Бо омадани баҳори фархундапай дар деҳот анъанаи ҷуфтбаророн то ҳол мавқеи худро гум накардааст. Асрҳои аср ин анъанаи аҷдодӣ дар мо чун мероси гаронбаҳои арзишманд давом ёфта истодааст. Имрӯз ин анъана мутобиқи замони муосир гашта бошад ҳам, то ҳол мазмуни асосии хешро гум накардааст. Мувофиқи маълумоти пирони деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич, аслан, ҷуфтбаророн санаи 3-юми март ташкил гардида, чор барзаговро дар маркази деҳа бароварда, шохашонро равған мекардаанд.
Баъд бо дуои мӯйсафедон деҳқонон ба замин дона мекоштаанд ва бо барзаговҳо ҷуфт меронданд. Агар барзагов ҷуфтро нағз кашад, (бемонеа, замин ях набошад) ба киштукор оғоз мекардаанд. Вагарна муддате мунтазир шуданро маслиҳат медодаанд. Аҳолии деҳа ҳар кас «бозёфти бечорагии» хешро бароварда, дар деги калон «оши дарвешон» мепухтанд. Боз анъанаи аҷибе доштаанд, ин мардум. Ҳар кас аз хона як коса барои хӯрокхӯрӣ меовардаасту баъди тановули хӯрок косаро пушт бар санг гардонда ҳаво медодааст, то коса пора-пора гардад. Ин ҳолатро ҳар кас ба таври худ тавзеҳ медод. Яке Илоҳо дар баҳори нав орзуҳоям шиканад, гӯяд, дигарӣ ғаму андуҳ пушти сар монад, мегуфтааст.
Ин анъана дар дигар деҳаҳои ноҳия низ риоя мешудааст. Масалан, дар деҳаҳои ба маркази ноҳия наздик аз ин анъана ҳамчун оғози киштукори деҳқон ёдовар шуда, инчунин, гуфтанд, ки на танҳо гандуму ҷавкорӣ балки барои ниҳолшинонӣ низ оғози мавсим ба ҳисоб меравад.
Мӯсо Розиқови 85-сола ҷуфтбароронро яке аз маросимҳои қадимаи тоҷикӣ хонда, чалпакпазиро хоси ин маросим ном бурд. Ба нияти ҳосили фаровони сол, барзаговҳоро ба ҷуфт мебастанд, аз он чалпаке, ки аҳли диёр ба ин маросим пешкаш мекарданд, ба барзагов медоданд, ба шохҳояш низ чалпак меовехтанд. Аҳолии деҳа аз захираҳои хонаводаи худ мавизу чормағз, меваҳои қоқу дигар шириниҳоро ба дастархони умумӣ мегузоштанд.
Абдураҳмон Иброҳимови 95-сола дар ин бора ба мо маълумоти васеътарро пешниҳод намуд. Аввали баҳор кори деҳқон аз ҷуфтбаророн оғоз меёбад. Баҳорро гузаштагони мо «сари сол» меномиданд. Аз ин рӯ, наку омадани оғози солро аз омадани баҳор пешгӯӣ мекарданд. Нақшаҳои яксоларо дар ҷуфтбаророн мекашиданд. Вазифаҳои сӯфӣ, чӯпон, подачӣ, раиси маҳалла ва дигар масъулиятҳои ҷомеаро ба дӯши шахсони арзанда бо таклифу пешниҳод ва розигии аҳли деҳа тақсим карда, корҳои ҷомеи деҳотро ба танзим медароварданд. Нархи ҳаққи хизмати сартарош ва дигар хизматрасониҳоро муайян мекарданд. Пештар ҳам чун ҳозира чалпак мепухтанд, ба барзаговҳо чалпак дода, шохашонро равған мекарданд. Ҳар оила ба маросим чалпак меовард, аҳолӣ ҳама якҷоя дастархони калон ороста, омадани баҳорро ҳамин тавр пешвоз мегирифтанд. Аввалҳо аз 1 то 3-юми март ҷуфтбаророн мекарданд ва ин санаҳоро чӣ хеле ки дар боло қайд кардем Соли нав меномиданд. Аҳолии деҳа маслиҳатҳои худро барои як сол дар ҳамин маросим мекарданд. Таклифу пешниҳод ва муаммоҳо ба миён гузошта шуда, барои ҳаллашон ба шахсони пуртаҷриба ва мутахассисон рӯй меоварданд. Домулло ва мӯйсафедони деҳа даст ба дуо кушода, баҳори пурфайзу баракат, дастархони пурнеъмат ва тани сиҳату осмони мусаффо ва тинҷиву осудагиро аз Худованд мепурсиданд. Баъд аз чунин посухҳои аҷибу пурмазмун, ба хулоса омадам, ки ҷуфтбаророн – анъанаи ниёгони мо якбора якчанд вазифаро иҷро мекард: маҷлиси умумии деҳа, шурои маҳалла, машваратгоҳи намояндагони соҳаи кишоварзӣ, маҷлисе, ки додугирифти молиявии деҳаро ба танзим медарорад. Дар мисоли «ба орзуҳо расидан» ва «шикастани коса» як маросими психологии манфиатбахш барои бо руҳияи баланд зиндагиро давом доданро дидан мумкин аст.
Дар замони муосир новобаста аз рушди соҳаҳо ва ҳусну мазмуни дигар гирифтани чандин анъанаву маросимҳо анъанаи ҷуфтбаророн то ҳол мавқеи худро гум накардааст, зеро мардуми тоҷик аз қадим кишоварзиро пешаи асосии хеш кардааст. Кишоварзро, бешак, ҷуфтбаророн ба кор мебарорад ва ин анъанаи ниёгон имкон медиҳад, ки дарди мардум, муаммоҳои мардум омӯхта шуда, аҳлона мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Озода НАБИЕВА, ноҳияи Деваштич