Дар Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода ҷаласаи нуҳуми Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин, кормандони масъули Кумитаи рушди сайёҳӣ ва намояндагони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳӣ ширкат варзиданд.
Ҳоким Холиқзода иброз дошт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, як қатор тадбирҳо ва ташаббусҳои созанда ҷиҳати рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ амалӣ шуда истодаанд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.
Ба гуфтаи муовини Сарвазир, дар ин замина, татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2024, №АП-507 бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, тибқи бандҳои дахлдори амри мазкур, гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи корҳои анҷомдода ҳар семоҳа ба Кумитаи рушди сайёҳӣ маълумот манзур менамоянд. Албатта, ин иқдом барои самарабахш ва пурзӯр гардидани фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Инчунин, зикр шуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои ояндадор ва босуръат рушдёбанда ба шумор рафта, дар рушди бахшҳои дигари иқтисодиёт нақши муассир мебозад.
Дар ҷаласа ба масъулони тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти хизматрасонии сарироҳӣ ҷораҷӯйӣ намоянд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод гуфт, ки дар натиҷаи дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳӣ рушд карда, соли 2023 шумораи сайёҳони ба кишвар воридшуда ба 1 201 000 расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 ҳазор нафар зиёд мебошад. Нишондиҳандаҳои ду моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хуб ҳастанд, шумораи сайёҳон дар ҷумҳурӣ 11 фоиз афзудааст.
Гуфта шуд, сарфи назар аз он, ки солҳои охир шумораи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ зиёд шуда истодаанд, вале он ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ ҳанӯз нокифоя буда, барои ҷалби сармоя, бахусус дар минтақаҳо, андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.
Ҳамзамон, таҳкими вазъи санитарии инфрасохтори сайёҳӣ, ташаккули омори сайёҳӣ, беҳтар намудани ҳолати санитарии инфрасохтори сарироҳӣ, ташаккули бренди миллӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба ҳунармандон ва ғайра аз масъалаҳое буданд, ки мавриди баррасии аъзои Шуро қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини аввали Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода ба масъулон барои татбиқи босамари ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»