикунанда баргузор намоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"