(Дар ҳошияи китоби “Андарзнома”-и чун дурри бебаҳо
барчидаи профессор Саймумин Ятимов)
Чунин номае сохтаам пуршигифт,
Ки ҳар донише з-ӯ тавон баргирифт.
Асадии Тӯсӣ. “Гаршоспнома”
АНДАРЗ ВА ТАЪРИХИ АНДАРЗНОМАНИГОРИИ ОРИЁӢ
Андарз, панд, насиҳат – ин суханони ҳикматбор, тарбиявӣ, ахлоқӣ ва мондагоре мебошанд, ки ҳакимон, донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли хирад гирдоварию ба хазинаи фарҳанги тамаддуни инсоният ворид сохтаанд.
Фарҳанги гирдоварии пандномаҳо, аз ҷумла дар Шарқ таърихи қадимӣ дошта, чун беҳтарин ёдгорӣ ҷойгоҳи баландеро дар тамаддуни ҷаҳонӣ соҳиб аст. Дар тамаддуни Ориёӣ (то ҷудо шудан ба қисматҳои Ориёиэронӣ ва Ориёиҳиндӣ) дар Ведаҳо (Самаведа, Ригведа, Ячурваведа, Атҳарваведа) инчунин, дар Рамаяна, Маҳабҳаратҳа ва Авасто қисмати асосии ин асарҳои осмониро андарз, ҳикмат, панд, раҳнамоӣ ба сӯи некию накукорӣ ташкил медиҳад.
Навиди дар фазои фарҳангии миллат падид омадани китоби “Андарзнома”-и навине аз ганҷи барчидаву гирдовардаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саймумин Ятимов фараҳу нишоте гардид, ки аҳли маънӣ ва дилбохтагони ганҷи суханро бо гулчини ҳикмати ҷонбахшой шодком сохт. Ин падидаи ҳуҷаста нишонаи булуғи эҳёи асолати илмию фарҳангии миллат аст, ки аҳли раёсату сиёсат ин русуми фарҳангии ниёи тамаддунсози хешро идома додаанд. Пеш аз он ки пиромуни навгониҳои воридсохтаи мураттиб дар “Андарзнома” (“Нашриёти муосир”, Душанбе-2023) назар афканем, тақозои илм аст, то нигоҳе ба таърихи андарзноманигорӣ намоем.
Нахустин андарзномаи ориёӣ дар қисми готҳои "Авасто" ҷой дорад. Готҳо ҳабдаҳ боб дошта, қисми бузурги ясноро ташкил медиҳанд, ки аз андарзсурудаҳои назмӣ иборатанд ва дар он мавзуи муборизаи некӣ бар бадӣ, ростӣ бар дурӯғ, равшанӣ бар торикӣ меҳварист. Дар ҳар мисраъ, ҳиҷо ва вожа - калима андарзи ростини Аҳуромаздо бар паёмбари ростиовар Зардушти Спитамон аст, ки ҳидоят бар адлу инсоф ва ободонию покизагист. Чунончи, дар “Ваҳиштаишти гот” нигошта: “Темча ту Поуручиста Ҳаечатаспана Спитама йезиви дугедрам Заратуштраҳе ванҳеуш паитбастем мананҳо ашаҳйа Маздасча таибйо дат сарем ата ҳем ферашва тва хратва Спеништа Артаитиш худан ва решва”. Яъне, “Ту, эй Поуручиста, аз дудмони Ҳаечатаспана ва хонадони Спитама, эй ҷавонтарин духтари Зардушт, ин (мард Ҷомосп)-ро бо андешаи беҳу ростӣ ва Маздо барои ту ҳамчун сарвар баргузида аст. Акнун ба хирадат пурсуҷӯ кун ва порсоии муқаддасро ба хубӣ ба ҷо овар. (ясно, готи 53, банди 3).
Готҳо саросар панд буда, маниши нек, ситоиши шоҳи одил, хирадманд, дӯстдори ҳакимону ҳимоятгари фарҳангиён, кӯшо дар ободию сарсабзӣ, нигоҳбони сарчашмаҳои обҳои хурӯшон, муҳофизи марғзорони сабз барои аспони бодпой ва чорпоёни ширдеҳ, муқаддасу гиромидори сухан - чун афрӯзандаи ҷон, муҳтавои он буда, накуҳиши бадӣ, дурӯғ, торикӣ, ҷаҳлу нодонӣ, тарсу ваҳм, хиёнату ҷодугарӣ ва дигар амсилаҳои торикӣ дар он мазаммат шудаанд. Китоби “Бундаҳишт” гулчини готҳои "Авасто" аст, ки чу андарзи ҷовидона дар парвариши руҳу тани инсон офарида шудаанд.
Дигар намунаи барҷастаи андарзномаи аҳди бостон “Андарзи Озарбади Маҳраспандон” аст, ки дар аҳди империяи паҳновари Сосониён аз тарафи мубади мубадон, пешвои оини зардуштӣ Озарбади Меҳраспандон барои писараш Зардушт гирдоварӣ намуда буд. Ин асари ҷовидонӣ беҳтарин ганҷинаи ҳикмат дар боби тарбияи фарзанд бо услуби панду ҳикматомӯзӣ нигошта шудааст, ки мондагор барои аҳли фарҳанги ҷаҳон аст. Матни паҳлавии ин шоҳкории ниёгон бо дастранҷи Баҳромҷӣ Саҷана дар Бомбай соли 1885 ба нашр расида, тарҷумаи форсии он бо иқдоми Диншоҳи Эронӣ нисори закиёни олам гардонда шудааст, ки омӯхтанисту лоиқи пазириш. Хӯшае аз яксаду бисту чаҳор панди “Андарзнома”-и Озарбади Меҳраспандон:
– Хештан ба бандагӣ ба касе маспор!
