24-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти он Пешвои миллат кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмааи «Крокус Сити Ҳолл» қатъиян маҳкум карда, таъкид сохтанд, ки “террористон на миллат доранд, на ватан ва на эътиқод”.
Президенти Тоҷикистон, бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷиаи даҳшатангез иброз намуданд.
Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар Федератсияи Русия ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор доштанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.
Дар ин замина, аҳамияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак алайҳи ин хатарҳо таъкид гардид.