Ба андешаи мутахассисони соҳа, дар заминаи Барнома саршумори харгӯш дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз 100 ҳазор сар ба беш аз 360 ҳазор сар расонда мешавад. Инчунин, истеҳсоли 1000 тонна гӯшти парҳезӣ ва 500 ҳазор дона пӯст пешбинӣ шудааст.
Вақте бо ходими калони илмии шуъбаи моҳипарварӣ ва харгӯшпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Акрам Ҳоҷиев ҳамсуҳбат шудем, ӯ чунин гуфт: “Таҳлили олимон нишон дод, ки барои парвариш ва таъмини 10 сар чорвои калони гӯштӣ бо хӯрокҳои гуногун 10 гектар замини обӣ лозим, аммо барои парвариши 1500 сар харгӯш дар қафас ду садяк замин кифоя аст. Зимни парваришу нигоҳдории мақсаднок дар як сол аз 1500 сар харгӯш 66 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол мешавад. Аз ин ҳисоб дилхоҳ оила метавонад бо харгӯшпарварӣ ҳам рӯзгорашро пеш барад ва ҳам сармояашро афзун намояд”.
То солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 100 ҳазор сар харгӯш, аз ҷумла дар вилояти Суғд 40 ҳазор, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 60 ҳазор сар, парвариш меёфт. Пӯсташ дар саноати сабук коркард мешуд, телпаку пӯстин медӯхтанд. Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳа аз рушд монд. Хушбахтона, бо ёрии Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир соҳа аз нав эҳё гашта, соли гузашта саршумори харгӯш ба 90300 сар расид.
МУШКИЛОТ ҲАМ КАМ НЕСТАНД, БАРОИ РАФЪИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?
Муовини вазири кишоварзӣ Машокир Назарзода гуфт, ки ба маълумоти оморӣ, дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори харгӯш ҳамасола меафзояд, аммо ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест, зеро бо зиёд шудани аҳолӣ талабот ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ сол ба сол афзун мегардад. Тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли гузашта мебоист беш аз 150 ҳазор сар харгӯш парвариш меёфт. Тибқи дурнамо, соли равон парвариши беш аз 205 ҳазор сар харгӯш, истеҳоли 580 тонна гӯшт ва 290 ҳазор дона пӯст дар назар аст, инчунин, 175 ҳазор дона пӯст бояд коркард шавад.
– Имконият барои парвариши зиёда аз 1 миллион сар харгӯш дар кишвар ҳаст, вале аз он самаранок истифода намебарем, – мегӯяд Машокир Назарзода.
Акрам Ҳоҷиев ботаассуф изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ фермаи парвариши харгӯш нест. Норасоии қафасҳои харгӯшпарварӣ, дору ва хӯрокаҳои консентратӣ, инчунин, қарзҳои имтиёзноки бонкӣ низ аз мушкилоти асосии соҳаанд. Харгӯш ҳайвони нозук буда, ба касалиҳои гуногун, аз ҷумла шамолхӯрӣ, шикамравӣ, гирифтор мешавад. Қафасҳои махсусе ҳастанд, ки барои талаф наёфтани харгӯш аз Ӯзбекистону Россия, Беларус ва дигар давлатҳо меорем.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки соҳибкорони ватанӣ ба ташкили парваришгоҳ ва корхонаҳои истеҳсоли гӯшти харгӯш ва коркарди мӯина чандон майл надоранд, зеро аҳолӣ ба истеъмоли гӯшти гову гӯсфанд ва мурғ одат кардааст ва шояд намедонад, ки гӯшти харгӯш бештар фоидабахшу дар таркиби он сафедаҳо, маҷмуи витаминҳои В, микро ва макроэлементҳое, ки ба инсон заруранд, зиёданду хусусиятҳои табобатӣ доранд.
Яке аз сабабҳои оммавӣ нагаштани заргӯшпарвариро олими соҳа Тӯйчибой Сафаров дар набудани кадрҳои баландихтисос медонад.
Ҳоло мутахассисеро ёфтан мушкил аст, ки технологияи коркарди мӯинаро ба роҳ монад ва маҳсулоти дар бозор рақобатпазирро истеҳсол намояд. Дар кишварҳои пешрафта мӯинаи харгӯшро дар шакли аслӣ ё рангкарда дар соҳаи саноат васеъ истифода мебаранд. Либосе, ки аз мӯинаи харгӯш омода мешавад, назар ба мӯинаи гӯсфанд чанд маротиба гарму сабук мебошад ва дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба он зиёд аст.
Маҳмадсолеҳ Саломов, сокини деҳаи Мирзочули деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ 36 сол боз харгӯш мепарварад. Ӯ мегӯяд: “Дар бораи коркарди пӯст маълумот надорам. Мо намедонем, ки мӯинаашро ба куҷо супорем. Дар зимистони имсол 30 харгӯш талаф ёфт. Мушкили рақами як набудани дору барои пешгирии бемории харгӯш мебошад. Байторе ёфт намешавад, ки бемории харгӯшро муайян намояд. Бе ворид кардани дору таъмини пурраи бозорҳо бо гӯшти парҳезӣ ғайриимкон аст”.
Мутахассисони соҳа бар ин назаранд, ки агар тамоми имкониятҳоро истифода бурда, вориду парвариши зотҳои нави сермаҳсул, камхӯрок, сергӯшт, сернасл ва зудкалоншавандаро ба роҳ монем, метавон саршумори харгӯшро зиёд карда, ба рушди соҳа такон бахшид. Корҳои таблиғотӣ ва омӯзиширо бештар ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гузарондани намоиш ва фурӯши харгӯшҳои зотиро дучанд бояд кард. Ҷудо намудани заминҳои корам, лалмӣ, чарогоҳҳо ба хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида, ки ба парвариши харгӯш машғуланд, таъсиси коргоҳҳои хурди коркарди пӯсту мӯинаи қиматбаҳои он, омода кардани мутахассисони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар барои пешрафти соҳа имконияти бештар фароҳам меорад. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ додани имтиёзҳо ба хоҷагиҳои навтаъсис, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ барои пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳа ва ба роҳ мондани технологияҳои нав низ мувофиқи мақсад мебошад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”