Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаҳои ба даст гирифтани зимоми давлатдорӣ ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ дар замири аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онро роҳи асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ маънидод менамоянд.
Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 30 апрели соли 2001 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуда буданд, ки насли ояндаи тоҷик бояд дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, ҳифзи истиқлолияту якпорчагии давлат тарбия ёфта, номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва ба ору номуси хеш бошанд.
Воқеан, дар чунин шакл тарҳезӣ намудани сиёсати давлатӣ роҳи минбаъдаи бунёди давлатдории миллӣ, эҳёи ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ ва нигоҳдошти Истиқлоли давлатиро дар замири аҳолӣ бедор намуд. Сарвари давлат хуб дарк намуда буданд, ки дар даҳсолаи охири садаи сипаришуда, маҳз ҳисси бегонапарастӣ, маърифати пасти даркнамоӣ, муносибати кӯр-кӯрона нисбат ба дин ва мансабталабии афроди манфиатхоҳ боиси бенизомӣ дар ҷомеа гардида буд.
Бояд иқрор шуд, ки дар садаи бисту як бо ташаккули илму техника, бамаротиб доман паҳн намудани ҷаҳони сабз (интернет) ва рушди муносибатҳои ҷомеаи инсонӣ дар заминаи равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар замири насли нав то андозае коҳиш ёфта, барои ба вуҷуд овардани арзишҳои ғайриинсонӣ ва ғайриахлоқӣ замина фароҳам оварда истодааст. Дар чунин шароит таъмини оромии комил, сулҳи сартосарӣ, нигоҳдошти амнияти давлат, авлавияти татбиқсозии меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ мушкил гардида, ҳувияти ватансозӣ ва бунёди давлати миллиро дар замири аҳолӣ коҳиш медиҳад. Бо ин назардошт, зарурати муайян намудани сарҳади татбиқсозии муносибатҳои нисбатан нав дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омада, аз низоми ҳуқуқии давлат тақозо менамояд, то тавассути меъёрҳои мушаххаси санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳудуди озодии фалсафии инсонро амиқан нишон дода, ин муносибатҳоро ба озодии ҳуқуқӣ мубаддал гардонад. Яъне, озодие, ки сарҳади баамалбарории он тавассути санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки мақомоти қонунбарори давлат ва ё субъекти салоҳиятдор қабул намудааст, яқинан маълум мебошад, зеро ҳуқуқ ва озодии инсон ҳадду ҳудуди татбиқсозии худро дорад. Дар ҳамин замина, бояд ишора намуд, ки мақомоти қонунбарори кишвар ба самти мазкур, аллакай, қадамҳои нахустини худро гузошт ва қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 далели равшани гуфтаҳои фавқуззикр мебошад. Қонуни мазкур бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба мақомоти қонунбарори кишвар пешниҳод шуда, фарогирандаи 5 боб ва 21 модда мебошад. Таҷрибаи ҳуқуқэҷоднамоӣ ва қонунбарорӣ башорат аз он медиҳад, ки қабули чунин навъ санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидааст, на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ камназир буда, аз ҷониби олимону коршиносони соҳа баҳои баланд дода мешавад. Ҳадафи аслии ин Қонун, агар, аз як тараф, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бошад, аз тарафи дигар, вогузоштани масъулият бар зиммаи шаҳрвандон дар самти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедории ҳувияти миллӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад. Озодии фалсафӣ сарҳади давлатеро мемонад, ки ҳудуди он мавриди муҳофизат қарор надошта, дилхоҳ субъект имконияти ворид шудан ба онро дорад. Аммо озодии ҳуқуқӣ монанд ба сарҳади давлатест, ки ҳудуди онро қувваҳои мусаллаҳ бо мақсади нигоҳдошти тамомияти арзиву ҳудудӣ, таъмини амният, ҳифзи арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон бо тамоми ҳастӣ муҳофизат ва ҳифз менамоянд. Бояд хуб дарк намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ қабул намудани ҳама гуна арзишҳо, ки тавассути фарҳанг, тамаддун ва сиёсати баъзе аз давлатҳову ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи инсонӣ роҳ меёбанд, ғайриимкон ва мантиқан ғайри қобили қабул мебошад. Зеро дар пасманзари ҳар як арзиши таблиғшаванда, ки ба арзишҳои миллӣ бархӯрд доранд, як арзиши миллӣ нобуд гардида, имконияти ба вуҷуд овардани холигии ахлоқӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро дар давлат дорад. Аз ин рӯ, озодии фалсафӣ, ки хусусияти мутлақ дошта, дар тафаккури аҳолии сайёра бо ба вуҷуд омадани низоми сиёсии демократӣ бештар ҷой гирифт ва боиси таблиғу ташвиқи арзишҳои ғайриахлоқӣ дар ҷомеа гардида истодааст, бояд дар доираи меъёри ҳуқуқӣ мавриди танзим қарор дода шавад. Дар пасманзари ин гуфтаҳо метавон чунин хулоса кард:
– Раванди ҷаҳонишавӣ ва ташаккули илму техника, ки дар ду садаи сипаришуда бо суръати баланд инкишоф ёфта истодаанд, агар, аз як тараф, фаъолияти корӣ ва муоширати инсонро бамаротиб сабук намуда бошанд, аз тарафи дигар, муносибатҳои ғайриахлоқӣ ва зиддифарҳангиро рӯйи кор оварда, як навъ мушкилотро барои нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ ва суботи комил ба вуҷуд овардаанд. Равандҳои ишорашуда, ки ба озодӣ ва ҳуқуқи шахс бартарият медиҳанд, боис бар он гардидаанд, ки дар муҳити илми ҳуқуқи инсон наслҳои нав рӯйи кор оянд. Вале на ҳамаи ин ҳуқуқу озодӣ ба ҳадафҳои давлатсозӣ ва бунёди ҷомеаи инсонӣ созгор мебошанд. Аз ин нигоҳ, низоми ҳуқуқии миллии мо бояд дар заминаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ бунёд карда шаванд.
– Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ қадамҳои устувор ниҳода, газандёбии таърих, фарҳанг ва манфиатҳои миллиро дар раванди ҷаҳонишавӣ мавриди ҳифз қарор дода истодааст. Аммо аз нигоҳи мо бунёди давлати миллӣ бидуни баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ғайриимкон мебошад. Бо ин мақсад, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» саривақтӣ буда, заминаи воқеиро дар самти бедории ҳувияти миллӣ ба вуҷуд меорад.
– Озодии фалсафӣ, ки дар заминаи низоми сиёсии демократӣ бештар рушд намуда, зеҳну ақли ҷомеаи инсониро ба худ ҷалб намудааст, дар ҳолатҳои зарурӣ бояд ба озодии ҳуқуқӣ табдил дода шавад. Зеро мутлақият додан ба озодии инсон боиси ба вуҷуд омадани арзишҳои ғайриинсонӣ гардида, имконияти таъсири манфӣ расондан ба Истиқлоли давлатӣ ва ахлоқи ҷомеаро дорад. Аз ин нигоҳ, ҳангоми муайян намудани сарҳади озодии инсон, он набояд ҳамчун поймолсозии озодии ӯ баҳогузорӣ шавад.
– Аз мазмун ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ бармеояд, ки манфиатҳо ба се гурӯҳ – манфиатҳои шаҳрванд, ҷомеа ва давлат ҷудо шудаанд. Аз нигоҳи мо, дар сурати ба ҳам тавъам гардидани ҳар се гурӯҳи манфиатҳо имконияти воқеӣ фароҳам меояд, то арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ҳифз шуда, ҳадафҳои миллӣ татбиқ шаванд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи муқаррарнамудаи қонун амалӣ гарданд.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ,
Некрӯз САФАРЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