Бешак, рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳолати мелиоративии замин алоқамандии зиёд дошта, мелиоратсия яке аз масъалаҳои асосии сиёсати аграрии давлату Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Дарвоқеъ, мелиоратсия дар пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муҳим дошта, тибқи меъёр ва талаботи агротехникӣ роҳандозӣ намудани он дар пешрафти соҳа саҳми калон дорад. Аз ин рӯ, истифодаи мақсаднок, нигоҳубини саривақтӣ, ҳосилхез гардондани замин, дар маҷмуъ, фарҳанги заминдорӣ вазифаи асосии кишоварзон мебошад.
Шафоат Назифов, сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо соли гузашта бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» дар ҷумҳурӣ аз ҷониби идораҳои зертобеи Агентӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об (АИО), хоҷагиҳо, лоиҳаҳо ва дигар корхонаҳо ба маблағи 11949 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонда, ҳолати мелиоративии 10154 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар карда шуд.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар 5 соли оянда беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ дар деҳот, лоиҳаи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»-ро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли равон таҳти рақами 137 тасдиқ гардид. Дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур вазъи мелиоративии 81248 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардонда хоҳад шуд.
Мелиоратсия омили муҳими ҳосилхезии замин ва пешгирии он аз шӯршавӣ, эрозия ва ботлоқшавӣ мебошад. Барои пеши роҳи баландшавии шӯршавии заминро гирифтан чӣ бояд кард?
Шариф Аминов, мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозияи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои асосии ҳалли таъмини амнияти озуқаворӣ он вақт даст медиҳад, ки технологияи нави инноватсиониро, ба монанди обёрии қатрагии зери хок ва қабати болои хок бо талаботи об ба ҳар як зироат дуруст истифода барем. Баҳри рӯёндани ҳосили дилхоҳ истифодаи дурусту оқилонаи об дар мадди аввал меистад. Дар ин раванд, вобаста ба хусусияти обию физикии хок, бояд меъёрҳои обталабии зироатҳо ҳатман риоя шаванд. Бо назардошти шароити тайғирёбии иқлим, зироатҳои ба хушкӣ тобовар коштан лозим аст. Дар заминҳои шӯршуда зироатҳои кишоварзӣ, ки ба шӯрӣ тобоваранд, ба монанди ҷуворимакка, ҷав, ғалладонагиҳо, кишт кардан афзалиятнок аст. Тадбирҳои мелиоративие, ки заминро аз ҳолати шӯршавӣ, эрозия ва ботлоқшавӣ эмин медоранд, иҷрои чорабиниҳо аз рӯи тавсияи олимон, ба мисли кандани ҷуқурии заҳкашу заҳбурҳо, обшӯйкунӣ вобаста ба дараҷаи шӯрнокии хок, обшӯйкунӣ бо тарзи пал (шолӣ), киштгардон, ба монанди пахта-гандум-юнучқа, инчунин, гузарондани ҷуфти чуқур, истифодаи моддаҳои ғизоии минералӣ ва органикӣ, тибқи меъёри муайяншуда, маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, нодуруст ва ғайриилмӣ муносибат кардан бо обу замин бар зарари хоҷагидорон ва камҳосилӣ мусоидат намуда, заҳмати кишоварзонро бесамар мегардонад.
Масалан, ҷуфти заминҳо дар фасли баҳор бояд бо тракторҳои тасмачарх гузаронда шавад, ки он ба масомаи ковокии хок таъсир карда, аз намуди хоси худ ба дигар намуд мегузарад. Ин яке аз нишондодҳои асосӣ оид ба ҷаббиш ва захиракунии об дар хок мебошад. Дар нишебзаминҳои лалмӣ ҷуфт ҳатман бояд ба тарзи кӯндаланг гузаронда шавад, ки ин яке аз омилҳои пешгирии шусташавии қабати болоии ҳосилхези хок мебошад. Ин тавсия бештар аз тарафи хоҷагидорон, фермерон пурра риоя намешавад. Онҳо шудгори заминро бо самти нишебӣ мегузаронанд, ки ҳангоми боришоти шиддатнок шусташавии хок авҷ мегирад ва дар оянда ин заминҳо дучори ғоршавӣ, фурӯравӣ ва ярҷ хоҳанд шуд.
Таври маълум, дар ҷумҳурӣ захираи заминҳои киштбоб маҳдуд, яъне кам мебошад. Бар замми ин, солҳои охир таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ ба чашм мерасад ва вазъи мелиоративии заминҳоро душвортар мегардонад. Ҳамзамон, бо назардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ низ дучанд меафзояд. Аз ин лиҳоз, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ саривақтиву манфиатбахш хоҳад буд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”