– Бо марди озоданажод, корогоҳу зираку хушхӯ машварат кун ва дӯст бош!
– Марди баландпояи доноро гиромӣ дор, аз ӯ сухан бипурс ва аз ӯ сухан бишнав!
– Он чи бигзашт, фаромӯш кун ва барои он чи наомадааст, тимору андӯҳ мабар.
– Саҳархез бош, то кори худро ба некӣ ба анҷом расонӣ.
– Нисбат ба падару модари худ фармонбардор бош, зеро мард то падару модараш зиндаанд, монанди шерест, ки осуда дар беша ғунуда, аз ҳеҷ кас бим надорад.
– Агар хоҳӣ аз касе дашном нашнавӣ, касеро дашном мадеҳ.
– Ба кину зиёни мардумон марав!
– Тунду асабонӣ мабош, зеро марди асабонӣ чун оташ аст, ки агар дар беша барафрӯзад, тару хушкро бо ҳам бисӯзад.
– Ошкоргӯ бош! Ҷуз ба андеша сухан магӯ!
Намунаи дигар бо номи “Андарзи Хусрави Қубодон” ё машҳур бо номи “Андарзномаи Бузургмеҳри Ҳаким”- (вазири давлати Сосониён) мебошад, ки дар қисме аз сарчашмаҳо бо номи “Ёдгори Бузургмеҳр” низ ёд мешавад. Услуби нигориши ин андарзнома пурсишу посух буда, беҳтарин ҳикмат, насиҳат ва раҳнамоӣ буда, кӯтоҳ, дақиқ ва фаҳмо гирдоварӣ шудааст. Дар пурсиши Анушервони Одил (Шоҳ Хусрави Қубод) вазири донишманди вай Бузургмеҳри Ҳаким посухи муносиб меоварад;
– Аз мардумон чӣ ҳунар беҳтар?
– Доноӣ ва хирад.
– Кадом гавҳар беҳ?
– Фурӯтаниву чарбзабонӣ.
– Чӣ хӯ беҳ?
– Некӣ.
Тавзеҳоти муфассали ин асари мондагор дар бисёр сарчашмаҳои адабӣ, бахусус, дар рисолаи “Пирӯзнома”-и Абуалӣ ибни Сино баён гардидааст.
Андарзномаи бағоят барҷаставу омӯхтанӣ ва дархӯри давру замон “Андарзи кӯдакон” аст, ки дар замони Сосониён гирдоварӣ ва бо хати паҳлавӣ нигошта шудааст. Онро чун “позанд” низ бишносанд, яъне, матнҳои бо паҳлавии қадим, ки бо усули баргардони ҳарф ба ҳарф (ҳетерограммавӣ) ба лаҳҷаҳои боқимондаи порсӣ (бахусус, яздӣ, сиввандӣ, симнонӣ, сангсорӣ) монанд, ки дорои ҳикмат ва панди шойгон ҳастанд. Дар мисоли ин андарз:
Гӯянд нахустин сухан аз номаи
Позанд,
Он аст, ки бо мардуми бадасл
мапайванд...
“Андарзи кӯдакон” пандномаест, ки дабиристонхватай (устоди мактаб) ба кӯдакон, шогирдони худ таълим медиҳад. Силсилаи ин андарзҳо қоидаҳои ҳаррӯзаи тарбияи кӯдак аст, нахуст аз саҳархезӣ, варзиши бадан, усули дасту рӯй шустан, одоби наҳорӣ, ба мактаби устод рафтан, машқи хат ва ҳисоб ёд гирифтан, иззати падару модар ва бузургонро доштан, адаби салом, кӯшои илму дониш будан ва садҳо кирдору амали накуест, ки дар шаклгирии тафаккури кӯдак ва шахсиятсозии он корбаст мегардад. Ин падидаи накуи ориёӣ ҳамчун дастур дар байни порсҳо, зардуштиёни Ҳинду Эрон роиҷ аст. Аз замони фирори зардуштиён ба сарзамини Ҳинд аз кину ниқори Искандари Гуҷастак (лақаби гузоштаи порсҳо ба Искандар - ба маънои бадзод, бадгавҳар) “Андарзи кӯдакон” то кунун дар байни ин озодазодагони порс сол ба сол нашр гардида, ба хонаводаҳо, парваришгоҳҳои кӯдакон тақдим мегардад. Натиҷаи ин тадбири маърифатист, ки дар ҷаҳони имрӯз 99 дарсади порсзабонҳои Ҳинд соҳиби маълумоти олӣ буда, дар соҳаҳои тиб, кайҳоншиносӣ, мошинсозӣ, нанотехнология, барномасозӣ ва дигар илмҳои бунёдӣ пештозтарини оламиён мебошанд. Ҷамшеди Тато (Тата), Ҷаҳонгир Тато ва чандин порсҳои асилзода асосгузорони ширкатҳои автомобилсозӣ, ҳавопаймосозӣ, саноати металлҳои ранга, саноати сабук, атриёт, коркарди маҳсулоти кишоварзии Ҳиндустон мебошанд. Порсзабонҳои муқими Ҳиндустон молики Ширкати миллии ҳавопаймоии “Air India” ва ширкатҳои автомобилсозии “Rover”, “SteeI Corus”, “Rover”, “Jaguar”, “Godre” ва чандин донишгоҳу коллеҷҳои техникии давлати Ҳиндустон мебошанд. Ин аст, натиҷа ва самараи тарбияи кӯдак ба роҳи илм, барои шинохти асрори олам тавассути илмҳои бунёдӣ ва моро зарур аст, ин анъанаи накуи ниёи хешро дарёбем ва аз ҷаҳлу хурофоти динӣ раҳо шавем. Пас ногузир аст, китоби “Андарзи кӯдакон” дар ватани аслии порсҳо Тоҷикистон тарҷумаву нашр шавад, то наслҳои навини даврони истиқлол зери аҳкоми ориёӣ тарбия ёбанду он шавкати ниёгонро зи нав зинда созанд.
