Солҳои охир тағйирёбии бесобиқаи иқлим ба назар мерасад. Бинобар ин, аҳолии кишварҳои ҷаҳон ба душвориҳои гуногун мувоҷеҳ мешаванд. Баъзе давлатҳо гармӣ ва хушксолии бесобиқаро аз сар мегузаронанд. Мувофиқи тадқиқот, болоравии ҳарорат боиси афзоиши маҷмуи бузургии бухоршавӣ мешавад. Мутаносибан, ҳар қадар маҷмуи бузургии бухор афзояд, ҳамон қадар об дар сатҳи хушкӣ кам мемонад ва баръакс. Масалан, ба чунин ҳолат баҳри Арал дучор гардидааст.
Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳаташро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, аз ҷиҳати шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Пиряхҳои кишвари мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд мегарданд. Дар натиҷаи гармшавии иқлим аз 14 ҳазор пиряхи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1000 пирях об шудааст. Агар то ибтидои асри ХХ ёздаҳ фоизи худуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол мекарданд, ин нишондиҳанда дар нимаи аввали асри ХХ ҳашт фоиз ва дар интиҳои асри гузашта ба шаш фоиз расид. Агар раванди мазкур густариш ёбад, он гоҳ то соли 2050 бисёр пиряхҳои то як километри мураббаъ масоҳатдошта пурра нобуд гардида, майдони зери ях карордошта 20-25 фоиз кам мешавад.
Яке аз пайомадҳои даҳшатборе, ки дар натиҷаи гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим ба миён меояд, ин обшавии пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ мебошад. Обшавии пиряхҳо (материкӣ ва кӯҳӣ) пайомадҳои зеринро ба бор меоранд:
- таъсир ба иқлим, яъне ҳаракати ҷараёнҳои уқёнусӣ тағйир ёфта, тӯфонҳои азими обӣ ба миён меоянд;
- як қатор намудҳои биоорганизмҳо нобуд мегарданд;
- коҳишёбии оби ошомиданӣ;
- камшавии обҳои зеризаминӣ;
- аз байн рафтани кӯлҳои баландкӯҳию миёнакӯҳӣ.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра гузаштан ба идораи захираҳои об ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ дар сатҳи милливу минтақавӣ саъю талош дорад. Дар зимн, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба сифати раисикунанда дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар таъкид намуд, ки дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳими байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард.
Хайрулло ИСМОНОВ, омӯзгори МТМУ №50-и ноҳияи
Муъминобод, Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА, докторанти PhD