13-уми март бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе, ҷиҳати омодагии варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024, бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ, семинари омӯзишӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, муассисаҳои тайёрии варзишӣ, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар, мураббиён ва намояндагони федератсияҳои варзишии намудҳои олимпӣ иштирок намуданд.
3 нафар мутахассиси сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми се рӯз ба шунавандагон оид ба масъалаҳои назорати допинг дар варзиш, менеҷменти варзиш ва ҳаракати олимпӣ машғулият мегузаронад.
Феълан варзишгарони мо ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 се роҳхат ба даст овардаанд, ки ҳар се ба намуди бокс мансуб аст: Миҷгона Самадова (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63,5 кг), Давлат Болтаев (-92 кг).
33-юм Бозиҳои олимпӣ дар Парижи Фаронса аз 26-уми июл то 11-уми август аз рӯи 32 намуди варзиш доир мегардад.
ФУТБОЛ
Сармураббиёни нави дастаҳои наврасону ҷавонон таъин шуданд
Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ва мутахассиси 56-солаи итолиёӣ Марко Раҷини сармураббии нави тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъин шуданд.
Онҳо дастаҳоро ба марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳҳои сентябр (ҷавонон) ва октябр (наврасон)-и соли равон ба нақша гирифта шудааст, омода мекунанд.
М. Костич, ки дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и UEFA мебошад, дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ҳамчунин, бошгоҳҳои «Срвена Звезда» (Сербия), «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговина), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия)-ро роҳбарӣ кардааст.
Марко Раҷини бошад, фаъолияти мураббигии худро дар Сан-Марино оғоз бахшидааст. Солҳои зиёд узви ситоди мураббиёни мунтахабҳои наврасон, ҷавонон ва дастаи асосии Сан-Марино буд. Чанд сол дар Швейтсария ёвари сармураббии «Киассо» ва «Беллинтсон» буд, инчунин, мустақилона тими «Локарно»-ро роҳбарӣ кардааст. Ҳамчунин, дар дастаҳои футболи Литва, Конго, Нигерия, Муғулистон ва Малайзия таҷрибаи корӣ дорад. Аз соли гузашта М. Раҷини ба ҳайси директори техникии Академияи «Ювентус» дар Душанбе ва мушовири раёсати техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон адои вазифа мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”