Сухане чанд дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Қисмат чизи аҷиб аст – намедонӣ, ки бароят чиҳоро омода кардааст. Гоҳе он чиро, ки мехоҳӣ намешаваду чизе, ки, ҳатто дар фикраш нестӣ, сурат мегирад. Вале он туҳфаҳои тақдир, ки ба осонӣ ба даст омадаанд, пеши дастовардҳои бо азобу машаққатҳои зиёде бадастомада арзиши камтар доранд. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки қисмат ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова меҳрубониҳои зиёде кардааст. Дар театру кино нақшҳои асосиро бозӣ накарда бошад ҳам, ҳунарпешаи халқист, аммо худи Марям медонаду саҳнаву паси пардаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки ӯ барои расидан ба ин мартаба чи азабҳоро пушти сар кардааст.
Ба ҳунарпешаҳои ҷавон кам даст медиҳад, ки зуд ба ҳайати эҷодии ин ё он театр ворид шуда, соҳиби нақшҳои ҷолиб гарданд. Ин амал дар Театри ба номи Лоҳутӣ, ки М. Турсунова пас аз хатми шуъбаи актёрии факултаи санъати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Тарас Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) ба дастаи он шомил гардид, боз ҳам мушкилтар буд. Гурӯҳҳои зиёди ин театр дар ҳоли рақобати шадид бо ҳам қарор доштанд. Ихтилофоти назар миёни чандин насли Театр ин вазъиятро мушкилтар менамуд. Аҷиб аст, ки ин ҳолат ба рушди ҳунар ва дастовардҳои Театр монеъ шуда натавонист, ҳар гурӯҳ мекӯшид, ки асари офаридааш аз лиҳози бадеият ва касбият аз намоиши таҳиянамудаи рақибонаш дар сатҳи поинтар наистад.
Духтараки резапайкари шармгине чун Марям Турсунова, ки худнамоӣ ба ӯ хос набуду ҳоло қатъият ҳам надошт, диққати ҳеҷ гурӯҳро ба худ ҷалб намекард. Нозу бозор ҳам надошту, тамаллуқу лагандбардориро низ намедонист. Барои ба ягон гурӯҳ шомил шудан бояд ҳатман дар хизмати намояндагони он гурӯҳ бояд қарор дошт. Ин кор ҳам аз дасти Марям намеомад. Аз ин рӯ, дар ҳоли хеле мушкил қарор дошт. Баръакс, шармгинии аз ҳад зиёдаш ӯро миёни галаситораҳои Театр хеле хандаовар нишон медод. Ҳунарманди шинохташуда ва коргардони, аллакай, номдори Театр Ҳошим Гадоев зуд пайхас намуд, ки паси ин оромӣ ва шарму ҳаёи занона вулқоне ниҳон аст. Бо ҳамин далел, ӯро ба намоиши нави Театр – «Интихоби домод» ҷалб кард. Ба М. Турсунова дар намоишномаи адиби шинохта Ҳоҷӣ Содиқ нақши Каҷакхон ҷудо гардид. Ҳошим Гадоев дар ин интихобаш иштибоҳ накард. Марям зуд ҳамчун ҳунарманди нақшҳои мазҳакавӣ миёни мухлисони Театр шинохта шуда, номвар гашт.
