Энергетика ҳамчун омили демографӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муносибати тарафайни давлатҳо таъсир намуда, дар аксари ҳолатҳо сиёсати як қатор мамлакатҳоро муайян карда, нақши боз ҳам муҳимтарро хоҳад бозид.
Дар зарфи 31 соли Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил шуд, ки неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, агрегати 1-уми НБО “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ва агрегати 2-юми ин Неругоҳ 9 сентябри соли 2019, НБО “Помир-1” ва зиёда аз 280 неругоҳи барқи обии хурд ва дастгоҳҳои офтобиро ба истифода дода, зиёда аз 1500 МВт тавоноии навро ба даст оварад.
Дар баробари ин, бунёди хатҳои интиқоли барқи ҳавоии 220 – 500 кВ ба монанди “Ҷануб – Шимол”, “Айнӣ – Панҷакент”, “Лолазор – Хатлон” “Қайроққум – Ашт” амалӣ гардида, ба сохтани хатти интиқоли барқи CASA -1000 бо бунёди зеристгоҳи конверторӣ санги асос гузошта шуда, дар назар аст, ки интиқоли энергияи электрикии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз лиҳози иқтисодӣ арзон дар неругоҳҳои навини бунёдшавандаро ба дохил ва кишварҳои ҳамсояи дуру наздик интиқол диҳад.
Ҳамзамон, зеристгоҳҳои барқии “Норак 500-220”, “Регар-500” ва НБО “Сарбанд” пурра навсозӣ шуда, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Қайроққум” ва навсозии элементҳои як қатор шабакаҳои барқии ҷумҳурӣ идома доранд.
Давлату Ҳукумат зарурияти беандоза бузурги сохтмонҳои азиму гаронқимати соҳаи энергетикаро дарк намуда, бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ татбиқи 20 лоиҳаро ба маблағи 17 миллиард сомонӣ амалӣ намуда истодааст.
Аз Паёми соли 2022-и Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ёдрас шудан ба маврид аст, ки аввалин агрегати НБО “Норак” соли 1972 ва агрегати нуҳуми он соли 1979 ба истифода дода шудааст, ки баъди 50 соли фаъолият агрегати якуми НБО «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо пурра ба анҷом расидани корҳои таҷдиду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба НБО «Норак» умри дубора бахшида шуда, иқтидори кории он иловатан 775 мегаватт зиёд мегардад.
Бо мақсади идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” аз тарафи Ҳукумати кишвар дар соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ маблағ равона гардид.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии соҳаи энергетика ин дараҷаи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои барқӣ буда, арзиши талафот – ин қисмате аз хароҷот барои интиқол ва тақсимоти барқ ба шабакаҳои барқӣ мебошад. Маълум аст, ки як қисми талафот сарфи технологӣ барои ба истеъмолкунандагон расондани энергияи истеҳсолшуда мебошад. Ин сарфи технологии неруи барқ аз назари иқтисодӣ талафоти асоснок ба шумор меравад. Қисми дигари талафоти неруи барқ, ки ба камбудиҳои системаи баҳисобгирии энергияи барқ мансубанд, зарарҳои беасосро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ маҷмуи талафоти техникӣ дар шабакаҳои 0,38-500 кВ набояд аз 4-6 дарсад ва талафоти техникии максималӣ аз 10-12 дарсад зиёд бошад.
Нуқтаи назари паст намудани талафоти барқ яке аз масъалаҳои муҳим дар Паёми Президенти кишвар ба ҳисоб рафта, гуфта шуд, ки солҳои охир талафоти техникии барқ ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонда истодааст.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ёдовар шуданд, ки барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст, вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли 2022 ин нишондод 20,4 дарсадро ташкил додааст.
Дар паст намудани талафоти неруи барқ «фактори одамӣ» хеле муҳим мебошад. Зарур аст, ки системаи автоматикунонидашудаи баҳисобгирии комплексии неруи барқ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷорӣ карда шавад.
Дар баробари зиёд шудани шумораи неругоҳҳои барқи обӣ, зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва афзоиши аҳолӣ низ ба чашм мерасад, ки он истифодаи самараноки энергияро тақозо менамояд.
Марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад. Ҳамзамон, ҳар корхона, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри неъмати бебаҳои табиат расида, энергияи электрикиро сарфакорона истифода бурда, ба исрофи он роҳ надода, бо ин восита буҷаи корхона ва хонаводагии худро низ камхарҷ гардонад.
Лоиқ ҚАСОБОВ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