Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз фаъолияти кишоварзон ва рафти киштукор дар саҳро огоҳ гардида, ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид.
Хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов (собиқ колхози “Коммунизм”) дар солҳои 20-уми асри гузашта ҳамчун хоҷагиҳои хурд-хурд арзи ҳастӣ намудааст. Соли 1960 колхозҳои “Коммунизм” ва “Калининобод” якто шуданд, ки сарварии ин колхозро Ниёзмуҳаммад Бегов ба уҳда гирифта, то соли 1986 онро роҳбарӣ намуд. Ин марди корозмуда ва заҳматкаш тавонист дар давоми роҳбарияш як хоҷагии назарногирро ба хоҷагии ободу овозадор табдил диҳад.
Хоҷагии мазкур 1550 гектар заминро фаро гирифта, 2100 саҳмдор дорад. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулоти кишоварзӣ кишт мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, раиси вилоят дастур дод, ки кишоварзон, тибқи нақша, масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ гарданд. Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмини нуриҳои минералӣ, диққати ҷиддӣ дода шавад.
Сипас, дар қисмати дигари ин хоҷагӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба масъулин дастур дод, ки хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд ва бо истифода аз кӯчактарин имконият дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор бошанд.
Дар идомаи сафар ду бинои иловагиро дар назди мактабҳои № № 23 ва 24, ки бо саҳми падару модарон, хоҷагиҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тибқи лоиҳа, иншоотҳо аз як ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона барои 184 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Тибқи нақша, сохтмони бинои китобхона низ дар назар аст.
Давлаталӣ Саид бо масъулин суҳбат карда, онҳоро муваззаф намуд, ки дар тарбияи насли наврас саҳми худро гузоранд ва барои ободии диёр кӯшиш намоянд. Инчунин, супориш дод, ки дар оянда барои бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо дар фасли сармо чораҷӯӣ шавад.
Зикр шуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вусъат дода шаванд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"