Ба мерос гузоштани таҷрибаи ғании собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои наврасу ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, дӯстии халқҳо, муносибати ҷиддӣ ба таҳсил ва касбомӯзӣ, меҳнати шоистаю пурифтихор, интизоми қавии ҳарбӣ аз хислатҳои ҳамида ва ибратбахши раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Қудратов буд, ки аз худ мероси таҷрибаи ғании рӯзгорро боқӣ гузошт.
Раҳмат Қудратов 15-уми октябри соли 1931 дар шаҳри зебою бостонии Самарқанд таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо ба воя расида, дониш омӯхт. Даҳсола буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Пас аз хатми мактаби миёна Раҳмат Қудратов соли 1949 ба Донишкадаи давлатии тоҷикии омӯзгории шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро дар муддати ду сол хатм намуд. Он солҳо дар тамоми Осиёи Марказӣ, алалхусус дар навоҳии кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимон намерасиданд. Бо ҳамин сабаб Раҳмат Қудратовро соли 1951 барои кор ба ноҳияи Файзобод фиристоданд. Ӯ баробари ба ноҳия омаданаш директори яке аз мактабҳои 7-сола таъин гардида, ҳамзамон ба шогирдон аз фанни таърих дарс мегуфт.
Соли 1952 комиссариати ҳарбии ноҳия Раҳмат Қудратовро барои хизмат ба сафи артиш даъват намуд. Мудири маорифи ноҳия аз комиссариати ҳарбии ноҳия хоҳиш намуд, ки бо сабаби нарасидани муаллимон директори ҷавони мактабро аз хизмати ҳарбӣ озод намояд. Он солҳо ба муаллимон иҷозат медоданд, ки ба аскарӣ нарафта, кори омӯзгориашонро идома диҳанд. Вале Раҳмат Қудратов ба ин розӣ нашуда, хоҳиш намуд, ки ӯро ҳатман ба аскарӣ фиристонанд. Ӯ хуб дарк намуда буд, ки хизмати аскарӣ як мактаби бузурги ҳаёт аст ва ҳар як ҷавонмард бояд аз ин санҷиш гузарад. Хизмати ҳарбиро ба охир расонда, ба Точикистон баргашт ва хоҳиши ба ҷойи кори аввалааш рафтанро дошт. Аммо бо ҳукми тақдир ӯро ба ноҳияи Молотовобод (ноҳияи Ҷайҳун)-и вилояти Хатлон ба кор фиристоданд. Раҳмат Қудратов дар ин ноҳия тақрибан як сол омӯзгори мактаби ҳафтсолаи рақами 12 шуда кор кард. Забондонӣ ва малакаи кории Раҳмат Қудратов зуд муаррифӣ шуд ва роҳбарияти ҳизбии ноҳия ба вазифаи котиби аввали кумитаи комсомоли ноҳия пешбарӣ намуданд, ки дар ин вазифаи пурмасъулият ду сол кор кард.
Аз заҳматпешагӣ кордонии Раҳмат Қудратов дар идораҳои ҳизбию давлатӣ ба хубӣ огоҳ шуданд. Аз ин лиҳоз, ӯро пас аз тағйирёбии муайяни сохторҳои ҳизбию давлатӣ, ба роҳбарии яке аз сохторҳои навташкили муҳимтарини мақомоти ҳизбӣ ва давлатӣ дар он давра – кумитаи назорати ҳизбӣ ва давлатии раёсати истеҳсолии колхозию совхозии ноҳияи Панҷ ва Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) пешбарӣ намуданд. Солҳои 1967-1974 котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Москва (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) -и собиқ вилояти Кӯлоб буд. Қобилияти калони ташкилотчигии Раҳмат Қудратовро ба назар гирифта, роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро ба вазифаи дигари масъулиятнок - раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳияи Панҷ пешбарӣ намуд. Соли 1974 ӯ ба ин вазифа интихоб гардида, то соли 1987, яъне 13 сол кор кард. Ӯ солҳои 1987-1992 мудири шуъбаи кинофикатсияи кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ва директори Иттиҳодияи истеҳсолӣ- эҷодии кино ва видеои ҳамин вилоят буд.
Раҳмат Қутратов соли 2000 ҳамкории худро бо Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ оғоз намуда, вазифаи раиси комиссияи доимии ҳифзи иҷтимоии Шуроро ба уҳда дошт. Роҳбарияти Шуро маҳорати корӣ ва таҷрибаи бойи Раҳмат Қудратовро ба назар гирифта, соли 2001 ӯро сармутахассис ва моҳи июни соли 2002 ба вазифаи муовини якуми раиси Шуро таъин намуд. Фаъолияти пурсамар ва заҳматҳои ҳамешагии Раҳмат Қудратов боиси он гардиданд, ки моҳи октябри соли 2005 раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ интихоб гардид. Мавсуф фаъолияти Шуроро дар робитаи доимӣ бо шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шуъбаҳои он ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда буд. Шуро барои дар амал татбиқ намудани тамоми дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош намуд.
Ватан хизматҳои пурарзиши бисёрсолаи Раҳмат Қудратовро қадр намуда, ӯро бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (1977), медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок» (1960), «Барои меҳнати шоён» (1971), «Ветерани меҳнат» (1985), «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2011), «75-солгии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» (2021), инчунин, зиёда аз 15 медали ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардондааст. Ӯ «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Раҳмат Қудратов меҳру муҳаббати бепоёни худро нисбат ба халқу Ватани азизаш, ба роҳбарияти мамлакат, хусусан ба Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти доимии худ, бо суҳбатҳои гарм ҳамроҳи мардум, бо ҳар як гуфтаю навиштааш изҳор менамуд. Ӯ шукри рӯзгори имрӯзаи ободи мамлакат, шукри чунин роҳбари хирадманд ва Ватани биҳиштосо – Тоҷикистони азизамонро менамуд.
Бо таассуф, якуми марти соли 2024 баъд аз бемории начандон тулонӣ риштаи умри ин марди хирад, устоди устодони собиқадор дар синни 94 солагӣ канда шуд.
Раёсати Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ, таҷрибаи бою пандомӯзи ин пири хирадро мавриди роҳнамоии фаъолияти худ қарор дода, онро ботадриҷ идома медиҳад.
Раёсати Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон