«ДУ ПЕШНИҲОД БАРОИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒ…».
Аз роҳандозии номинаи «Нақд» то таъсиси маҷаллаи алоҳида»
Вазорати маориф ва илм мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло «Ду пешниҳод барои Озмуни «Фурӯғ…». Аз роҳандозии номинаи «Нақд» то таъсиси маҷаллаи алоҳида»-ро, ки 22-юми декабри соли 2023 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Боиси тазаккур аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тули шаш сол таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Дар панҷ соли баргузории Озмун аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 миллиону 731 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо шуд. Дар ин муддат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат 902 ҳазору 410 нафар иштирок намуда, 375 нафар соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва чор кас бо шоҳҷоиза сазовор гардиданд. Ҳамзамон, аз соли 2021 ба омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки шогирдонашон соҳиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва шоҳҷоиза мегарданд, мукофотпулӣ ба маблағи 10000-сомонигӣ ҷудо шуда, давоми се сол 127 омӯзгор бо 1 миллиону 270 ҳазор сомонӣ қадр гашт.
Бояд таъкид сохт, ки Озмун дар асоси таҳлилу пешниҳодҳои коршиносон, масъулон ва дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ сол ба сол такмил меёбад. Дар робита ба ин, теъдоди ғолибон тибқи низомнома аз 12 ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва як шоҳҷоиза соли нахустини баргузорӣ, то ба 126 ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва чор шоҳҷоиза расонда шуд. Дар табақабандии синнусолӣ ва теъдоди номинатсияҳо низ ҳамасола тағйирот дида мешавад, ки баҳри такмили бештари Озмун замина фароҳам меорад.
Дар иртибот ба пешниҳодҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло оид ба таъсиси маҷаллаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва роҳандози номинатсияи «Нақд» иттилоъ медиҳем, ки онҳо мавриди омӯзиши аъзои комиссияи Озмун ва коршиносони соҳа қарор дошта, солҳои минбаъда ба инобат гирифта мешаванд.
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, муовини якуми вазир