Гар ба анъанаи андарзноманигории ниёгони хушноми хеш назар намоем, аён хоҳад гашт, ки тули беш аз ҳазор сол ориён дар гӯшаҳои марзу буми аҷдодӣ аз кохи китоби ҳикмат давлатҳои безаволу ҷовидонӣ сохтаанд, ки намунае аз боди самуми замонаю оташи ҷаҳли ғосибон боқӣ мондаро метавон ном бурд. Хушбахтона, “Ҷовидон хирад”-и Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад Яқуб (ваф.1030), “Рӯшноинома” ва “Саодатнома”- и Носири Хусрав (1003-1088), “Туҳфат-ул-вузаро”-и Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088), “Қобуснома”- Унсурулмаолии Кайковус (1020-1099), “Кимиёи саодат”, “Насиҳат- ул- мулук”-и Муҳаммад Ғаззолӣ (1094-1107), “Калила ва Димна”-и Абдулмаолии Насруллоҳ (1118-1157), “Мантиқ-ут-тайр” ва “Панднома”-и Фаридуддин Аттор (1119-1233), “Гулистон” ва “Бӯстон”- и Саъдии Шерозӣ (1184-1292), “Ахлоқи Носирӣ”-и Насриддини Тӯсӣ (тав.1235), “Макорим-ул-ахлоқ”-и Амир Саид Алӣ ибни Шаҳоби Ҳамадонӣ (ваф.1384), “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1478), “Шаҳр-ул-одоб”-и Муҳаммади Табрезӣ (ваф.1494), “Ахлоқи Муҳсинӣ”, “Футувватномаи султонӣ” ва “Анвори Суҳайлӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (1420-1505), “Ахлоқи Ҷалолӣ” ва “Ҷавомеъ-ул-ишроқ-фӣ-макорим-ул ахлоқ”-и Ҷалолиддин Муҳаммади Даввонӣ (тав.1475), “Одоб-ул-солиҳин”-и Абдулҳақ ибни Сайфиддин Қодири Деҳлавӣ (ваф. 1642), “Одоб-ул- мубин”-и Ғиёсуддин ибни Мирзиёуддин (тав. 1867), “Ахлоқи Музаффарӣ”- и Мир Абутоҳирхоҷаи Садри Самарқандӣ (ваф. 1885), рисолаҳои ахлоқии “Мебояд дид”, “Мебояд писандид”-и Муҳаммад Ҳусайн Толиби Пурӣ (таъ. 1879) ва чанд шоҳкории беназири хирад, то ба мо расидаанд, ки раҳнамои фардои босаодати башар мебошанд.
АНЪАНА ВА НАВОВАРӢ ДАР АНДАРЗНОМАНИГОРӢ
Китоби “Андарзнома”-и мураттабнамудаи академик С. Ятимов чуноне аз сарсухан ҳувайдост, тули фаъолияти корӣ, илмӣ, эҷодӣ гирдоварӣ шудааст, ки ин рисолати ашхоси фарҳангӣ мебошад. Ёддошт намудан, ё навишту гирдоварии дурри сухан, андарзи ҳакимону фарзонагон беҳтарин фазилат ва маърифати инсонист. Аксари бузургони илму ҳунар, фарҳангу санъат, сиёсату раёсати дар сатҳи тамаддуни ҷаҳонӣ эътирофшуда, чунин шуғли писандида доштаанд ва дар дафтарчаи хотироти хеш чун занбӯри асал аз беҳтарин гулҳо гарде гирифтаву шаҳде ба коми роғибони сухани бикр расондаанд. Сиёсатмадорони бузурги олам чун Наполеон, Отто Де Бисмарк, Пётри I, Маҳатма Гандӣ, В.И.Ленин, Уинстон Черчил, И.В.Сталин ва чандин сарвари сиёсии дигар дӯстдори чунин шуғл будаанд ва гулчини андарзу хитобаҳои онҳо беҳтарин дарси сиёсиву одамгарист. Чунон ки мураттиб зикр сохта: “Суханҳои пандомӯз ҳамқадами ҳаёти инсонанд” ва “Онҳо барои мустаҳкам кардани дониш ва тасаввурот, дарки бештари зуҳуроти воқеияти ҳастӣ, муносибатҳо, миёнҷигариҳо ва алоқаҳои сабабии падидаҳои гуногуни олам ёрӣ мерасонанд”. (саҳ. 4-5).
Мураттиб дар “Андарзнома” назар ба анъанаи андарзноманигорӣ ҳафт навгонӣ ворид намуда, ки лоиқи пазириш ва сазовори пайравист. Якум, “Андарзнома” аввалин падидаест, ки ҳадафи асосии он ҳуввиятсозии миллист. Дуюм, худшиносӣ ва ватандӯстдорӣ маҳаки асосии он аст. Сеюм, он тарбиягари зиндагидӯстдорӣ, таблиғгари ҷаҳонбинии дунявӣ аст. Чаҳорум, василаи раҳосозанда аз ҷаҳлу хурофот ва риёкорӣ дар дин мебошад. Панҷум, нодиртарин гулчини панду андарз, зарбулмасалу мақол, шоҳбайту гуфтори бузургони олами илму адаб ва сиёсату фарҳанг бо забонҳои сернуфузтарини олам: форсӣ-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Шашум, меъёри адолати илмӣ ба хубӣ риоя гардидааст, зеро беҳтарин дурдонаҳои фармудаи абармардони арсаи сиёсат новобаста аз мавқеи ҳизбию сиёсияшон гирдоварӣ шудааст. Ҳафтум, арзиши илмӣ-энсиклопедӣ дорад, ки хонандаро ба омӯзиши луғат, забон ва ҳикмат водор месозад, то дар ҷаҳони маънавияш ислоҳоте ворид созад. Пажуҳиши муҳтаво, мазмун, мундариҷа, пай дар пайии матн, мутобиқати матн бо мавзуъ, саҳеҳияти иқтибоси китоби “Андарзнома” нишон дод, ки мураттиб бо камоли масъулият ва нигоҳдошти меъёри илми ахлоқ хома фарсуда, ҳадафманди тарбия барои расидан ба ҷомеаи хушзеҳну хушахлоқ, бедору созанда аст.
Фасли якуми китоб, ки бо забони тоҷикист, аз 23 боб иборат мебошад.
Дар боби 1-ум “Миллат, ҳуввияти миллӣ, халқ” шоҳбайти Ҳаким Фирдавсӣ: Ҷаҳон сар ба сар ибрату ҳикмат аст, Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст? оварда шудааст. Ин сатрҳои ҳикматомез суоле ҳастанд, ки миллатро бояд бар андеша баранд, зеро бо он ҳама панду андарзи ниёгони ҳушманд, ҳазорон - ҳазор ҷилд китобу мусаввадаҳои ҳамосӣ, қаҳрамонию ватандорӣ “Миллати мо миллати яклахт нест?!”... (Лоиқ). Дигар ишкол, ё банд ин гирифторӣ бар доми асҳоб, ононе, ки “Зиёни касон аз пайи суди хеш, биҷӯянду дин андар оранд пеш” (Фирдавсӣ) аст, ки дар либоси дӯст ин ҷо кори душман мекунанд:
Меҳану миллат намедонанд, ки ин асҳоб чист?
Душмани деринаи мо, ҳар кӣ бошад, хонагист.
Нигоштани ин шоҳбайти шоири озодаманишу озодакеш Убайди Зоконӣ андарзи бедорӣ ва табли озодӣ аст, зеро агар дар асри VII-VIII-IX ғосибони араб зери парчами дин мардумонро ғулому сарзаминҳои Ориёноро ишғол намуда бошанд, пас аз фанои онон, асрҳои баъд худи диндорони ин сарзамин зери ливои дин бо ғорату тороҷи мардум бедодӣ намудаанд. Онҳо бо шаҷарасозию решаи аҷдоди худро ба паёмбару авлодони ӯ, саҳобагон (дӯстону ҳамдамони паёмбар) бурда расонидан, миллатро ба гумроҳӣ, бегонапарастӣ, мутеъ будан, хурофот, ҷаҳлу нодонӣ оварда, бо сиёҳу бад, куфру ғайришаръӣ нишон додани тамоми арзишҳои фарҳангу тамаддуни тоисломӣ, бахусус, арзишҳои фарҳанги ориёӣ, эътиқод ба дини зардуштӣ, оммаи халқро ба манқуртӣ ва ҳисси бадбинӣ тайёр намудаанд. Ин ҷаҳолат аз мост, ки бар мост, ё “Ман худамро кушта, кушта”, ё “Бомиёнро сӯхтам ман...” гуфтани шоири худогоҳ Бозор Собир беҳикмат нест, зеро ин фоҷиаи худкуштанҳо, хиёнат ва теша бар решаи хеш заданҳо асрҳост ҳампои миллат гаштааст, аз ин рӯ, ин омилро тадбир мебояду илоҷи бетаъхир! Илоҷи ин марази кушандаро аллома Садриддин Айнӣ: “Ҳар тоҷик бояд ҳар рӯз ду соат китоб хонад” гуфтааст, ки мураттиби китоби номбурда профессор С. Ятимов закиёна дар “Андарзнома” ҷой додааст. Дар боби 2-юм “Фард, шахсият, одамият” гулчини андарзи ҷовидонаи Ҷалолиддини Балхӣ: “Ҳар касеро бозсозӣ боядо, Гар насозӣ, худшиносӣ н-оядо” беҳтарину арзишмандтарин андарзест, ки инсонро ба сӯи пешравӣ такон медиҳад, вагарна бе такомули руҳу ҷон, ақлу хирад одамӣ оҷизу нотавон мемонад ва бандагии касеву чизеро ихтиёр мекунад, ки Иқболи Лоҳурӣ ин ҳолатро хуш баён сохта:
Одам аз бебасарӣ бандагии одам кард,
Гавҳаре дошт, вале назри Қубоду Ҷам кард.
Яъне, аз хӯи ғуломӣ зи сагон хортар аст,
Ман надидам, ки саге пеши саге сар хам кард.
Боби 3-юм “Дин, эътиқод, руҳониён” дорои андарзҳои беҳтарин ва гулчини сараест, ки сари ҳар мисраи он тааммул мебояд. Таъкиди ҳакимонаи Ҷомӣ: “Нуктае хуш гуфтааст, он дурбин, Адл дорад мулкро қоим, на дин...” андарзи дурандешона аст, зеро бо қавли олим ва коршиноси соҳа Муродулло Давлатов “Дар ислом дин ҳадаф аст. Аммо дар исломизми ҷанговар, дин восита ва сиёсати ҳадаф аст”. Вале асли ҳар эътиқоду “Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест, Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест”, мефармояд Саъдии Шерозӣ, зеро “Ба ҳар мазҳаб, ки бошӣ, бош накукору арзанда, Ки куфру некхӯӣ беҳ, зи ислому бадахлоқӣ” аст, озодаафкорона таъкид месозад Убайди Зоконӣ. Дар ин боб мураттиб беҳтарин ва шоистатарин нигоштаҳои бузургони ҷаҳони андешаро гулчин намуда, ки дар бедории ҷомеа ва пешгирии гаравиши кӯр-кӯронаи ҷавонону наврасон ба унсурҳои бегонаю хатарноки динию мазҳабӣ бағоят муфид аст.
Боби 4-ум “Хирад, дониш, илм, маънавиёт” номгузорӣ шуда, ҷой додани ҷовидонандарзи ҳаким Фирдавсӣ: “Хирад афсари шаҳриёрон бувад, Хирад зевари номдорон бувад” таъкид бар озодагон аст, зеро бар қавли ҳакими чинӣ Лао Тсзи “Ақл ягона воситаи хушбахтӣ аст”. Дар боби 5-ум таҳти унвони “Давлат, сиёсат, тобеият” ҷой додани андарзи аллома Аҳмади Дониш “Подшоҳ бояд, ки кори бузург бар дӯши хурдон наниҳад, ки дарозгӯш бори фил барнадорад” муҳимтарин ченакест, дар илми сиёсат ва тавозунест дар пояи мантиқ. Чуноне хирадёри санҷидагуфтор Ҳусайн Воизи Кошифӣ мефармояд:
Агар султон нафармояд сиёсат,
Занад ҳар нокасе лофи раёсат.
Бало барҳам занад рӯйи Заминро,
На давлатро бақо бошад, на динро...
Ҳамон ҳикмати беназири Саъдии Шерозӣ тақвиятбахш аст, ки “мулк бе сиёсат, мол бе тиҷорат, илм бе амал, пойдор намонад”. Дар боби 8-ум – сиришт, тинат ва ниҳоди одамӣ гулчини шоҳбайти ҳаким Фирдавсӣ хело муносибу мутаносиб аст, зеро “Зи нопокзода мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед...” сареҳан ҳикматест, ки исбот нахоҳад ва дар тақвияти фикр зикри қитъае зи Саъдии ширинсухан нуқтаи таммат аст: “Бо фурӯмоя рӯзгор мабар, к-аз найи бӯрё шакар нахӯрӣ”. Ин андарз низ аз кутуби қадимаи ориёист, ки аз байзаи зоғ товус нарӯяд ва зи найи дар тан сад гиреҳбастаи бӯрёбоб шакар нарезад. Муаллиф дарди ҷомеаи имрӯзро, ки мардумон одати “зинда хору мурда азиз”-ро касб намудаанд, бо овардани қитъаи Муҳаммад Иқбол матраҳи ҷомеа ва бедорону рӯшангарони роҳи фардо менамояд, ки сабақест беназир:
Дар ҳайратам аз мароми ин мардуми паст,
З-ин тоифаи зиндакӯшу мурдапараст.
То ҳаст, ба зиллат бикушандаш ба ҷафо,
То мурд, ба иззат бибарандаш сари даст.
Дар боби 10-ум “Арзиши дунё ва тақдиргароӣ” мураттиб ҳикмате аз Афлотуни юнонӣ гулчин сохта, ки қиммате дорад бебаҳо ва сурмаест ба чашмони ғофилон, зеро “Инсоне, ки фақат ба он дунё умед дорад, барои ин дунё хатарнок аст!” Ин андарзро бояд бо гӯши ҷон шуниду бо тапиши дил дарк, чун тамоми фоҷиаи инсоният аз вопасгароӣ, дунёбезорӣ ва бовару гумонҳост. Андарзи ҳаким Фирдавсӣ маниши ростиву дунявист, бояд: Аз имрӯз коре ба фардо намон, Чӣ донӣ, ки фардо чӣ созад замон.
Боби 12-ум “Мақсаду манфиат” ва 13-ум “Сипоҳ, артиш ва ватандорӣ” номгузорӣ шудаву гулчини мисраъҳои ҷовидона, ки дар он хуни шерону пилони ориёӣ баҳри дифои ҳар қатра обу ҳар зарра хоки Ватан дар ҷӯш аст, интихобест, беҳин ва далолатест аз ҷасорат.
Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,
Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт-и
Фаррухи Яздӣ ва андарзи ҷовидона зи ҳамосаи безаволи ҳаким Фирдавсӣ “Шоҳнома”: Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор... нубуғи ғурур ва шаҳомати ориёисту зарур аст, ки шиору пайкори имрӯзиён гардад.
Боби 19-ум “Саъй, талош, кӯшоиш” ва боби 20-ум “Касбу ҳунар, меҳнатдӯстӣ, танбалӣ” номгузорӣ гардида, мураттиб андарзи мондагоре аз шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутиро бо зевари табъ барчида, дар муқаддима ҳадафмандона ҷойгузин намуда, ки маонии таҳтонию ахтаре ниҳонӣ дорад бар ҷаҳони андешаи озодагон:
Ман на он мардам, ки аз хасми фалак парво кунам,
Чун фалак ман садҳазорон хасмро бепо кунам.
Дар ҷаҳон аз ҳеҷ кас муҳтоҷи ёрӣ нестам,
Орзуи хешро бо дасти худ бино кунам.
Гар бо таҳаммул ва андеша сари ҳар вожа тафаккур бинмоем, ин қитъа хулосаи назмии хитобаҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мефармоянд, "...ин Ватанро мо худ обод месозем!", ё дар мавриди кандани нақбҳои васлгари Тоҷикистон барои бунёди кишвари воҳид, "... зарур ояд, мо бо нохунҳоямон ин нақбҳоро меканем!" инчунин, сохтмони аср, бунёди НБО "Роғун"-ро "...арсаи нангу номус, ҳаёту мамот..." баҳо додан, худ ҷасорату ғурури ориёист!
Боби 21-ум “Ҷом, май, соқӣ” ва боби 22-юм унвони “Шоҳбайтҳои писандида” -ро гирифтааст, ки мутолааи он фараҳбахши равони инсонӣ мебошанд. Боби 23-юм “Зарбулмасал” ном гирифтааст, ки намунаҳои тарбиятбахшу омӯзандаро дар бар гирифтааст.
Ҳусни мақтаъ дар “Андарзнома” боби “Шоҳбайтҳои писандида” аст, ки барчидаи панду андарзҳои бузургони шеъру адаб аст. Оростани ибтидои боб бо андарзи зарҳалини Абулқосим Фирдавсӣ баҳои мантиқӣ бар ҳамаи бобҳост. Зеро гулчини чунин гулзори маонӣ аз ҳар бобе бо қавли шакартабъи Саъдӣ “...наку гӯй, гар дер гӯӣ, чӣ ғам?” аст: - Фиристода бояд, ки доно бувад, Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Навгоние дар анъанаи андарзноманигорӣ мураттиб пеш гирифта, ки нодир аст, дар як ҷилд ҷой додани андарзи бузургон бо се забон ва тақсимбандии онҳо дар мавзуъҳои бо ҳам шабеҳ мебошад. Мураттиб ин рисолатро наку ба сомон оварда, зеро дар силсилаи андарзҳо бо забони русӣ ҳамон хатти сабз, яъне, мавзуъҳои меҳварии миллат, ҳувият, ватан, инсон, тарбия, дину эътиқод, тафаккур, ақл, ҷаҳонбинӣ, хирад, озодӣ, фарҳанг, китоб, меҳнат, сиёсат, ҷангу сулҳ, ростию дурӯғ, давлат, бехатарӣ ва даҳҳо мавзуи хосса меҳваристу пайгирӣ шудаанд. Панде аз хитобаи донишманд И. Гердер пешниҳод гардидааст, ки лоиқи тафаккур аст: “Угнетают лишь тот народ, который позволяет себя угнетать” ва таъкиди ҳаққонии К.Маркс пиромуни таҷрибаандӯзии миллатҳо аз ғаму шодии ҳам низ дарси ибратгирист, ки таъкид карда: “Всякая нация может и должна учиться у других”. Дарси сиёсӣ ва табли бедорӣ андарзи президенти собиқи ИМА Т. Рузвельт аст: “Великой нацией нас делает не наше богатство, а то, как мы его используем”. Андарзи пурдарди собиқ роҳбари давлати Либия Муаммар ал-Қаззофӣ ҳушдорест саривақтӣ: “Той нации, чей национальный дух сломлен, суждено лежать в руинах”.
Гулчини андарзи ҳакимонаи В. Гюго доир ба шаҳомати халқ омӯхтанист, зеро сухан сари рушди ақлонист ва он халқу миллат бузург аст, ки хирадёр аст: “Величие народа не измеряется его численностью, как величие человека не измеряется его ростом; единственной мерой служит его умственное развитие и его нравственный уровень”. Муаммои дин ва нифоқи мазҳабӣ масъалаи андаке нест, зеро “Одам ба дасти худ тарошида санам, В-аз дасти санам фитода дар банду ситам”. Ин муамморо М. Бакунин андешамандона чунин тавсиф кардааст: “Религия – это коллективное сумасшествие”. А. Шопенгауэр бошад, андешаашро ба ин тарз баён кардааст: “Религия в течение 1900 лет держала разум в наморднике”, ки машъалест дар шинохти ҳастӣ.
