Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов” 27-уми март бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай чорабинии фарҳангӣ доир намуд, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва меҳмонон аз ҳамсоякишвари Афғонистон иштирок варзиданд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиш директори Муассисаи таълимӣ Салоҳиддин Раззоқзода иштирокдоронро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ, неруи қавӣ, иродаи матин ва дастовардҳои беназирро таманно кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки: “Мо имрӯз Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоем. Ҳоло Наврӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон, махсусан дар кишварҳое, ки бо Наврӯз алоқамандӣ доранд, ҷашн гирифта мешавад”.
Дар қисмати дигари чорабинӣ намоишгоҳи “Дастархони наврӯзӣ” бо хӯроку хӯришҳои анъанавии миллии тоҷикӣ ташкил шуд. Он ҷо суманаку самбӯса, себу сирко, сихкабобу ширинӣ, кулчаву қурутоб ва дигар навъҳои хӯрокҳои миллӣ рӯйи дастархони идонаро оро медоданд. Гирду атрофи дастархон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, дуредгарӣ, рассомӣ, либосҳои миллии хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон зинат ёфта буданд. Ҳамзамон, намоишгоҳи хӯришу либосҳои афғонӣ ба маъраз гузошта шуд, ки бисёр рангину аҷиб менамуд.
Таъкид шуд, ки барои мо – тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – иди куҳану бостонӣ ва эҳёи табиат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Ҷашни байналмилалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳанӯз дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 19-уми марти соли 2011 хотирнишон сохта буданд, ки 23-юми феврали соли 2010 бо ташаббуси Тоҷикистон ва якчанд кишварҳои дигари ҳавзаи Наврӯз иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ Қатънома оид ба Рӯзи байналмилалии Наврӯзро қабул намуд.
Бо мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз таваҷҷуҳи равшанфикрон ва муҳаққиқон ба он бештар гардид ва барои шинохти воқеӣ, пажӯҳишу таҳқиқи таърих ва расму оинҳои наврӯзӣ шароити мусоид фароҳам омад. Дар давраи Ҳахоманишиҳо Наврӯз бо шукӯҳ таҷлил мегардид. Баъди истилои Искандари Мақдунӣ ва ҳукмронии Ашкониён Наврӯз то ҷое манзалаташро аз даст дод. Хушбахтона, дар замони ҳукумати Сосониён Наврӯз боз ҳашамати бузурги худро пайдо намуд. Халифаҳои Аббосӣ Иди Наврӯзро ҳамчун суннати Ҷамшед бо тантана ҷашн мегирифтанд, зикр карданд иштирокдорон.
Донишҷӯён барномаи фарҳангиву бадеии махсуси театркунондашударо пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон карда, ба базми Наврӯз шукӯҳи тоза бахшиданд.
Дарвеш ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”