Соли дуюм аст, ки гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвари мо дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ташаккул ёфта истодааст. Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» аз 31-уми октябри соли 2014 ба ин раванд заминаи асосӣ гузошта, то имрӯз дар доираи он як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Саволи матраҳ ин аст, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, то чи андоза аҳамият ва афзалият дорад ва зарурати гузариш ба он ба кадом омилҳои калидӣ вобаста аст? Фарҳодшоҳ Раҳмонализода, сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисоди Вазорати рушди иқтисод дар доираи як суҳбат андешаҳояшро пиромуни мавзуи мавриди назар иброз намуд, ки фишурдаи он пешниҳод мегардад:
– Бояд гуфт, ки ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо, пеш аз ҳама, аҳамияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасонии давлатӣ ин равандро осон ва мусоид мегардонад. Ба ибораи дигар, пардохти ғайринақдӣ яке аз тарзҳои нисбатан мувофиқу осони пешбурди ҳисоббаробаркунӣ мебошад. Гузариш ба ин низом, пеш аз ҳама, барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пайдоиши заминаҳо ва ё барномаҳои нави телефонӣ, беҳтар гардидани хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба мустаҳкамии низоми молиявии субъектҳои хоҷагидор, кам шудани ҳаҷми иқтисоди пинҳонӣ, афзун гаштани манбаъҳои андозбандӣ, сарфаи вақт, кам кардани хароҷот ҳангоми иҷрои амалиёт ва беҳтар шудани шаффофияти иқтисодиёт, аз ҷумла амалиёт дар бахши молиявӣ, мусоидат менамояд.
Яке аз омилҳое, ки кишварҳои рушдкардаро дар самти истифодаи пурраи низоми пардохти ғайринақдӣ муваффақ гардондааст, маҳз истифодаи пардохтҳои электронӣ ба воситаи телефонҳои мобилӣ ва барномаҳои махсусгардонидашудаи пардохтӣ ба ҳисоб меравад.
Рушди низоми пардохтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо роҳи ҷорӣ кардани технологияҳои муосири молиявии рақамӣ ҷиҳати кам намудани ҳиссаи пули нақд дар муомилот яке аз самтҳои муҳими Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 муайян гардидааст. Илова бар ин, ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои пешгирӣ кардани омилҳои инсонӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ мусоидат намуда, барои рушди иқтисодиёти мамлакат, ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, баланд бардоштани нуфузи мамалакат дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим дорад.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, ҷиҳати вусъат додани низоми ғайринақдӣ дар бахши давлатӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22-юми июни соли 2023, №586 ба тасвиб расидааст.
Тибқи фармони мазкур, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин, қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, дармаҷмуъ, хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида истодаанд.
Бо мақсади таъмини инфрасохтори зарурии қабули пардохтҳои ғайринақдӣ, аз тарафи ташкилотҳои қарзию молиявӣ хизматрасониҳо бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, замимаҳои мобилӣ, интернет-банкинг ба роҳ монда шуда, инчунин, имконият фароҳам омадааст, ки бо истифода аз сомонаҳои як қатор вазорату идораҳо қабули пардохтҳо аз рӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли ғайринақдӣ анҷом дода шаванд. Инчунин, аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пайваста чораҳои ҳавасмандгардонии муштариён барои истифодабарии воситаҳои электронии пардохтӣ, масалан, «Cash back», яъне баргардондани маблағи муайян ба муштарӣ, амалӣ мегардад. Илова бар ин, дар доираи иҷрои фармони мазкур бо мақсади рушду таъмини фаъолияти самараноки низоми пардохтӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани талаботи QR-рамзи ягона бо стандарти байналмилалии EMV (Europay, Mastercard & Visa), инчунин, роҳандозии технологияҳои молиявию инноватсионии хизматрасонии пардохтӣ ва, дар ин замина, зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ чораҳои амалӣ андешида шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 шумораи умумии кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 6,7 млн ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 32,6 фоиз зиёд мебошад. Шумораи умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 8,7 млн ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 2,4 млн адад (37,6 фоиз) афзудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар шароити имрӯза гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷаҳон босуръат ҷараён дорад.
Бахусус, дар мамлакатҳои Аврупо, аз ҷумла Исландия, Олмон, Австрия, Литва, Шведсия, умуман, монеа ва маҳдудият ҷиҳати анҷоми амалиёти молиявӣ тариқи ғайринақдӣ вуҷуд надорад.
Мувофиқи таҳлилҳо, дар ҷаҳон ҳиссаи пулҳои нақд дар ҳаҷми васеи пул бамаротиб кам мебошад, ки аз рушд ёфтани бахши бонкӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон, бахусус пешниҳоди васеи хизматрасониҳои нави бонкӣ, ҷорӣ гардидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва мавҷуд будани сатҳи баланди эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, шаҳодат медиҳад.
Дар асоси ин гуфтаҳо, ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар рушди иқтисодиёти муосири миллӣ, раванди пардохтҳои ғайринақдӣ нақши муҳим ва муассир дорад. Он фаъолияти пурсамари системаи молиявиро таъмин карда, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд.
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”