Шукри Худованд, ки аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ, сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сол ба сол рушду тавсеа меёбанд. Бавижа, бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш ривоҷу равнақ ёфта, тайи ин солҳо дар баробари таҷдиду навсозии беморхонаҳову дармонгоҳҳо, инчунин, муассисаҳои тиббии замонавӣ ташкил гардида, бо кадрҳои баландихтисос ва таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Ба шарофати шароитҳои муҳайёгардида, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба мамолики хориҷӣ нарафта, дар Ватани хеш аз хизматрасонии тиббии баландсифат бархӯрдор шаванд.
Бо истифода аз минбари баланд – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, мехоҳам миннатдории худро ба роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии “Шифобахш””, инчунин, табибони ҳозиқу мушфиқ Ҷовид Ҷамшедов (мудири шуъба), Суҳроб Дилшодов (ҷарроҳ), Аскар Наҷмиддинов, ки дар табобату ба по хезондани ҳамсарам саҳми беандоза гирифтанд, баён намоям. Маҳз хидмати софдилона ва дилбардориву меҳрубониҳои онҳо завҷаи азизамро, ки гирифтори бемории вазнин буд, шифои комил бахшид.
Шамсиддин НАҶМИДДИНОВ,
сокини шаҳри Хуҷанд