Мавзуи меҳварӣ дар мураттабсозии “Андарзнома” инсон, хирад, фарҳанг, меҳнат рушди тафаккури инсонӣ буда, мураттиб нодиртарин хитобаю андарз, гуфтору таъкидҳои бузургони арсаи илм, фарҳангу сиёсатро дақиқан барчида, ки дурдонаҳои бебаҳое ҳастанд барои тарбият. Ҷой додани андарзи ислоҳотгарони маорифу илми Аврупо Ж. Руссо “Люди перестают мислить, когда перестают читать” ва Ф. Бекон “Чтение делает человека знающим, беседа - находчивым, а привычка записывать - точным” басо муносибу бомаврид аст, зеро ба қавли Платон “Ученость – это сладкий плод горького корня” буда, дар ҳолати ҷаҳлу нодонӣ одам бадтар аз дарандаи ваҳшист. Ин нуктаро мутафаккири Ҳинд Р. Тагор хуб нигошта: “Человек хуже зверя, когда он зверь”.
Барои рушди тафаккури инсонӣ худомӯзӣ беҳтарин усул ва олитарин пайкори одамист. Чун ба зиндагиномаи ашхоси ба дараҷаҳои баланди илмӣ расида менигарем, ҷаҳду талоши шахсӣ онҳоро чунин муътабар гардондааст. Ибни Сино бо саъй ва кӯшиши худ тавониста, кулли китобҳои нодири китобхонаи шоҳии “Савонеҳ-ул-ҳикматайн”-и Сомониёнро аз бар созад. Собиқ президенти ИМА Б. Франклин меҳнатро падари хушбахтӣ-“Труд-отец счастья” номида, соҳибмаълумот гаштанашро аз худомӯзӣ медонад, ки “Образование получил путём самообразования”, андарзе барои шахсиятсозист. Гулчин намудани андарзҳои фарҳангӣ худ набарди ҳастиву мондагорист, гуфтаи В.И.Ленин “Борьба за культуру - это борьба за существование” баёнгари моҳияти ҳаёт ва маънии зиндагист.
Қисмати бо забони русӣ мураттабгардида фарогири андарзҳои басо омӯхтанист, ки мо наметавонем дар як матлаб ҳамаи онро ба хонанда бирасонем, вале метавон муште аз хирвор пешниҳоди табъи роғибон сохт: “Мы живём в мире, где один дурак создаёт много дураков, а один мудрый - очень мало мудрых”. Г. Лихтенберг. “Видеть легко, трудно предвидеть”. Б. Франклин. “Если хотите добиться успеха- избегайте шести пороков: сонливости, лени, страха, гнева, праздности, нерешительности”. Б. Наполеон. “Будь осторожен даже в безопасности”. Ин андарзҳо барои ғанитар гардидани таркиби луғавӣ, ҷаҳонбинӣ, муносибат, тафаккури озоду созанда, дар ҳаракату ҷустор будан ва баҳри сазовор зистан дар давлати мустақил ба тамоми наслҳои ҷомеа муфиду зарурист.
Қисмати бо забони англисӣ мураттабгардидаи “Андарзнома” мавзуъҳои дӯстон, тақдир, сазовор будан, таҷриба, зиндагӣ, марг, хайр, ваъдаю вафо, хабарҳо, номҳо, масъулият, обрӯ, боварӣ, оғози кор, ҷасурию далерӣ, хатар, танқид, илму омӯзиш ва даҳҳо муаммои зиндагию ҳастӣ, муборизаю талошро дар бар гирифта, ки арзиши беназире дар фарҳангномаҳои андарзӣ аст. Ин қисм гулчини андарзномаҳои мардумии кишварҳои Ҳинд, Чин, Юнон, Африқо, Араб, Ҷопон, Россия, Украина, Англия, Фаронса, Бразил ва чандин халқу миллатҳои дигари олам аст, ки мураттиб коршиносона вобаста ба мавзуъ ҷойгузин сохтааст. Назокати андарз, панд, ибораҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақол дар он аст, ки аз як забон ба забони дигар айнан тарҷума намешаванд, вале метавон гунаҳои шабеҳ (вариант)- и онҳоро пайдо намуд. Омӯзиши ин қисмат равшан сохт, ки андарзҳои миллатсозу шахсиятсоз, такондиҳандаи зеҳну ҳуш, ақлу идрок, донишу фаросат аз дурдонаҳои фарҳанги ҷаҳонӣ дар замони муосир, ки тундбоди ҷаҳонишавӣ неку бадро бо ҳам печидааст, басо қиммату саривақтӣ ҳастанд. Аз ҷумла, дар боби дӯстон: “Онҳое сарватманд ҳастанд, ки дӯстони ҳақиқӣ доранд” (They are rich who have true friends), “Душмани ошкор беҳ аз дӯсти дурӯғин”, (Better an open enemy than a false friend), “Дӯсти хуб ҳеҷ гоҳ дилозурда намешавад” (A good friend never offends).
Дар масъалаи қарзу қарздорӣ, камбағалию низоъ ва раҳоӣ аз тарс, кӯшову дар ҳаракат будани инсон дар сарнавиштсозии худ истифодаи гулчини андарзҳои фаровон, амсоли “Камбизоатӣ низоъро ба вуҷуд меорад” (Poverty breeds strife), “Ҳар як инсон меъмори сарвати худ аст” (Every men is architect of his own fortune), “Тарс зиндони дил аст” (Fear is the prison of the heart) камоли хирад аст. Мақолҳои “Гӯшна ба шер мезанад” ва “Зарур бошад, раво ояд” дар зевари табъи халқҳои олам дар гунаи “Зарурият оҳанро мешиканад” (Necessity breaks iron), “Зарурият модари ихтироъ аст, (Necessity is the mother of invention) омада, ки лоиқи омӯзишу пайгирист.