Бадеҳакорӣ асоси услубии асари мазкури саҳнавиро ташкил медод. Он аз ҳар ҳунарманд талаб менамуд, ки ба гардишҳои ногаҳони ҳар гуна нағмаҳои ҳамбоз дар саҳна омода буда, дар ҷояш ба ҳар амалу ҳолат баҳои дуруст доданро биомӯзад ва аз мушкилот бо ҳаҷву мутояба баромада тавонад. Баъзе бозигарон беибо аз буффонадаи ошкоро истифода мебурданду дигарон образҳояшонро то ҳадди иғроқ (гротеск) мерасонданд. Ин гирдоби шадиди эҷодӣ Марямро зуд ба худ кашид, ҳамчун актриса кушода шуд. Бо ҳавас ба кор меомад, сари ҳар амал андешидану василаҳои нави ифшои табиати хислати қаҳрамонашро аз устодон меомӯхт. Он замон ҳам барои театрҳо нақшаи молиявӣ хеле муҳим буд. Театр устодонашро танҳо дар намоишҳои баландғоя истифода мебурд. Ҳарчанд ки чунин намоишҳо аз мавқеи муҳими театр дифоъ мекарданду нишондиҳандаи асосии сатҳи бадеии даста ба шумор мерафтанд, хеле кам намоиш дода мешуданду, серхаридор ҳам набуданд. Хазинаи Театрро даромади аз намоишҳое, ба мисли «Интихоби домод» ва «Исёни арӯсон» бадастомада пур мекард. Вобаста ба ин, бозигарони ин намоишҳоро лозим меомад, ки бештар аз дигарон заҳмат бикашанд. Ана дар ҳамин давра Марям Турсунова то чи андоза тоқатфарсо ва мушкил будани касбашро эҳсос намуд. Баъзе аз ҳамсолонаш, ки дар саҳнаҳои умумии қариб ҳамаи намоишҳо банд буданд, аз ҳаҷми зиёди кор тарсида, Театрро тарк ҳам карданд, вале Марям аз ин зумра набуд. Ӯ аз рӯзҳои аввал маҳаки пешравии Театрро дар низоъ ва мубориза дарёфт. Чун дигарон ба ҳар майдаву чуйда аҳамият намедод, нақш нарасад ҳам ҷанҷолу хархаша намекард, барои ба даст овардани нақши хуб ба мусолиҳакорӣ даст намезад. Барои ҳамин ҳам нақшҳои хубу барояш мувофиқ ва он образҳое, ки дӯст медошту дар орзуяшон буд, насибаш нашуданд. Аммо аз тақдир ҳеҷ гоҳ нанолида, бо дода қаноат намудааст.
Бинобар ин, ӯро бе ҳеҷ дудилагӣ барои иҷрои нақши Ғилдирак дар намоиши «Исёни арӯсон», аз рӯйи асари ҳамноми Саид Аҳмад, таъин намуданд. Аз иҷрои ин нақш низ Марям хеле хуб баромад. Гузашта аз ин, ӯ дарк кард, ки кас метавонад дар нақшҳои лаҳзаина низ чун ҳунарманд кушода шавад. Дар як саҳна ҳам метавон характери мукаммал офарид. Муҳимаш кас калиди ворид шудан ба олами маънавии қаҳрамонашро ёфта тавонад. Ӯ қаҳрамонҳояшро миёни мардум меҷуст. Медид, ки чи тавр байни онҳо характерҳои ҷолиб зиёданд, фақат ҳунари сайқал додану ба намоиш гузоштан даркор. Театри ба номи Лоҳутӣ он солҳо деги ҷӯшонро мемонду кор ҳамарӯза ҷӯш мезад ва устодони ҳақиқии санъат дар он ҳам кор мекарданду ба ҷавонони зиёде дарси маҳорат меомӯхтанд. Ҳар лаҳзаи вохӯрӣ ва суҳбат бо ин устодон дарси алоҳида буд. Актёри ҷавони дар раванди муҳокима ва рафти машқи асарҳои саҳнавӣ иштирокмекарда, худро дар ин ё он нақш санҷиданӣ мешуд.
Марям Турсунова дар нақшҳои лаҳзаина ва дувумдараҷа низ ҷилои ҳунарашро дурахшон нишон дода метавонад. Барои мисол, нақши хонум Монтекки – модари Ромео ва холаи Бенволио – аз намоиши «Ромео ва Ҷулйетта»-и Уилям Шекспир образи кӯчакест, ки ҳамагӣ се калима гап дораду як ё ду бор дар саҳна пайдо мешавад. Вале ҳунарпеша дар ин нақш низ кӯшиш намудааст, ки тамоми фоҷиаро дар мисоли тақдири ҳамин зан нишон диҳад. Дар ҳар ҳаракат ва имову ишораи хонум Монтекки ташвиш аз рафти воқеаҳо ва нигаронӣ нисбат ба тақдири ҷигарбандаш хонда мешавад. Ҳамвора дорои маърифати баланд будан ва одоби наҷиби ӯ аз чашми тамошогар ниҳон намемонад. Сарулибоси фохире, ки қаҳрамони ӯ ба бар кардааст, на ба сифати таъкиди мақому мартабаи ин хонум дар ҷомеа хизмат мекунад, балки аз олами ботинии зебову характери наҷибаш ҳикоят менамояд. Ин амал аз он ҷиҳат ҳунари Марям Турсуноваро нишон медиҳад, ки барои мукаммал баромадани ҳар образи саҳнавиаш ӯ аз тамоми имконот, аз қабили грим ва либоси саҳнавӣ, устокорона истифода мебарад.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»