Ҳарчанд ки муҳлати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018 – 2022 ба охир расид, вале дар 5 сол шуъбаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барномаи фавқро пурра иҷро накард.
Насим Ғоибзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ки барнома 75 дарсад дар ноҳия иҷро шуда, дар муассисаҳои таълимии ноҳия сари як компютер 14 хонанда рост меояд. Баҳри тасдиқи гуфтаҳои Н. Ғоибзода, аз шароити муассисаи таълимии № 31, ки ҳамагӣ аз маркази ноҳия 2 – 3 километр дур аст, дидан намудем. Вақте аз сокинон суроғаи муассисаро гирифтем, як бинои рангпаридаро ба мо нишон доданд. Вазъи бинои муассиса ноҷӯр буд ва бешак, гуфта метавонем, ки муассиса бештар аз 10 сол, таъмири асосиро надидааст ва ба он ниёз дорад.
Бо Ҷамшед Назаров, муаллими технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар таълимгоҳи мазкур, ба синфхонаи компютерӣ ворид гардидем. Номбурда афзуд, ки дар муассиса 12 компютер мавҷуд аст, ки 5-тои он кайҳо аз истифода мондаанд. 7 адади дигар дар ҳолати корӣ қарор дорад. Ҷ. Назаров гуфт, ки муассиса 200 таълимгирандаро дар бар мегирад ва сари як компютер 28 хонанда рост меояд. Боиси таассуф аст, ки маълумоти пешниҳоднамудаи Насим Ғоибзода ба ҳақиқат чандон наздикӣ надорад, вале “офтобро бо доман пӯшида намешавад”.
Набудани хатти барқи озод ва проблемаи норасоии ҷойи нишаст мушкилоти калидии муассисаи мазкур ба ҳисоб меравад. Ҷамшед Назаров гуфт: “Анқариб як моҳ мешавад, ки дар муассиса барқ нест. Аз сабаби набудани барқ фанни технологияи иттилоотиро амалӣ гузаронда наметавонанд. Онҳо аз маҷбурӣ муҳассилинро ба таври лексионӣ ва фаҳмондадиҳӣ, тариқи овезаҳо кор бо компютерро нишон медиҳанд”.
Аз шабакаҳои барқи ноҳия маълумот доданд, ки хатти барқи таълимгоҳ дар трансформатори аҳолӣ пайваст буда, барқи озод надорад. Масъулон сабаби хомӯш намудани барқро дар ҷорӣ намудани маҳдудияти барқ арзёбӣ карданд. Аҷиб аст, ки муассиса як моҳ боз барқ надораду масъулини маорифи ноҳияро парвое нест ва барои бартараф намудани ин камбудӣ саҳлангорӣ мекунанд.
Мӯсо Одинаев, директори муассиса, аз норасоии ҷойи нишаст изҳори нигаронӣ кард. Мизу курсиҳои синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Вақте дохили яке аз синфхонаҳо шудем, таълимгирандагон дар як миз се нафар менишастанд. Ба гуфтаи М. Одинаев, синфхона барои 18 хонанда мебошад, вале аз ночорӣ 32 хонандаро ҷой намуданд.
Оё мушкилоти бебарқӣ бартараф мегардад ва хонандагон дар фазои озод ва мизу курсиҳои нав таҳсилро идома медиҳанд? Чаро масъулони ноҳия дар ислоҳи камбудҳо дар муассисаҳои таълимӣ бепарвоӣ мекунанд? “Ҷумҳурият” мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.
Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”