Масали мардумии “Хона нахар, ҳамсоя гир” дар шеваи оламиён ба тарзи “Дар хонагирӣ ҳамсоя, дар роҳ ҳамсафари худро дуруст интихоб кунед” (Choose your neighbor before your youse and your companion before the road) омада, ки ҳамбастагии андешаҳои умумибашариро ҷило медиҳад.
Ин китоби пурганҷ – “Андарзнома” арзиши онро дорад, ки аз тарафи фарҳангиён, донишмандони соҳа, мунаққидон, сиёсатшиносону ҷомеашиносон дақиқан пажӯҳиш гардад ва бознашру пешниҳоди табъи латифи мардумон карда шавад. Зеро чунин иқдомро дер боз миллатҳои бедор ба сомон расондаанд. Зиёда аз сад сол аст, дар Эрон китоби “Донишномаи кӯдак”, дар Англия китоби “Вақт”, дар Ҷопон китоби “Меҳнат”, дар Чин андарзҳои Конфутсий такрор ба такрор бознашр мегарданд. Ин таҷрибаро дар Россия низ пайгирӣ намуданд ва баъди солҳои 2000-ум силсилаи чунин андарзномаю фарҳангномаҳо ба нашр расиданд, ки яке аз нахустинҳои он “Энциклопедия мудрости” (Рипол-классик-2008.с)-и мураттабнамудаи донишманди дақиқкор Н.Я.Хоромин аст. Барои миллати фарҳангии тоҷик гирд овардани чунин донишномаи ҳикмат мушкил нест, зеро ганҷинаи адабиёти классикӣ хазинаи беназири ин ганҷҳост.
Дар ин марҳалаи ҳассоси замон, ки миллатҳо, фарҳангҳо, забонҳо ва бисёр арзишҳои наҷиби инсоният ба вартаи нобудӣ расидаанд, пайкори фарҳангии академик Саймумин Ятимов арзиши баланди илмию сиёсӣ дорад, баҳри ҳифзи амнияти хирад, ҳуввият, арзишҳои ақлонии миллат. Мураттиби “Андарзнома” чун урфи тоҷикона, хоксорӣ менамояд, ки “...махсус ҷамъоварӣ кардан, тартиб додан... мақсади алоҳидае набуд” ва “... ин суханҳо қариб, батамом ҳамкору ҳамсафару ҳамрози ман буданд...”, гувоҳи он аст, дар зинаҳои камолоти сиёсӣ ва маънавии ин абармарди сиёсат, китобу дафтари ҳикмат ҳамсафар будаанд ва хушо ба ҳоли оне, ки чунин бори маънӣ мекашаду боло меравад. Нақди чунин падидаи илмию фарҳангӣ саҳл нест, зеро он барчидаҳои шаддаи марворид бо табъи расост. Бо каме саҳлангории ҳайъати таҳририя, дар китоб муаллифони баъзе андарзҳо бо дигаре бадал шудаанд. Чунончи, андарзи Ҷалолуддини Балхӣ: “Халқро тақлидашон барбод дод, Эй, дусад лаънат бар ин тақлид бод!” ба Муҳаммад Иқбол нисбат дода шудааст (саҳ.28). Ҳамчунин, дар риояи вазни шоҳбайтҳо афтиши калимае ҳусни маъниро мебарад. Дар мисраи дуюми шоҳбайти: “Ё Раб, зи боди фитна нигоҳ дор хоки Порс, Чандон ки хокро ҷон буваду бодро бақо”-и Саъдии Шерозӣ калимаи “ҷон” афтодааст (саҳ.7) ва чанд иштибоҳоти техникӣ, ки дар умум ба муҳтавои хуби китоб халале ворид намесозад.
Шукронаи истиқлоли Ватани куҳанбунёд, ки бо мусоид омадани фазои сиёсӣ, дар шоҳраги ҳастии миллат зи нав оташи хуни аҷдодони бо фару номдори ориёӣ ҷӯш зад ва аввалин падидаҳои оламгири он дар ҳоли болкушуданҳост. Чашми он дорем, ки ин анъанаи наҷибро, ки сараввал Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо навиштани китобҳои арзишманду мондагор ҳусни оғоз бахшидаанд, дигар давлатмардони арсаи сиёсату фарҳанг сари кор гирифта, ба навишти таърихнома, андарзнома, сиёсатнома, фарҳангнома ва чандин номаҳои миллатсозу ваҳдатовар иқдоми бештар менамоянд, то ба насли нави миллати шарифи тоҷик, насли ояндаи мо мероси ҷовидонае боқӣ бигузоранд. Хулосаи сухан порае аз қасидаи Маликушшуаро Баҳор аст, ки бо таманниёт оварда мешавад:
Он чи Куруш карду Доро, в-он чи Зардушти меҳин,
Зинда гашт аз ҳиммати Фирдавсии сеҳрофарин.
Тоза гашт аз табъи ҳикматзои Фирдавсӣ ба даҳр,
Он чӣ карданд он бузургон дар ҷаҳон аз доду дин.
Номи Эрон рафта буд аз ёд, то тозиву турк
Турктозиро бурун ронданд лоша аз камин.
Шуд Дирафши ковиёнӣ боз барпо, то кашид
Ин савори порсӣ Рахши фасоҳат зери зин.
Аминҷон ЗАРИФӢ, устоди Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод