Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9-уми марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз лиҳози аҳамият, мазмуну муҳтаво, таҳлил, вазифагузорӣ ва дастуру супоришҳо пас аз Паём (28-уми декабри соли 2023), ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуда буд, барномаи хеле муҳиму сарнавиштсоз маҳсуб меёбад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқа ва низоъҳои диниву мазҳабӣ, доман паҳн кардани ифротгароии динӣ, сиёсати духӯраи абарқудратҳо нисбат ба терроризм ва гурӯҳҳои ифротгаро тақозо менамояд, ки ин масъалаҳо мавриди таҳлил, натиҷагирӣ ва роҳи ислоҳи баъзе мушкилоту камбудиҳои дар самти мазкур ҷойдошта баррасӣ ва вазифаҳо муайян ва мушаххас гарданд. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Истиқлолият барои эҳёи расму суннатҳои миллӣ, маросимҳои динӣ, аз ҷумла ҷашнҳои миллӣ: Наврӯз, Меҳргон, Тиргон, Сада ва идҳои Рамазону Қурбон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ шароити мусоидро фароҳам овард. Дар суханронии худ Сарвари давлат бар он ишора намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷашни бархе аз шахсиятҳои машҳури ҷаҳони ислом ва дигар мутафаккирони маъруф баргузор гардида, Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума ва се маротиба нашр шуда, тафсирҳои муътабартарин ва осори донишмандони бузурги ислом дастраси мардум шуданд. Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла озодии виҷдон, имон ва пайравӣ ба дину мазҳаб тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, ин арзишҳо зери ҳимояи давлат қарор доранд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди муносибати неку хайрхоҳонаи давлат нисбат ба ҳамаи пайравони дину мазҳабҳо ва пуштибонӣ аз онҳо дар ҷомеаи мо солҳои охир баъзе падидаҳои хатарафзо, нигаронкунанда, густариши таассубу хурофот, тафриқаандозӣ ва ифротгароии динӣ, риоя нашудани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба назар мерасанд. Дар ин суханронӣ як падидаи хатарафзо – ба сиёсат гаравидани дин ва ба дин гаравидани сиёсат таъкид шуд. Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ ва хатарнок буда, дар таълимоти аслии ислом вуҷуд надорад, зеро мағзу моҳияти ислом ақлу дониш омӯхтан, тарбия, имону эътиқод, яктопарастӣ мебошад. Зикр шуд, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, амнияту оромӣ ва суботи ҷомеа тақозо менамояд, ки талаботи қонунҳои давлати дунявӣ риоя шуда, ба арзишҳои динӣ бояд оқилона муносибат намуд. Ҷанбаҳои созанда, муттаҳидкунандаи дини мубини исломро таблиғ намуда, пеши роҳи ҳама гуна тафриқаандозӣ, ифротгароиро қатъиян гирем. Президенти кишвар дар ин хусус ошкоро таъкид намуданд: “Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем. Чунин бетарафӣ ҳам барои давлат, ҳам барои миллат бо чи гуна ҳодисаву фоҷеаҳо боис мегардад, насли калонсоли кишвар ва аксари дар ин толор нишастагон медонанд”. Яке аз сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маҳз истифодаи ғаразноки эҳсосоти динии мардум ва бетарафиву бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат буд. Дар суханронии Президент доир ба ҳолатҳои ғайриқонунии машғул шудан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, даст задан ба амалҳои авомфиребӣ, фолбинӣ, ҷодугарӣ, табобат бо дуову тумор ва дигар кирдорҳои ношоиста аз ҷониби баъзе муллоҳо ва ходимони дин мисолҳои мушаххас оварда, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Пешвои миллат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки пеши роҳи чунин амалҳои носавоб ва ношоиста гирифта шавад. Ба тамоми сохторҳои мақомоти давлатӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дастуру супориш дода шуд, ки барои пешгирӣ намудани ифротгароӣ, хурофотпарастӣ, қонуншиканӣ амалҳои аз одобу ахлоқи ҳамида берун, чораву тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Пешвои миллат таваҷҷуҳи тамоми сохторҳои марбута, масъулон, омӯзгорон ва волидайнро ба риояи қатъии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб намуданд.
Бо дарназардошти масъулияти бузурги падару модар дар тарбияи маънавию ахлоқии фарзандон Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд” тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, бо таҳрири нави ҷавобгӯй ба талаботи замон қабул карда шаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳим дар самти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ пешгирии фарҳанги бегона, бегонапарастӣ дар истифодаи сару либос ва рафтору кирдор мебошад. Дар ин маврид зимнан таъкид гардид, ки ислом либос наовардааст, либоси хос надорад, балки ҳамаи қавму миллатҳо либоси миллии худро ба шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанд. Намояндаи ҳар як миллатро бо забон, фарҳанг, суннат, одобу ахлоқ ва шаклу услуби либоспӯшиаш мешиносанд. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ мо пеши роҳи воридшавии либосҳои ба ном динӣ, урфу одат ва фарҳанги бегонаро бояд бигирем. Инчунин, тақлид, хурофот, бегонапарастиро қатъиян маҳкум намоем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки суханронии Пешвои миллат бо фарогирии масъалаҳои муҳим як барномаи хеле фаррох, пурмуҳтаво барои муайян намудани роҳи ҷомеа ба фардои дурахшон, ҳуҷҷати калидӣ дар самти муайян намудани ғоя, андешаи миллӣ, мафкураи миллӣ ва давлатӣ маҳсуб меёбад.
Шавкат ШАРИФОВ,
Иброҳим ҶАББОРЗОДА,
номзадҳои илмҳои таърих,
дотсентони ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров