САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ. ЧАРО БЛОГЕРОН АЗ ФОИДА АНДОЗ НАМЕСУПОРАНД?
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Саркашӣ аз пардохти андоз. Чаро блогерон аз фоида андоз намесупоранд?»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» 9-уми марти соли 2023 ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад:
- Мақомоти андоз ба масъалаи бақайдгирӣ ва андозбандии субъектҳои соҳибкор, аз ҷумла блогерон, диққати ҷиддӣ медиҳад. Баъди нашри мақола 16 нафар шахси воқеие, ки бе қайди мақомоти андоз тавассути шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ машғул буд, барои гирифтани ҳуҷҷати соҳибкорӣ ба мақомоти андоз муроҷиат карда, бо ҳуҷҷат таъмин гашт. Дар натиҷаи чораҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва назоратии мақомоти андоз ба 1-уми июли соли 2023-юм 81 субъекти соҳибкорӣ, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ба фаъолияти блогерӣ ва пахши видеоҳо шуғл меварзад, ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Субъектҳои мазкур дар нимсолаи якуми соли 2023-юм тибқи тартиби муқарраршуда аз ҳисоби даромадҳояшон зиёда аз як миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ андоз пардохтанд.
Н. ДАВЛАТЗОДА,
раиси Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон