1-уми апрел чун анъана дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Файзобод маросими тантанавии гусели даъватшудагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси ноҳия барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан – Модар ба ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.
Зикр шуд, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бамаврид қайд намуданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад”.
– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ин самт корҳои муҳимро ба анҷом расондааст. Ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватанпарвариву худшиносии миллӣ, сатҳи маърифату донишандӯзӣ, рушду такомули маҳорату малакаи ҷавонон мусоидат карда, дар ҳама маврид ташаббусҳои ҷавононро дастгирӣ хоҳад кард гуфт, – Мансур Каримзода.
Ҳамзамон, роҳбарияти ноҳия ба волидоне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон кард, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ноҳия ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”