Хайрхоҳиву хайрандешӣ, эҳсонкориву саховатмандӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонист, ки шахсро миёни аҳли ҷомеа муътабар мегардонад. Боиси сарфарозист, ки имрӯзҳо дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар шахсони саховатманд бо дастгирии ятимону барҷомондагон ва пиронсолон, инчунин, бунёду навсозии иншооти гуногун дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беш аз пеш обод шудани Ватни азизамон саҳми шоиста мегузоранд.
Махсусан, анҷоми корҳои хайр дар моҳи шарифи Рамазон савобу самараи зиёд дорад. Дар робита ба ин, 9-уми март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин чунин иброз доштанд: «Ду гурӯҳи одамон ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаҷ нараванд: аввал, ашхосе, ки хизмати падару модарро адо мекунанд, бахусус нафароне, ки волидайни дастнигару мунтазир, яъне маъюб, пиронсол ва нодор доранд. Дигар, ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, амсоли роҳу мактабсозӣ, об гузарондан, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад ва ин аъмол ба садақаи ҷория дохил мешавад». Баъдан, илова карданд: «Адои умра ба шахс танҳо савоб меораду халос ва муъмин метавонад дар Ватани худ савоби аз он ҳам бештарро бо амалҳои некаш пайдо намояд».
Вобаста ба ин таъкиди Сарвари давлат, метавон амали хайри соҳибкори муваффақ, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Хизралӣ Мавлоновро зикр намуд, ки маблағи ҷамъкардаашро барои бунёди пули мошингузар бо дарозии 10 метр харҷ кардааст.
– Бо барор гирифтани фаъолияти соҳибкориям тасмим гирифтам, ки сафари ҳаҷ кунам. Дар зимн, боре ба хотири аёдати хешовандонам, хостам, ки ба деҳи ҳамсоя биравам. Чун назди пули одамгузари деҳаи Яхшори деҳоти Лангардара расидам, манзараеро дидам, ки боиси ташвишам гардид. Сокинони деҳа, бахусус занону кӯдакон, ҳангоми гузаштан аз пули чӯбини куҳнашуда, тарсу ҳароси зиёд доштанд. Он рӯз аз раъйи худ даст кашидаму ба худ гуфтам: «Ҳаҷ куҷо меравӣ, ки инҷост ҳаҷҷи ту», – иброз дошт Х. Мавлонов.
Пас, дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба бунёди пули мошингузар оғоз кард. Он дар зарфи як сол ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ ба итмом расид.
– Ба ростӣ, пас аз тамошо кардани суханронии Роҳбари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли дин, бори дигар мутмаин шудам, ки аз садақаи ҷория дида, кори хайртаре назди Худои мутаол буда наметавонад, – афзуд ӯ.
Ба ин маънӣ, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист». Ин амали хайре, ки аз ҷониби Хизралӣ анҷом гирифт, рафтуомади сокинони деҳаҳои Яхшор, Оҳангарон ва Кулакоро бамаротиб осон кард. Ғайр аз ин, ӯ ба ҳар оилаи ниёзманди деҳа дасти ёрӣ дароз карда, бо маводи мавриди ниёзи аввал онҳоро таъмин менамояд. Инчунин, дар бартараф кардани ҳар гуна мушкилот ёвару мададгори мардум аст. Айни замон Хизралӣ Мавлонов тасмим гирифтааст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар намудани рафтуомади сокинон роҳи валангоршудаи деҳаи Яхшорро асфалтпӯш намояд.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»