Бо фарорасии фасли баҳор мавсими нави ташрифи сайёҳон оғоз мегардад. Ноҳияи Ховалинг ҳам, яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар ба шумор рафта, бо табиати сарсабз ва боду ҳавои мусоид миёни сайёҳони дохилу хориҷ машҳур аст.
Табиати афсункор, боду ҳавои мусоид, ҳар сол сайёҳони дохил ва хориҷро ба ин ноҳияи зебоманзар меорад. Бо фарорасии фасли гармо, шумораи ҷаҳонгардон меафзояд, зеро дар ин мавсим табиати минтақа нисбатан муътадил буда, шароити беҳтар барои сайругашт кардан дорад.
Ба иттилои мутахассиси бахши сайёҳии ноҳия Бобоҷон Зоиров, аз аввали моҳи феврали соли равон, тибқи қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фаррухиддин Набизода гурӯҳи корӣ оид ба бартарафсозии камбудиҳо ва омода сохтани мавзеъҳои сайёҳии ноҳия таъсис ёфта, ҳар рӯз маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва тозакунии мавзеъҳои туристӣ ба анҷом мерасанд.
Ба иттилои мавсуф, мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, аз ҷумла “Мазори Султон Увайси Қаранӣ”, “Осорхонаи Восеъ”, “Чилчанор” (чашмаҳои маркази ноҳия), “Шаҳри Мунк” новобаста ба фаслҳои сол сермеҳмон буда, барои ташрифи сайёҳон доимо омодаанд. Дар ҳама фаслҳои сол ташрифи сайёҳон дар ноҳия ба назар мерасад, вале дар фасли зимистон то 50 дарсад камтар мешавад. Зимистони гузашта ҳамагӣ 766 нафар сайёҳ ба ноҳия ташриф овард.
Ҳоло дар ноҳия 2 ширкати сайёҳӣ, 6 меҳмонхона, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 4 осорхона, 9 чойхона, 10 меҳмонхонаи муваққатӣ, 2 мағозаи фурӯши армуғон, маркази иттилоотии сайёҳӣ, 2 харитаи сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ва 3 хатсайри сайёҳӣ мавҷуд буда, ба сайёҳону меҳмонон хизмат мерасонанд.
– Соли 2023 теъдоди сайёҳони дохилию хориҷии ба ноҳия ташрифоварда 90 ҳазорро ташкил дод, ки 4374 нафараш сайёҳони хориҷӣ буда, ин шумора нисбат ба соли гузашта як баробар зиёд мебошад, – иброз намуд Бобоҷон Зоиров.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”