Маҳз дар арафаи моҳи мубораки Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин мулоқот кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуд. Ин нуктаро возеҳу равшан баён ҳам кардаанд, ки «масъалаҳои вобаста ба ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакатро баррасӣ ва вазифаҳоро барои бартараф намудани баъзе аз мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд, муайян намоем».
Воқеан, бо шинохту дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамида дар замони соҳибистиқлолӣ барои пешрафту рушди босуботи кишвар соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба иқдомоти созанда рӯ оварданд. Ин гуна дарку фаҳмиш бисёр муҳим буд. Сарвари давлат тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бо тадбирандешиҳои дуруст, ки назираш пештар аз ин набуд, мардумро на танҳо ба гузаштаи пурифтихорашон шинос намояд, балки муҳаббати онҳоро бо эҳёашон ва асолаташон дар дилашон ҷой карданд. Ин ба назар шояд барои бархе кори осон намояд, аммо дар асл бисёр мураккабу душвор аст. Зина-зина, поя-поя ба шинохти мавқеи замонӣ, вазъи ҷаҳон, имкони иқтисодӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, динӣ ҷомеаро омода сохтанд. Махсусан, дар соҳаи дин ба ташаббусҳое рӯ оварданд, ки дар мамолики пешрафтаи исломӣ аз амалӣ сохтани он канорагирӣ менамуданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 56 давлати дунё баргузории 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, машҳур ба Имоми Аъзам буд. Зимни баромадҳояшон, суҳбатҳои телевизиониву радиоӣ иштирокдорон ин иқдомро на танҳо дастгирӣ намуданд, балки ҷасорату муҳаббати Сарвари давлатамонро эътироф карданд. Аз ҷумла, шайх Пурдил, ки бо мавъизаҳои созандаву пуртаъсираш дар олами ислом маъруфу маҳбуб аст, баён дошт, ки Раиси ҷумҳури шумо мулҳам, яъне илҳомшуда аст.
Дар доираи ин чорабинии муҳими сатҳи байналмилалӣ олимону донишмандони ин кишварҳо бо масҷиду мавзеъҳои таърихии мамлакатамон, нашри осори динӣ ошноӣ пайдо карданд.
Ин ҳама дастовардҳо, албатта, туфайли истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти комил ба даст омадаанд. Ҳанӯз аз хотирҳо нарафта, ки бо таҳмили ҷанги шаҳрвандӣ дарҳои масҷидҳо баста буданд. Садои тир имкон намедод, ки садои азон ба гӯшҳо бирасад. Дар хусуси озодии виҷдон сухан гуфта намешуд ва таҳдиду фишорҳои зиёди беасос монеи иҷрои корҳои савобу бисёре аз амалҳои фармудаи исломӣ мешуд.
Сарвари давлат ба ин хотир таъкид месозанд, ки шукри истиқлол, сулҳ, ваҳдати миллӣ, амнияти кишварро бикунем ва, дар баробари ин, гузаштаи фоҷиаборамонро фаромӯш насозем. Инчунин, вазъи ҷаҳони мураккабро бишносему зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Имрӯзҳо аз тариқи шабакаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ақидаҳои мухталифи динӣ баён мешаванд. Шинохти дуруст ва ё нодурусти онҳоро танҳо олимони соҳаи дин фаҳму дарк карда метавонанд. Мардуми одӣ набояд сари ҳар кадоми онҳо бо ҳамдигар баҳс бикунанду ҳамаро хуш бипазиранд. Вазифаи олимони дин ва мударрисон бо ҳар роҳе, ки бошад, ҳақиқатро ошкор кардан ва мӯйро аз хамир ҷудо намудан аст.
Дар ин маврид масъулияти бузурге ба дӯшашон аст ва бояд онро бишиносанд. Ҳамзамон, саъй ба харҷ диҳанд, ки истиқлоли воқеии мо, арзишҳои миллиямон ҳифзу пойдор бошад.
Тавре Пешвои миллат зикр карданд: «Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд». Бояд масъулони масҷидҳо аз ин имкони васеи мавҷуда ба манфиати ислому миллат дуруст истифода бибаранд. Махсусан, ниёз ба боло бурдани сатҳи ахлоқии ҷомеа имрӯз бештар эҳсос мегардад. Таваҷҷуҳи беҳтари ин масъала имкон медиҳад, ки пеши роҳи фасод, кина, ихтилоф, риёкорӣ, дурӯғ гирифта шавад. Паёмбарамон (с) ҳам фармуда буданд, ки ман барои такмили ахлоқи ҷомеа мабъус (фиристода) шудаам. Чаро бо ин ки ба тарҷумаҳои Қуръони карим, ки туфайли Сарвари давлат, ба он дастрасӣ дорем, фаромӯш мекунем, ки мурод аз гузоридани намоз чӣ аст? Мурод аз он дур шудан аз фаҳшо ва мункар мебошад. Агар он таъсири некро дар мо нагузоштааст, набояд бинозем, ки намоз хондаем ва ҳам чунин намоз ба даргоҳи Ҳақ қабул нест.
Бархе бо кинаҳо дар дил, душманӣ бо ҳамдигар, ихтилофҳо бо ҳамсоягон рӯза медоранд, ҳол он ки Худованд ин гуна рӯзаро аз банда намепазирад.
Баъзе аз дороён ба ҷои кумаку ёрӣ расондан ба волидайну бародарони нодору эҳтиёҷманд соле чанд маротиба ҳаҷҷи умра мекунанд. Ин гурӯҳи ноогоҳ боз ифтихор ҳам мекунанд, ки 10-15 ҳаҷҷи фарзиро адо кардаанд. Бо ин ҳама иҷрои маносики ҳаҷ рибо мехӯранд, дар тиҷорат ҳамдигарро мефиребанд ва дар пайи суди бештари худанд. Садақаи ҷория, яъне сохтани роҳ, пул, мактаб ва ғайраро гӯё фаромӯш кардаанд.
Ва низ фаромӯш кардаанд, ки худхоҳӣ амалест, бесавоб, балки гуноҳ аст ва дар паяш ҳазорон шикаст мебошад.
Сарвари давлат дар ин мулоқот аз ҳадисе ёдовар шудаанд, ки бисёр бамаврид аст: «Беҳтарин инсон касест, ки ба мардум нафърасон аст».
Дар ин мулоқот, тавре зикр шуд, бисёр масъалаҳои муҳиму созанда матраҳ шудаанд ва дар ҳаллу амалисозии онҳо ҳамаи аҳли ҷомеа масъул мебошанд.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»