Моддаи 1. Қисми 1 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» аз 18 ноябри соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №11, мод. 484) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот - хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот - хӯроки паранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 марти соли 2024, № 2046
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1240