18-уми март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният ва роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид, Раиси Шурои амният, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон доир ба таъмини амнияти миллӣ ва волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз сӯхтору ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш дастуру супоришҳои мушаххас доданд.